Қувваозмоиҳои марҳилаи вилоятии «Заковат»

Дар коллеҷи саноати нафт ва гази Бухоро байни шогирдони муассисаҳои таълими миёнаи махсус ва касбии вилоят марҳилаи вилоятии бозии интеллектуалии «Заковат» ба амал омад.

Он мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20 январи соли 2022  «Дар бораи чораю тадбирҳои ба ҳаракати оммавию маърифатӣ табдил додани бозии интеллектуалии «Заковат» дар байни аҳолӣ ва рушд додани бозиҳои дигари интеллектуалӣ»  сурат гирифт. Дар мусобиқаҳо 31-то ҷамоа, ки аз 217 нафар талаба таркиб ёфтааст, иштирок карданд. 
Қувваозмоиҳо дар ду марҳила баргузор гардид ва бинобар натиҷаҳои ниҳоӣ ҷои сеюм ба мактаби касбу ҳунари рақами 1-и ноҳияи Рометан, ҷойи дуюм ба таълимгоҳи касбу ҳунари ноҳияи Шофиркон ва ҷойи якум ба командаи Техникуми саломати ҷамоатии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Бухоро насиб кард. Ба ғолибон ва ҷоизадорон диплом, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҷамоаҳои ғолиб инчунин, ба  марҳилаи ҷумҳуриявии мусобиқаҳо роҳхат гирифтанд.

А. АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: