ҚУРБОНИ ВАТАН БОШ, КИ ҚУРБОНАТ ШАВАНД

(Дар ҳошияи мусоҳибаи пурмӯҳтавои сарвари давлатамон бо сардабири рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон»)

(Дар ҳошияи мусоҳибаи пурмӯҳтавои сарвари давлатамон бо сардабири рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон»)
Дар арафаи иди 30-солагии истиқлолияти Ватан Президент бо сармуҳаррири рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» Салим Дониёров суҳбат ороста,  дар бораи бурду бохти кишвари маҳбубамон ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар солҳои истиқлолият дар мамлакатамон дар роҳи бунёди давлат ва ҷомеаи нав корҳои таърихӣ анҷом дода шуда, бо иродаи қавии мардуми далер ба дастовардҳои бузург комёб гардидаанд. Аз ҳама муҳимаш, се шохаи мустақили ҳокимият – қонунгузорӣ, иҷроия ва суд таъсис ёфта, таърихи бостонии мо, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои  маънавӣ эҳё шуданд. 
Алалхусус, чор-панҷ соли охир бо ташаббусу матонат ва қадами қатъии сарвари давлатамон рушди кишварро  ба сатҳи баландтар баровардану ислоҳоти наву муфидро ба ҳаёт ҷорӣ намудан муҳимтарин  вазифаи стратегӣ қарор гирифт. Бахусус, муносибатҳои мо бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, ҳарчӣ бештар мо вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ мегардем. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати дурбинонаи  «Харитаи роҳ» муносибату ҳамкориҳо бо мамлакатҳои ҷаҳон рӯз то рӯз таҳкиму густариш меёбанд.
Гӯё дирӯз буд, вале  аз байн се сол сипарӣ гашт. Мо, аҳли қалам, дар чорабинии кушодани гузаргоҳи Ҷартеппа – Панҷакент иштирок намуда, шоҳиди воқеаи таърихӣ гардидем. Мардуми ҳамсоя, ки тӯли беш аз 20 сол аз дидори якдигар маҳрум буданд, боз рӯ ба рӯ шуда, ашки шодӣ рехтанд. Ин натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президент аст, ки дар муносибат бо давлатҳои ҳамсоя мушкилоти рафтуо  ҳалли худро ёфтанд. Инак сарҳадҳо кушода, ако бо ука, волидайн бо фарзандон, хешу табор бо пайвандон, яъне робитаҳои кандашуда барқарору бидуни раводид (виза) равуо аз як мамлакат ба мамлакати дигар эҳё шуда, дар сиёсати ҷаҳон  ибораи «Рӯҳи Осиёи Марказӣ» пайдо гардид.
Боиси эътибор аст, ки дар Ӯзбекистон барои кулли шаҳрвандон, новобаста аз миллат, забон ва динашон пайи инкишоф додани фарҳанг, анъана ва урфу одати онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар кишвари  мо вакилони беш аз 130 миллат ва халқият чун дар оилаи муштараку аҳл осуда зисту зиндагӣ мекунанд ва барои гул-гул шукуфтани Ӯзбекистони азизу мустақил саҳми арзанда мегузоранд. «Ӯзбекистон кишвари дорои захираҳои бузург аст,   вале сарвати бузургтарини мо ин сулҳу салоҳ, эҳтироми тарафайни байни  намояндагони миллат ва динҳои мухталиф мебошад. Мо, барҳақ, бо ин сарвати бебаҳои худ ифтихор мекунем ва тамоми нерӯву имконияти давлату ҷамъиятамонро ба таҳкими муҳити дӯстӣ ва ҳамдилӣ дар мамлакат сафарбар менамоем» – бо фахр иброз дорад сарвари давлатамон.
Албатта, Ватан – зодгоҳи ба ҷон баробари мо буда, дар оғӯши пурмуҳаббати он ба камол расида, аз боду ҳавои мушкбӯяш озодона нафас мекашем. Ифтихор дорем, ки мо, тоҷикон чун узви як оила аҳлу тифоқ зиндагӣ карда, ба забони модарӣ ҳарф мезанем, таҳсил мегирем ва дар тантанаву тӯйҳо шодбош мегӯем. Ҳоло дар  Самарқанд беш аз даҳ маркази милливу фарҳангӣ фаъолият бурда, яке аз он ба мардуми таҳҷоӣ – тоҷикон марбут аст. Зеро ба қавли шоири маҳбуб устод Мирзо Турсунзода:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: