Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 сентябр ба минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» дар вилояти Фарғона ташриф овард.
Дар ин ҷо аввал тақдимоти лоиҳаҳо оид ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои рушди маҷмӯии шаҳрҳои Қӯқанд ва Марғелон баргузор гардид. Аз ҷумла, ба ин ду шаҳр дар се соли оянда аз институтҳои байналхалқии молиявӣ ҷалб намудани 1 миллиарду 354 миллион доллар кредити имтиёзнок ба нақша гирифта шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки он ба се самт – ривоҷ додани саноат ва соҳибкорӣ, такомули объектҳои инфрасохтор ва ҳам сохтмони иморатҳои иқоматии бисёрошёна харҷ гардад.
Дар шаҳри Қӯқанд бо мақсади рушди саноат ва соҳибкорӣ ҷалб намудани маблағ ба миқдори 510 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Инчунин барои инкишофи хоҷагии қишлоқ 63 миллион, барои лоиҳаҳои хидматрасонӣ ва сервис 31 миллион доллар равон намудан дар назар дошта шудааст. Дар шаҳр дар доираи барномаи кӯмаки молиявӣ ба соҳибкорон аз муассисаҳои байналхалқии молиявӣ ба миқдори 500 миллион доллар сармоя азхуд карда мешавад.
Дар шаҳр барои инкишофи объектҳои инфрасохтор харҷ намудани 124 миллион доллар дар назар дошта шудааст. Аз ҳисоби ин маблағ такмил додани шабакаҳои оби ошомиданӣ ва обрасонӣ, низоми гармидиҳӣ, такомули роҳҳои автомобилгард, инчунин таҷдиди шабакаҳои электр ва газ дар маҷмӯъ татбиқи 90 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.
Барои инкишоф додани фонди имороти иқоматӣ дар ҳаҷми 220 миллион доллар сармоя ҷалб гардида, иморатҳои нуҳошёна 17-то, 12 ошёна 36-то, 16 ошёна 65-то барпо мегардад.
Барои мадади молиявии сектори соҳибкории хусусӣ ва тиҷорати хурди шаҳри Марғелон 300 миллион доллар равона карда мешавад. Маблағе, ки барои соҳаҳои саноат, хоҷагии қишлоқ, хизматрасонӣ ва сервис ҷудо мегардад, барои дар шаҳр барпо намудани иқтидорҳои истеҳсолии нав, рушд бахшидани соҳибкорӣ, беҳсозии фаровонии аҳолӣ имконият фароҳам меорад.
Дар Марғелон барои инкишофи инфрасохтор 87,6 миллион доллар, барои сохтмони манзил 110 миллион доллар маблағ харҷ мегардад. Дар солҳои наздик дар ин шаҳр 12-то иморати нуҳошёна, 54-то 12 ошёна, 16-то 16 ошёна бунёд гардида, эҳтиёҷи аҳолӣ пурра қонеъ гардонда мешавад. Ҳамин тариқ, дар ду шаҳр шаҳракҳои нави ба худ хос барпо мегарданд.
Роҳбари давлат, дар ҳоле ки бо лоиҳаҳои сохтмони иморатҳои иқоматӣ шинос мегардид, таъкид кард, ки онҳоро дубора таҷдиди назар кардан, таҳияи инкишофи панҷсолаи шаҳрҳои Қӯқанд ва Марғелон зарур мебошад.
– Дар қадами аввал бояд донист, ки дар куҷо мардум азоб мекашад, фикри одамонро бояд донист, – гуфт Президент. – Аҳолӣ кай ва дар кадом ҳудуд барпо шудани иморатро бояд бидонад. Дар баробари манзил ҷойҳои кор низ мутаносиб бо онҳо бошад. Бо ба инобат гирифтани анъанаҳои ҳунармандии фарғонагиён, имконоти ҳудуд, ташкил намудани корхонаҳои чарму пойафзор, чиннӣ, ашёҳои заргарӣ ва дигар намудҳои корхонаҳо зарур мебошад.
Президент Шавкат Мирзиёев дар Минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» бо фаъолияти ширкати муштараки «Шаффоф омадли саноат» шинос гардид.
Минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» барои васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат, дар асоси азнавкоркарди амиқи ашёи хом ва захира ташкил намудани маҳсулоти замонавӣ барои ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ ба майдони муносиб табдил меёбад.
Бино бар фармони роҳбари давлат аз 12 январи соли 2017 минтақаи саноатие, ки ташкил мегардад, қариб дар 710 гектар ҷойгир гаштааст. Дар ин ҷо барои соҳаҳои мошинсозӣ, бофандагӣ, электротехника, дорусозӣ, саноати озуқаворӣ, чарму пойафзор ва ғайра 94 лоиҳаи сармоявӣ ба қимати умумии 180 миллион доллар ба амал татбиқ мегардад.
Имрӯз 29 лоиҳа ба миқдори 52 миллион доллар роҳандозӣ гардида, қариб 1700 ҷойи кор ба вуҷуд оварда шудааст. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби резидентҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар маҷмӯъ ба қимати 407 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол гардида, ба миқдори 3,3 миллион доллар маҳсулот содир карда шуд.
Ҳоло дар ҳудуд 65 лоиҳа ба қимати 135,1 миллион доллар кор давом дорад. Дар доираи лоиҳаҳои мазкур ба миқдори 55 миллион доллар сармоя азхуд карда шуд. Дар баробари ба кор даромадани онҳо, барилова ба миқдори 3,1 триллион сӯм маҳсулоти саноатии навъҳои нав истеҳсол намудан азхуд карда шуда, мол ба ҳаҷми 120 миллион доллар содир гардида, қариб 4,5 ҳазор ҷойи кор ба вуҷуд оварда мешавад.
Президент Шавкат Мирзиёев дар ҳоле ки бо салоҳияти минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд», бо имконоти корхонаҳои он шинос мегардид, барои боз ҳам ривоҷ додани ин ҳудуд омӯхтани минтақаи саноатии «Гебзе»-и Туркияро зикр карда, таъкид кард, ки барои он интихобан ҷойгир намудани соҳибкорон зарур аст.
– Дар ин ҷо ташкил намудани шуъбаи гумрук зарур мебошад, вобаста ба маҳсулоти содиротии онҳо дар минтақаи саноатӣ истеҳсол намудани чунин намуди молро бояд тавсия диҳад. Фаъолияти тамоми минтақаҳои саноатии мамлакатро аз ин нуқтаи назар бояд таҷдиди назар кард. Чунки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ то маҳсулоти сарфакунандаи энергия, ивазкунандаи моли воридотӣ, қобили содирот истеҳсол нагардад, наметавонем рақобатбардории иқтисодиётамонро боло барем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ширкати муштараки «Шаффоф омадли саноат» дар аснои сафари роҳбари давлат моҳи майи соли ҷорӣ таҳия гаштааст, ки он бино бар барномаи сармоягузории ҳудудии рушди вилояти Фарғона дар солҳои 2019-2020 ба вуҷуд омадааст.
Дар ин ҷо соле 230 ҳазор дона дастгоҳи метан ва 250 ҳазор дона пропан, 300 ҳазор дона қисмҳои такмил ва эҳтиётӣ истеҳсол мегардад.
Дар корхонае, ки 400 нафар меҳнат мекунад, маҳсулоташ ба Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия содир мегардад.
Дар назар дошта шудааст, ки соли оянда дар корхона караҳои боркаш, аз соли 2021 бори аввал дар Ӯзбекистон истеҳсол намудани электромобил ба нақша гирифта шудааст. Ин иқтидори нав, ки якҷоя бо ширкати «Silk Road Company»-и Чин бунёд мегардад, барояш дар се гектар майдон ҷудо карда шудааст. Қимати умумии лоиҳа 30 миллион доллари ИМА буда, аз он 24 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Бинобар ҳисоб, электромобилҳои аз ҷиҳати экологӣ тозае, ки дар кишварамон истеҳсол мегардад, дар атрофи се ҳазор доллар хоҳад буд. Он дар ҳолате ки маҳсулоти нафт маҳдуд мегардад, аҳамияти муҳим касб мекунад. Электромобилҳо пас аз як дафъа қувват гирифтан, 150 километр масофаро тай мекунанд.
Дар сурати ба кор даромадани лоиҳаи мазкур, соле ду ҳазор дона электромобил истеҳсол мегардад. Ин дар баробари таъмин намудани бозори дохилии нақлиёт бо ин навъ, имкон медиҳад, ки содир карда шавад.
Роҳбари давлат маҳсулоти истеҳсоли минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд»-ро дар ин ҷо аз назар гузаронда, бо соҳибкорони Фарғона суҳбат орост.
Дар мамлакатамон барои инкишоф додани тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани субъектҳои соҳа сохтори куллан нав офарида мешавад. Доир ба соҳа як қатор фармон ва қарорҳои Президент қабул шуданд, дар се моҳи охир барои дида баромадани муроҷиатҳои соҳибкорон қабулхонаҳои Сарвазир, оҷонсиҳои тиҷорати хурд ва рушди соҳибкорӣ таъсис ёфта, монеаҳои бюрократие, ки ба пешрафти кори соҳибкорон садд мегарданд, бартараф карда шуданд.
Роҳбари давлат ҳангоми сафараш ба минтақаҳо мунтазам бо соҳибкорон мулоқот карда, муаммоҳои онҳоро мешунавад, барои аз байн бардоштани нуқсонҳое, ки ба фаъолияти онҳо монеа мешаванд, чораҳо меандешад.
Дар вохӯрии индафъаина низ Президент аз соҳибкорон хоҳиш кард, ки мушкилоти худро кушоду равшан ва ошкоро баён кунанд. Президент дар бораи фароҳам овардани муҳити тиҷорат дар ҷамъияти мо, «боз кардан»-и дасти соҳибкорон, дастгирӣ намудани ташаббусҳои онҳо фикру ақидаҳои худро изҳор кард.
– Ман киро соҳибкори ӯҳдабаро мешуморам? Соҳибкореро, ки дар ҳисобсураташ ҳадди ақалл 20 миллион доллар маблағ дорад. Замоне пайдо кардани соҳибкоре, ки 2-3 миллион доллар маблағ дошта бошад, амри муҳол буд, ҳоло бошад соҳибкороне, ки 20-30 миллион доллар пул доранд, корхонаҳои бузургро бунёд мекунанд, иқтисодиётамонро боло мебаранд, зиёд шуданд. Мо барои инкишоф додани соҳа қадамҳои аввалинро гузоштем. Ҳоло агар дар ҷамъиятамон муҳити тиҷратро ба миён оварем, ба одамон соҳибкориро омӯзонем, ба мақсади чашмдоштаамон мерасем. Шумо барои он ки дар оянда ҳам ба кишвар манфиататон расад, ба фарзандҳоятон дониши худро бояд чун мулк гузоред. Дар он сурат ҷамъият дигаргун мешавад, насле ба воя мерасад, ки дар хунаш истеъдоди соҳибкорӣ ҳаст, онҳо ҳам давлат ва ҳам халқамонро сарватманд мекунанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар мулоқот соҳибкорони фарғонагӣ гуфтанд, ки аз суҳбати самимии роҳбари давлат рӯҳ гирифтаанд, ният доранд, ки аз имкониятҳои фароҳамовардашуда истифода бурда, барои озодона кор кардан ва мулкдор шудан лоиҳаҳои беш аз пеш самарабахшро амалӣ кунанд.
Роҳбари давлати мо дар Осорхонаи алломаҳои бузурги шаҳри Қӯқанд бо фаъолони вилояти Фарғона, собиқадорон, зиёиён ҳамсуҳбат шуд. Дар он аз хусуси дигаргуниҳои соҳаи маданияту маърифат, таълиму тарбияи ҷавонон сухан рафт.
Президенти мамлакат ҳангоми сафараш ба вилояти Фарғона, ки 22 июни соли 2017-ум баргузор шуда буд, ба Осорхонаи алломаҳои бузурги шаҳри Қӯқанд рафта, барои таъмири он супоришҳо дода буд. Баъд аз он дар осорхона корҳои васеъмиқёси таъмирӣ амалӣ шуданд. Осорхона мувофиқи талаби замон муҷаҳҳаз гардид. Толорҳои осорхона васеъ ва бо воситаҳои зарурии техникӣ таҷҳизонида шуданд. Атрофи бино обод, болои он аз нав пӯшонида шуд.
Экспозитсияи осорхона аз 5 бахш иборат мебошад. Бахши якум илму фан ва маданият дар Осиёи Марказии ибтидои асрҳои миёна ном гирифт. Дар он доир ба ҳаёт, фаъолияти илмиву эҷодии Мӯсо Хоразмӣ, Абунаср Форобӣ, Абу Райҳон Берунӣ, Абӯ Алӣ ибни Сино, Аҳмад Фарғонӣ, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотурудӣ, Юсуф Хос Ҳоҷиб, Маҳмуд Қошғарӣ, Аҳмад Яссавӣ, Маҳмуд Замахшарӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ барин алломаҳои бузург маълумотҳо, нусхаҳои дастнависи нодири офаридаи онҳо ҷой гирифтаанд.
Дар бахши дувуми осорхона асарҳои таърихии оид ба илму фан ва маданияти даврони Темуриҳо, асарҳои Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Саъдидин Тафатазонӣ, Ғиёсиддин Ҷамшед, Алӣ Қушчӣ, Мирхонд ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамчунин аз осори осорхона дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти симоҳои бузурги асрҳои XVIII-XIX, ки дар водии Фарғона камол ёфтаанд, аз ҷумла Машраб, Ҳувайдо, Садоӣ, Низомии Хуқандӣ, Азимӣ, Увайсӣ, Амирӣ, Нодира, Ҳакимхон Тӯра, Гулханӣ, Фазлӣ, Муҳйӣ, Муқимӣ, Фурқат, Завқӣ, Маҳмуд Ҳаким Яйфонӣ, Ҳазинӣ метавон маълумот пайдо кард.
Дар бахши дигар бошад, ҳаракати ҷадидӣ ва ҳаёту фаъолияти намояндагони машҳури он Беҳбудӣ, Фитрат, Абдулло Авлонӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Ашӯралӣ Зоҳирӣ, Иброҳим Даврон, Ибрат васеъ равшан карда шудааст. Дар ин ҷо доир ба санъати хаттотӣ, ҳунармандии миллӣ ва зиёратгоҳҳо низ маълумот ва экспонатҳо гузошта шудаанд.
Дар бахши панҷуми осорхона мавод ва экспонатҳое, ки ҳаёт ва эҷодиёти илмии олимони бузург ва академикҳо – Қорӣ Ниёзӣ, Теша Зоҳидов, Раҳима Аминова, Пулат Қаюмов, Боқӣ, Азиз ва Лазиз Қаюмовҳо ва дигарон, ки дар асри ХХ аз водии Фарғона баромадаро инъикос мекунанд, ҷой гирифтаанд.
Дар назди осорхона маркази таълимиву ахбор бо номи «Ворисони алломаҳо» ташкил карда шудааст. Маркази мазкур барои ҷавононе, ки ба илм ва фаъолияти эҷодӣ меҳр доранд, ҳамчун мактаби маҳорат хидмат мекунад.
Дар мулоқот қайд гардид, ки дар кишвари мо барои эъзоз ва тарғибу ташвиқ кардани суннатҳои миллӣ, омӯхтани мероси алломаҳои бузург эътибори зиёд дода мешавад. Дар ин бобат баргузор шудани ҷашнвораҳои байналхалқӣ бино бар санъати бахшигӣ ва мақом аҳамияти махсус дорад. Марказҳои Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, мактабҳои бачагони соҳибистеъдоди ба номҳои Мирзо Улуғбек ва Муҳаммад Хоразмӣ ва мактабҳои эҷодии ба номҳои адибон ташкил гардиданд. Мактабҳои Президентӣ, муассисаҳои нави олӣ барои насли наврас имкониятҳои беш аз пеш фароҳам оварданд.
– Вақт бо шиддат мегузарад. Мо дар ҳар соҳа ҷустуҷӯ мекунем, муттасил саъй менамоем. Дигаргуниҳо ҳастанд, лекин онҳо ҳанӯз моро қонеъ намесозанд, – гуфт Президент.
Фаъолон қайд карданд, ки чун дар тамоми вилояти Фарғона дар шаҳри Қӯқанд низ корҳои азими бунёдкорӣ амалӣ мешаванд, ба шарофати Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ шаҳр беш аз пеш обод гардид, онҳо аз тамоми дунё ташриф овардани меҳмононро бо мамнуният зикр намуданд.
Роҳбари давлат бо ҳамдиёронамон, ки бо кайфияти идона аз паҳлӯи музейи Алломаҳои бузурги шаҳри Қӯқанд мегузаштанд, во-хӯрд. Дар суҳбати самимӣ қӯқониён ба Президент Шавкат Мирзиёев барои корҳои бунёдкориҳои бузург ва навгониҳои рухдиҳанда миннатдорӣ баён намуданд.
Матназар
ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулло
ҶОНИБЕКОВ,
хабарнигорони ӮзА.