ҚУВВАОЗМОИҲО ПОЁН ЁФТ

Дар рӯзгор рух додани ҳар гуна воқеаҳои нохуш ё офати табиӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳолатҳои мураккаби ғайричашмдошт: аз зери вайрона, ё зери обу  байни оташ ва ғайра раҳонидани инсон вазифаи аввалиндараҷаи  кормандони соҳаи вазъиятҳои фавқулода ба шумор меравад. Аз ин рӯ, тайёрии ҳаматарафаи касбӣ, созмон додани мусобиқаҳои гуногуне, ки ба такмили маҳорати онҳо кумак мерасонад, хеле муҳим аст.
Ҳар сол дар низоми Вазорати вазъиятҳои фавқулода ба амал омадани қувваозмоиҳо оид ба варзиши наҷотдиҳӣ аз сӯхтор бо ҳамин мақсад сурат мегирад. 12-15 апрели соли ҷорӣ ин тадбир дар вилояти Бухоро баргузор гардид. Дар он ҷамоаҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи намудҳои «ба 100 метр аз болои монеаҳо ҷаҳида давидан», «бо нардбони ишғолкунӣ ба қабати чоруми манораи таълимӣ баромадан», «эстафетаи ба 4х100 метр давидан», «паҳншавии ҷанговарона» ва «кросс-фит» бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Баъди ҷамъбасти мусобиқа ҷойи якум ба садорати вазъиятҳои фавқулодаи вилояти Бухоро, ҷойи дуюм ба садорати вазъиятҳои фавқулодаи вилояти Тошканд ва ҷойи сеюм ба садорати вазъиятҳои фавқулодаи вилояти Қашқадарё насиб кард.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: