Асал яке аз давоҳои маъруфи халқии барои бисёр бемориҳо буда, фоидаи онро тибби илмӣ собит кардааст
Хусусиятҳои фоиданоки асал аз замонҳои қадим маълуманд. Он барои шамолхӯрдагӣ кӯмак мекунад, кори узвҳои ҳозимаро беҳтар мекунад, захмҳоро шифо мебахшад ва ҷавониро нигоҳ мекунад.
Аз замони пайдоиши тиб асал ҳамчун яке аз доруҳои асосии беҳтаркунандаи саломатӣ истифода мешуд. Аз ин сабаб, ҳатто Гиппократ боварӣ дошт, ки ҳар рӯз истифода бурдани асал муфид аст.
Илова бар ин, тадқиқотҳои илмӣ инчунин манфиатҳои асал ва таъсири судманди онро ба бадан тасдиқ мекунанд.
Дар Қуръони карим аз асал ба унвони ҳадяи илоҳӣ ва шифобахш ёд шуда ва ҳатто як сура ба номи занбӯри асал (Наҳл) ихтисос ёфтааст.
Паёмбари бузургвори ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар мавриди хавоси асал мефармоянд: "Асал дармон дармон аст".
Фоидаи асал
Баҳси табибон дар бораи фоидаи кадом асал коҳиш намеёбад. Аён аст, ки гарди табии занбӯри асал бидуни иловаҳо ва коркард аз ҷиҳати таркиб арзишмандтарин маҳсуб мешавад.
Асал дорои хосиятҳои баланди бактериявӣ ва зиддивирусӣ буда, инчунин дорои калийи зиёд - аслиҳаи асосии зидди бактерияҳои хатарнок мебошад.
Сатҳи зиёд оҳан дар ин маҳсулот ба мубориза бо камхунӣ ва ба эътидол овардани сатҳи гемоглобин дар хун мусоидат мекунад.
Табобате, ки ба бисёриҳо аз кӯдакӣ маълум аст - шири гарм бо асал - ҳоло ҳам муҳим аст.
Чунин нӯшокӣ на танҳо барои дарди гулӯ муфид аст, балки инчунин таъсири умумии мустаҳкамкунанда дорад, ки барои мубориза бо хастагӣ, рафъи стресс ва хоби ноором кумак мекунад.
Асал бо имбир ва лимон низ кайҳо боз ҳамчун нӯшоки витаминӣ барои қувват, руҳбаландӣ ва ҳозима маъмул аст.
Асал дар косметология фаъолона истифода мешавад - он махсусан ҳамчун як қисми маҳсулоти нигоҳубини пӯст самаранок аст.
Ниқобҳои бар асоси асал омодашуда дӯстдоштаи онҳое боқӣ мемонанд, ки мехоҳанд пӯст ва ҷавонии зеборо нигоҳ доранд, аз ин рӯ барои бисёр брендҳои косметикӣ ин компонент як неъмати худодод аст.
Асал аз ҳисоби миқдори карбогидратҳои холис дар шакли фруктоза ва глюкоза калорияҳои баланд дорад, аммо ба ҳар ҳол коршиносон даъват мекунанд, ки ин маҳсулотро аз парҳез хориҷ накунед.
Ҳангоми вазнкамкунӣ, асал барои пешгирӣ кардани вайроншавии мизони талабот ҳангоми даст кашидан аз шириниҳо ва дигар хӯрокҳои калориянок кумак мекунад.
Абуалӣ Сино, донишманди бузурги тоҷику форст ва бузургтарин шахсияти пизишкии он замон дар китоби "Қонун"-и худ даҳҳо нусха бар пояи мум ва асал ба кор бурдааст ва хосиятҳои шифобахши асалро дар дармони анвои бемориҳо ёдовар шудааст.
Ӯ менависад: "Асал дар ҳангоми зиёд шудани балғам андарунро тақвият, нерӯро зиёд, иштиҳоро боз мекунад. Ба ақидаи вай асал ғизое аст, ки баданро солим ва қавӣ мекунад, ҳофизаро нерӯ мебахшад ва гузаштаро дар хотир зинда мекунад. Андешаро пок ва забонро мекушояд.
Ҷиҳати манфии асал
Асал паҳлуи дигар низ дорад - барои баъзеҳо он метавонад ҳамчун аллерген хатарнок бошад.
Аксуламали аллергӣ ба асал одатан ҳамчун доғи хориш ва дарди меъда зоҳир мешавад. Илова бар ин, занони ҳомиладор ва ширдеҳ бояд асалро бо эҳтиёт истифода баранд - беҳтар аст, ки пеш аз истеъмол аввал ба духтур муроҷиат кунед.
Аллергияе, ки модар надорад, метавонад дар кӯдак зоҳир шавад.
Одамони гирифтори бемориҳое чун диабети қанд ва панкреатит низ бояд аз истеъмоли зуд-зуди асал худдорӣ кунанд. Истеъмоли асалро ҳангоми ҳароратбаландӣ тавсия намедиҳанд.
Дар мавриди истифода дар косметология, бояд дар назар дошт, ки асал гардиши хунро суръат мебахшад, ки метавонад ба рагҳои ноустувор таъсири манфӣ расонад ва ба купероз ё васеъшавии капиллярҳо оварда расонад.