ҚУРБОНИҲОИ ҶАНГИ ФАЛОКАТБОРИ АФҒОН

Рӯзи таваллуд

– Модар!
– Ҷони модар!
– Агар маро ба аскарӣ баранд, гиря накунед, майлаш?
– Хуб шудааст, писарам. Рӯзи гусели се бародарат ҳам оби дида накардаам. Туро низ бо чеҳраи кушод гусел мекунам, бачам. 
Баъд модар чизе ба хотираш расидагӣ барин ба писар рӯй овард:
– Исто, ки чаро ту аз ман ин гуна савол мекунӣ? Ё дилат ба аскарӣ бисёр кашол аст?
– Охир ман имрӯз ҳаждаҳсола шудам. Акнун навбати хидмати аскарӣ ба ман ҳам расид, фаҳмидед? – бо ифтихор ба модар фаҳмонд писар.
– Ҳо, ин тавр намегӯӣ, бачаҷонам! Гӯр ба сари ҳамин серкории ман шавад. Муборак, муборак! – модар писарро ба оғӯш кашид ва аз пешониаш нарм бӯсид. – Илоҳо, умри дароз бинӣ ва як духтари боақлу паризодро бароят арӯс карда фарорем, – даст ба дуо бардошт модар. Баъд илова кард:
– Набошад, ту раву ҷӯраҳоятро хабар кун. Падару акаҳоят ҳам ҳамин замон аз кор омада мемонанд. Ман худам оши палав пухта, ҳамаатонро меҳмон мекунам...
 Модар ба тарафи оташдон шитофту писар ба хабар кардани ҷӯраҳояш. Чароғи хонаи онҳо то ними шаб фурӯзон буд.

Рӯзи гусел

Ҷӯраалӣ аз хоб хеле барвақт хест. Аз даричаи ҳавлӣ ба берун баромад. Ба самти муқобил рафт ва ба шилдирроси оби ҷӯйбор мушоҳидакорона нигарист. Ҳаво – софу беғубор. Насими баҳорӣ сабук мевазид. Кӯҳу пуштаҳои атроф либоси сабз ба бар карда буданд, баҳор дар теппаву фарозиҳо гӯшанишинӣ мекард.
Ҷӯраалӣ аз ҳавои софу беғубор сина пур карда нафас кашид. Баъд боло-болои сангҳо ҷаҳида-ҷаҳида, пасту боло рафт. Ба теппаи харсанги калон баромада нишасту каме нафас рост намуд. Аз он ҷо атроф чун кафи даст менамуд. Тақрибан соате он ҷо қарор гирифт ва деҳаашро бо иштиёқи том тамошо кард. Гӯё мехост бо даврони кӯдакиву наврасӣ шодбош гӯяд. Чашмонаш вайро ба сӯйи ҳавлиашон кашонид. Дар он ҷо аллакай чанд нафар гаштугузор мекарданд.
Баъд нигоҳаш аз тамошои ин манзар ба самти дарунтари деҳ тоб хӯрд. Мехост ҳамон духтаракро аз дурӣ бошад ҳам, як бор бубинад. Охир, тибқи таомули мардуми деҳааш то рафтани хостгорону фотиҳа кардани келин  вохӯрдани ӯ бо духтаре, ки таҳи чашм кардааст, дуруст нест. Дилаш кашол буд, ки ба таври рамзӣ бо ин духтари қадрасу зебои деҳаашон хайрухуш кунад. Ин дам садои бародарашро шунид, ки номи вайро гирифта, ҷеғ мезад. Ноилоҷ аз болои тахтасанги калон поён фаромад ва  ба ҳавлӣ баргашт.
Дар хонаашон аллакай хешу табор ҷамъ омада буданд. Дар он солҳо анъана буд, ки  ҳангоми ба хидмати аскарӣ даъват шудани ҳар як ҷавон тамоми хешу табор барои гусел меомаданд ва бо дуову фотиҳаи нек ба аскарбачаҳо роҳи сафед металабиданд.  
Модар сабру қарор аз даст дода буд. Мехост худро бо занҳои омадагӣ андармон созад. Дақиқаҳои гусел чӣ қадар наздик шаванд, дили модар ҳамон қадар бештар метапид. Баъд ҳама ба кӯча баромаданд. Ҷӯраалӣ бо мардҳои деҳа як-як худоҳофизӣ кард. Модар, ки дар байни анбӯҳи занҳои деҳ ин манзараро назора менамуд, рафту писарашро ба оғӯш гирифт ва ваъдаи ба ӯ додаашро фаромӯш карда ҳунгос зада гирист. Чанд қатра оби чашми ӯ чун марҷон ба сари китфони писар рехтанд.
Ҷӯраалӣ хост, ки модарашро тасаллӣ диҳад, вале гулӯяшро чизе маҳкам дошта буд. Садояш набаромад. Баъд худро базӯр аз канори модар раҳо карду Ҳоҷиалии додарашро ба оғӯш кашид ва ба гӯшаш ким-чӣ гуфт. Додарчааш ба вай нигариста табассум кард ва «ҳа, албатта акаҷон» гуфт зери лаб.
Писар ба тарафи мошин рафт ва паҳлӯи падар нишаст. Падар хомӯш буд. Фақат ба писар чанд бор синчакунон нигарист. Ҷӯраалӣ то расидан ба канори деҳа кӯчаҳоро тамошо мекард.
– Духтарони деҳи мо чӣ қадар зебоянд, – гуфт якбора ва дарҳол дарк намуд, ки паҳлӯяш падар нишастааст. Каме шарм дошту худро ноҳинҷор ҳис кард. Аммо падар  гӯё гапи ӯро нашунида бошад, худро ба нодонӣ зад.
 Ҳамон бегоҳ аскаронро аз вокзали роҳи оҳани Қӯқанд ба қаторҳо савор карда гуселониданд. Падар бо писарҳои дигари худ ними шаб ба деҳа баргашт.
Дами дар онҳоро модар пешвоз гирифт ва ҳадаҳа аз шавҳар пурсид:
– Ҷӯраалӣ ба куҷо рафт?
– Ҳанӯз ҷойи рафташ маълум нест. Дар Тошканд онҳоро тақсим мекардаанд, – кӯтоҳакак ҷавоб дод шавҳар.
Ҳама ба рахти хоб даромаданд. Зану шавҳар то субҳи содиқ мижа таҳ накарданд. 
Рӯзи парвоз

 Тибқи таомул як муддат наваскарҳоро дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ машқи низомӣ доданд. Аммо маълум набуд, ки чӣ сарнавиште ин аскаронро дар пеш аст. Дар он давра ба кишвари Афғонистон, ки навакак инқилоби саврро пушти сар карда буд, бештар ҷавононеро мефиристоданд, ки мансуби миллатҳои тоҷик, ӯзбек, қазоқ ва қирғизу туркман буданд. Дар миёни онҳо каму беш намояндагони миллатҳои дигарро низ пайдо кардан мумкин буд. 
Ҳавопаймои пури сарбозон аз майдони ҳавоии низомӣ сӯи Афғонистон парвоз кард. Ҷӯраалӣ низ сарнишини ин ҳавопаймо буд. 
Дар шаби аввал маълум шуд, ки ин кишвар танҳо рӯзона ором метобад. Шабона садои тирпаррониҳову кафидани гулӯлаҳо хоб аз чашмони Ҷӯраалӣ ва ҳамяроқонашро тамоман рабуда буд. Онҳо дарк намуданд, ки барои чӣ онҳоро ба ин кишвар интиқол додаанд.  
Ба ин тартиб, хизмати аскарии Ҷӯраалӣ дар ин кишвар оғоз ёфт. 
Дар яке аз рӯзҳои муқаррарӣ ногоҳ «бонги хатар» садо дод ва ҳама хеста, зуд либосҳоро ба бар намуданд ва саф ороста, мунтазири амр шуданд.
– Ҳама ба мошинҳои зиреҳпӯш савор шавед! – фармон дод лейтенанти калони рота.
Ҳадаҳа ҳама худро ба дохили мошини зиреҳпӯш гирифтанд. Он ба пеш ҳаракат кард ва баъди соате дар канори шаҳр таваққуф намуд.
– Ҳама аз мошинҳо берун шавед ва саф кашед, – дубора амр кард фармондеҳ.
Хушбахтона, ҳамон шаб бидуни ҳаводиси ногувор сипарӣ гардид. Фармондеҳ баъди бозгашт ба сарбозон иҷозати хобро дод. Ҷӯраалӣ либосҳояшро аз гарду чанг пок кард ва рафта сару рӯяшро дар оби сард шуст. Болои кат дароз кашида, хост ҳодисаҳои дидаашро пеши назар орад. Ба даст қаламу коғаз гирифт. Аммо аввал надонист, ки ба рӯи коғаз чӣ нависад.  Баъд «ҳар чӣ бодо бод» гуфту ба навиштан шурӯъ кард: 
«Салом падару модар ва хоҳару бародаронам! Номаи нахустинро бароятон навишта истодаам, сиҳату саломатам. Ҳаминро бояд гӯям, ки ҷудоӣ аз шумоён бароям мушкил аст. Акнун инро бештар фаҳмидам. Аз ман ташвиш накашед. Ба ёру дӯстон низ салом мефиристам. Фарзанди шумоён».
Ӯ лифофаро бо оби даҳон маҳкам карду болои сараш монд. Номаҳои баъдина низ ба ин маънӣ навишта мешуданд. Ҳатто баъди чандин амалиёти ҷангӣ мазмуни ин номаҳо тағйир наёфтанд.

Рӯзи вопасин

Взводи онҳо вазифадор шуд, ки муддати як ҳафта роҳи калони мошингузарро зери назорат  қарор медиҳад. Ин роҳ аз қисми ҳарбӣ хеле дур ва дар фарози кӯҳҳои сарбафалаккашида  воқеъ гашта буд. Ба воситаи ин роҳ маводи гуногуни низомӣ интиқол меёфт. «Мо якчанд рӯз дар қисми худ намешавем. Баъди бозгашт фавран боз менависам. Ба шароити ин ҷо хеле одат кардам. Ҷои нигаронӣ нест. Ҷӯраалӣ». Вай лифофаро ба қуттии қисм андохт.
Онҳо тавассути мошинҳои зиреҳпӯш ба ҷои вазифа омаданд. Рӯз ҳам бегоҳ шуда, ҷои худро бо торикӣ иваз менамуд. Ҳамин дам аз штаб хабар расид, ки дар наздикиҳо гурӯҳи мусаллаҳ пайдо шудааст ва эҳтимол шабона ба сангари онҳо ҳуҷум кунанд. Командир фавран сарбозонро аз вазъият огоҳ намуд ва бо дурбини шаббин атрофро бо диққат назора мекард. 
Якбора садои тирпарронӣ баланд шуд. Муҳорибаи шадид сурат гирифт. Маълум шуд, ки аъзои гурӯҳи мусаллаҳ нисбат ба теъдоди пешбинишуда бештар аст. Садои тирпарронӣ авҷ гирифт. Ҷӯраалӣ низ кӯшиш мекард, ки ҳамлагаронро ба нишон гирад. Ба сӯи онҳо чанд тир парронд. Ҳамин дам пои росташ «ҷиззӣ» кард. Эътибор надод. Аммо ҳис намуд, ки даруни мӯзааш аз хун пур шудааст. Тири дигар ба банди дасташ бархӯрда, устухонашро пора кард. Мадораш хушк шуд ва чашмонаш сиёҳӣ заданд. Илоҷе карда рӯболо хобид. Ба ёдаш деҳа, падару модар, бародарону хоҳаронаш омаданд. Ҳамин лаҳза ба назараш додарчааш намуд, ки  ба сӯяш тохта меомад. Ӯро ба оғӯш кашиданӣ шуд. Натавонист, дастонаш вазнин буданд. Дард зӯрӣ кард. Ба як дасташ такя карда ба по хестанӣ шуд. Натавонист. Ваъдаи ба додарча додааш ба ёдаш омад: «Маро мунтазир шав. Худам туро ба сайри гули олмон мебарам. Баъд модарамро табрик мекунем». Ӯ ҳанӯз рӯболо мехобид. Хуни зиёд баданашро тарк карда буд. Дар ин лаҳзаҳо боз як тири ҷонсӯз омаду синаашро шикофт... 
Ҳамон шаб тани беҷони ӯро ба қисм оварданд. Баъд тавассути ҳавопаймо ба Фарғона фиристодаанд. Аммо дар хонаашон касе аз ин ҳол хабар надошт.

Рӯзи мотам

Турдиалиака чанд рӯз муқаддам аз табобатхона баромада, ба хона баргашта буд. Баъди гирифтани доруву даво худро каме бардам ҳис мекард. Апаи Рисолат меҳмон қабул мекарду меҳмон мегуселонд. Дар ин асно касе номи Турдиалиакаро гирифта ҷеғ зад. Баромад, ки писартағояш бо мошин пушти дарвоза истодааст. Вай гуфт, ки як сари қадам бояд ба маркази ноҳия рафта оянд. Дилаш таҳ кашид. Аммо сир бой надод. Ба ҳамсараш чизе нагуфт ва ба мошин нишаст.
Мошин онҳоро рост ба комиссариати ҳарбӣ овард. Он ҷо комиссари ҳарбӣ буду шуди воқеаро ба вай гуфта дод. Охир нагуфта ҳам наметавонист. Гапе набуд, ки пинҳонаш доранд. Аз дидагони Турдиалиака ашк неву хун мечакид. Аз қисмати шум сахт нола кард. Сонӣ ба худ омад ва  ба тақдир тан дод. Хоҳиш кард, ки ҷасади фарзандашро нишон диҳанд. Тарсид, ки мабодо сандуқ холӣ бошад. Ҷисми беҷони фарзандашро диду аз ҳуш рафт...
Модар ҳам аз воқеа хабар ёфта буд. Фарзанди дилбандашро мебӯсиду мебӯсид, рӯяшро ба рӯи ҷисми беҷони писараш мемонду навҳа мекашид. Аз доду фарёд Рисолатапа беҳушу ёд шуд.
Ҷасади Ҷӯраалиро ҳамон бегоҳ ба қабр монданд. Дар сари қабр танҳо бародарон ва хешу табору аҳли маҳалла ҳозир буданд. 

Боз ду рӯзи мотам

Баъди ин воқеа саломатии Турдиалиака торафт бад шудан гирифт. Дорую дармон дигар ба ҷисми вай кора накарданд... Падарро дар паҳлӯи писар дафн намуданд. Дарду доғи фарзанд Рисолатапаро низ ба зудӣ аз пой афтонд. Дере нагузашта  вайро низ паҳлӯи шавҳару писар ба хок супурданд...

Мирасрор АҲРОРОВ,
журналист, иштирокчии
ҷанги Афғонистон. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: