Зинаҳои камолот
Зинаҳои камолот
Роҳи зиндагӣ ноаёну пурпечутоб аст. Овони бачагӣ кас намедонад, ки такопӯи рӯзгор, ҷустуҷӯи нону насиба ӯро аз куҷо то куҷо мебарад. Муҳаммад низ бо тақозои тақдир дар деҳаи Деҳҳоҷии ноҳияи Бухоро дар хонадони оддӣ – падараш ронанда, модараш колхозчӣ чун фарзанди дуюми оила ба дунё омада, байни додарону хоҳарони меҳрубон меҳнатдӯстона ба воя расид. Аввал дар мактаби ҳаштсолаи ҳамон вақт тоҷикии ба номи Садриддин Айнии зодгоҳ таълиму тарбия гирифт. Баъд таҳсилро дар таълимгоҳи миёнаи деҳаи ҳамсоя — Кӯшки Сафед идома дод. Пас аз хатми он дар техникуми тиббии Бухоро хонда, соҳиби касби фелдшерӣ гардид. Баъди хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳ баргашт. Гуфтан ҷоиз аст, ки деҳаи онҳо дар атрофи шаҳри Бухоро воқеъ гаштааст. Аз ин рӯ фаъолияти меҳнатии Муҳаммади ҷавон дар «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳр оғоз ёфт. Вай дар ин ҷо акнун як сол кор карда буд, ки ба мактаби деҳа даъват карданд.
– Дар мактаб омӯзгори таълими ҳарбӣ надорем. Дар комиссариати ҳарбии ноҳия шуморо ба ин кор тавсия карда «аз ӯ беҳтарашро ёфта наметавонед» гуфтанд, – ба мақсад гузашт директор.
Муҳаммад аз ин таклифи ногаҳонӣ аввал ҳайрон, баъд хурсанд шуд. Охир, дар мактабе, ки он ҷо даҳ сол сабақ омӯхтааст, кор ҳамроҳи устодон ва шуғл бо фарзандони деҳа магар боиси ифтихор нест?!
Ҳамин тариқ, Муҳаммад Исматович даҳ соли расо ба таълиму тарбия ва омодагии наврасон ба хидмати ҳарбӣ саҳми арзанда гузошт. Дар айни замон шӯъбаи географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухороро ғоибона хатм кард. Соли 1982 ҷавонмарди пурғайрат М. Аҳмедовро ба кори хоҷагии ҷамоавӣ даъват карданд. Вай дар он ҷо ҳамчун мудири клуб, ҷонишини раиси хоҷагӣ оиди корҳои маданият, маънавият ва маърифат, котиби комитети ҳизбии хоҷагӣ фаъолият нишон дода, зина ба зина камол ёфт.
Шоҳроҳи саодат
2 феврали соли 1988 дар саҳифаҳои китоби умри марди меҳнатдӯст М. Аҳмедов ҳамчун оғози давраи нав – фарорасии марҳилаи корнамоиҳо сабт ёфт. Ӯро раиси хоҷагии ширкатие, ки худи Муҳаммад дар оғӯши он ба воя расидаасту вай дар вилоят калонтарин маҳсуб меёфт – «Маданият» интихоб карданд. Ин боварӣ, масъулияти калони роҳбарӣ хобро аз чашмони Муҳаммади 39-сола рабуд. Ҳарчанд вай дар муҳити пахтакорию зироатпарварӣ нумӯъ ёфт, ба маслиҳатҳои пахтакорони пуртаҷриба, деҳқонони асили ҳудуд Шодӣ Тошев, Икром Ҳамроев, Мардон Шарифов, Тоҳир Элназаров ва дигарон такя намуда, на фақат комёб гардид, балки дар ин соҳа ҳосилнокии пахтаро аз 33 сентнерӣ ба 53 сентнерӣ бардошт. Он гоҳ ин натиҷа на фақат дар миқёси вилоят, балки дар республика болотарин буд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар давоми 18 соли сарварии М. Аҳмедов ҳар сол нақшаҳои шартномавии ба давлат фурӯхтани зироати пахтаю ғалла пурра иҷро шудааст. Беҳуда нест, ки солҳои 1996-2006 ҷараёни кори деҳқонони ин хоҷагӣ дар вилоят ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадами ғаллаю пахтакорӣ эътироф гардида, роҳбарону мутасаддиёни соҳа ин ҷо омада асрори деҳқонӣ меомӯхтанд. Сарвари хоҷагӣ Муҳаммадака ба мушовири асосии ҳокими вилоят оиди масъалаҳои кишоварзӣ табдил ёфта буд. Хусусан солҳои камобӣ роҳу усулҳои истифодаи сарфакоронаи обро деҳқонон аз ӯ меомӯхтанд. Кор ба дараҷае расид, ки Муҳаммад Исматовичро ҷонишини ҳокими вилоят оиди масъалаҳои кишоварзӣ меномиданд. Бешубҳа, муваффақиятҳои пай дар пай имконият додааст, ки дар ҳаёти хоҷагӣ як қатор дигаргуниҳои назаррас рӯй диҳанд. Сохта шудани заводҳои пахтаю консерв, корхонаи шир, бо кор таъмин шудани бештар аз сад нафар сокинони ҳудуд, бунёд шудани маҷмӯи спортӣ ва бо шарофати он аз байни ҳамдеҳагон ба воя расидани чемпионҳои Осиё, Аврупо ва ҷаҳон оид ба гӯштину дзюдо аз қабили Собир Қурбонов, Шӯҳрат Очилов, Акобир Қурбонов, Ҳасан ва Ҳусен Мавлоновҳо, Рауф Болтаев ва дигарон ба ин мисоли равшан аст.
Маҳалла – мактаби демократия
Ба М. Аҳмедов лозим омад, ки ҳамчун раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи калонтарини ноҳия – «Работи қалмоқ» низ фаъолият нишон дода, баҳри ободию осоиштагии деҳаҳои Деҳҳоҷӣ, Янгиобод, Ёбухона, Тикончӣ ва Шехон ба ибораи дигар баҳри беҳбудии тарзи зиндагии зиёда аз 16 ҳазор аҳолии ҳудуд саҳм гузорад, маҳалларо ба маскани соҳибкорӣ табдил диҳад, баҳри ҳамҷиҳатию аҳлу тифоқона зистани сокинони маҳалла, мустаҳкамию фаровонии оилаҳо, тарбияи ҷавонон ва ҳалли масъалаҳои эшон аз қабили бошуғлфарогирии онҳо чораҷӯӣ намояд. Ҳар гуна ташаббус: ободгардонӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуд, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, кӯмаки моддӣ ба эҳтиёҷмандон, мувофиқи рӯҳи замон камхарҷу хоксорона гузаронидани тӯю маъракаҳоро дастгирӣ намояд.
Хоҷагии фермерӣ – ҳамқадами замон
Деҳқони асил, ки аз рӯҳи замон, ҷараёнҳои навсозӣ огоҳ буд, медонист, ки фурсати ислоҳсозии хоҷагии қишлоқ, пеш аз ҳама ташкил намудани самтҳои нави хоҷагидорӣ фаро расидааст.
Аз ин рӯ, дар соли 1997 вай ба хоҷагии фермерии пахтаю ғаллакории «Маданият Муҳаммад Исмат» асос гузошт. Ин хоҷагӣ, ки дорои 122 гектар майдони пахта ва 74 гектар замини ғалла аст, ҳар сол нақшаи истеҳсол ва ба давлат фурӯхтани зироати пахтаю гандумро бомуваффақият ба сомон расонда, аз ҳар як гектар майдон ба гирифтани 40-43 сентнерӣ пахта ва 65-71 сентнерӣ ғалла ноил мегардад. Хоҷагӣ 31 нафар аъзо дошта, тракторчиён Ато Азимов, Хуршед Тошев, обмонҳо Шавкат ва Шариф Элмуродовҳо, Ориф Рӯзиев, коргарон Чарос Нишонова, Фирӯза Ширинова ва дигарон кайҳост, ки ба пушту паноҳи хоҷагии фермерӣ табдил ёфтаанд. Соли равон низ меҳнатдӯстони асили хоҷагӣ чун ҳамеша комёб гардида, ба давлат пилла, ғалла ва пахтаи фаровон армуғон карданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки хоҷагии фермерӣ кайҳо соҳиби техникаи худ буда, онҳо на фақат мушкилкушои корҳои хоҷагӣ, балки ёрирасони дигар хоҷагиҳои фермерӣ низ мебошанд.
Муҳаммадака на фақат деҳқони пуртаҷриба, роҳбари чашмикордон, инсони соддадили ширинсухан, балки вай олими нуктасанҷ, пахтакори навовар, яке аз муаллифони пахтаи навъи «Иқтидори Ҷондор», номзади илми кишоварзӣ аст.
– Имрӯз он хоҷагиҳои фермерие, ки фақат бо рӯёндани пахтаю ғалла маҳдуд мемонанд, оянда надоранд, – арзи дил намуд Муҳаммадака.
– Аз ин рӯ мо «Маданият Муҳаммад Исмат»-ро ба хоҷагии фермерии серсоҳа, яъне баробари ғаллаю пахтакорӣ ба чорвопарварӣ, моҳидорӣ, занбӯриасалпарварӣ табдил додем, илова ба ин бо ҳамкории писарам Рашидҷон барои бинокорон корхонаи оҳаксангбурриро ба роҳ монда, даҳҳо нафар ҳамдеҳагонамонро бо кор таъмин кардем, – гуфт вай.
– Кайҳост, ки мо ҳамчун истеҳсолкунандаи ашёи хом шинохта шуда будем, – ӯ суханашро идома дод. – Ташкил ёфтани кластерҳо имконият медиҳад, ки акнун аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр ҳама корро худамон иҷро кунем. Ин боиси якчанд баробар афзудани даромад мегардад. Масалан, агар як килограмм нахи пахтаро ба се доллар мефурӯхта бошем, акнун аз ин миқдор нах чорто курта тайёр карда ҳар кадоми онро даҳ долларӣ фурӯшем, ҷамъ чил доллар мешавад. Мебинед, тафовут аз куҷо то куҷост?!
Эҳёи навъҳои харбуза
Агар мо М. Аҳмедовро яке аз эҳёгарони навъҳои азбайнрафтаи харбузаи бухороӣ гӯем, муболиға намешавад. Зеро ӯ солҳост, ки дар полизи 5 гектараи хоҷагии фермерӣ бевосита худаш меҳнат карда навъҳои баргинай, шерозии сафед, лӯбиёӣ, кабуд ва ғайраро рӯёнда, баҳри аз байн нарафтани онҳо ғайрат мекунад. Вай даҳсолаҳост, ки дар озмуни вилоятии «Сайли харбуза» бо маҳсули дастонаш иштирок намуда, борҳо ғолиби озмун гаштааст. Таҷрибаи кории вай дар ин соҳа дар китоби «Агротехникаи навъҳои бухороии харбуза», ки омодаи нашр гаштааст, ифода ёфтааст.
Подоши меҳнат
Ҳар кӣ н-омӯхт,
аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад, зи ҳеҷ
омӯзгор.
Ҳақ ба ҷониби Рӯдакии бузург аст. Дар ҳақиқат худи рӯзгор омӯзгори бузург ва беҳамтост. Вай мӯъҷизаофар буда, бо иқтидори ғайриоддии худ одамонро ба ҳайрат меоварад. Ба ин роҳи зиндагии М. Аҳмедов мисол шуда метавонад. Эътибор диҳед: вай кадом соҳаро пеша карду рӯзгор ӯро то куҷо овард. Аҷибаш дар он, ки тоифае дар риштаи кишоварзӣ таҳсил гирифта соҳиби маълумоти олӣ бошанд ҳам, мӯҳтоҷи маслиҳату раҳнамоиҳои Муҳаммадака мебошанд. Азму кӯшиши шахсӣ, сахтгирию серталабӣ нисбат ба худ, масъулиятшиносию меҳнатдӯстӣ, боварӣ ба иқтидори худ, садоқат ва муҳаббат ба халқу Ватан, некандешию накӯкорӣ барин фазилатҳои фардӣ ӯро сӯи қуллаҳои баланди зиндагӣ раҳнамун сохт ва комёб намуд. Сазовори медали «Шӯҳрат», ордени «Меҳнат шӯҳрати», депутати Олий Маҷлис, унвони «Корманди шоистаи хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон» гардидани вай аз меҳнати софдилона ва самараноки ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Соли ҷорӣ дар арафаи 30-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ бо мукофоти волотарини Ватан – унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» тақдир ёфтани М. Аҳмедов дили ӯро аз нав ҷавон кард ва сӯи фатҳи қуллаҳои навбатӣ рӯҳбаланд намуд.
Андешаҳои қаҳрамон
«Панҷ соли охир азнавсозию дигаргуниҳое, ки таҳти роҳбарии Президент ба амал омад, боварии мардуми моро ба рӯзгори пурсаодати оянда афзуд. Ислоҳоти пай дар пай бобати рӯйи об баровардани орзую умедҳои одамон, саъю ҳаракат бо мақсади таъмини адолат, эътибор ба ояндаи мамлакат – ҷавонон, ислоҳоти соҳаи таълим самараи худро медиҳад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.