Дар тамоми ҷумҳурӣ ҳоло бозиҳои финалии миқёси ноҳиявӣ барои ҷоми раиси Хидмати амнияти давлатӣ (ХАД) доир ба футбол ва мини-футбол идома дорад.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё бозии финалии футбол байни дастаи «Синтоб» ва дастаи «Паймард» анҷом ёфта, бо ҳисоби 4:3 «Синтоб» ғалаба кард.
Инчунин дар бозии финалии мини-футбол дастаҳои «Паймард» ва «Шодлик» вохӯрда, дар натиҷа бо ҳисоби 1:0 ғалабаро дастаи «Паймард» ба даст овард. Ҳамин тариқ, дастаҳои «Синтоб» ва «Паймард» ба марҳилаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Таъкид намудан зарур аст, ки дар ҳар ду намуди бозӣ барои ҷоми раиси ХАД дар миқёси ноҳия 45 ҷамоа барои ба даст овардани ғолибият талош варзиданд.
Беш аз 3 ҳазор ҷавонони аз 16 то 30-сола барои ҳифзи муносиби маҳаллаи худ дар доираи имкон ҳаракат намуданд.
Мусобиқа ба муттаҳид намудани ҷавонони бекор, имконияти ҷисмониаш маҳдуд, тарғиби тарзи ҳаёти солим, бо варзиш шуғл варзидани ҷавонон ва кашфи соҳибистеъдодҳо хидмат мекунад.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.
Суратгир: муаллиф.
* * *
Дар шаҳру навоҳии вилояти Ҷиззах низ дастаҳои футбол ва мини-футболи маҳаллаҳо барои ҷоми раиси ХАД талош меварзанд. Дастаҳо марҳилаи аввалро паси сар карда, барои роҳ ёфтан ба марҳилаи вилоятӣ саъй доранд. Чунончӣ, ба наздикӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ғаллаарал бо иштироки дастаҳои футбол ва мини-футбол аз 35 маҳалла мусобиқаҳо барпо гардиданд.
Баъди талошҳои тезу тунд аз рӯи футбол дастаи «Олимон» ҷои аввалро ба даст оварданд. Натиҷаҳои қувваозмоии мини-футбол нишон дод, ки дастаи «Лалмикор» бартарӣ дорад. Ин дастаҳо ба зинаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.