«ҚУВВАТАМРО ДУЧАНД КАРД»

Солҳои истиқлол дар мамлакатамон маҳалла ҳамчун институти алоҳида ба сохтори иҷтимоии халқ чун иштирокчии фаъоли ислоҳоти демократӣ табдил ёфт.

Ба мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҷамоати худидоракунӣ, ошкор намудани мушкилоти аҳолӣ ва ёрии амалӣ расонидан ба онҳо, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии идораҳои маҳалла ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти онҳо қабул гардидани фармони Президент «Дар бораи чораҳои куллан баланд бардоштани мақоми идораи маҳалла бобати кор бо мушкилоти аҳолӣ», аз 2 апрели соли ҷорӣ дар ин самт қадами муҳим гардид.
Имрӯзҳо дар кишварамон барои фаъолияти меҳнатии мо – раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти идораҳои маҳалла соли ҷорӣ давра ба давра ба 1,5 баробар зиёд кардани музди меҳнати раисон ва котибони масъули ҷамоати шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.
Солҳои наздик қисми асосии вазифаҳои раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо бештар аз ёрӣ расонидан ба фермерон, ҷамъ овардани ҳаққи хидматрасонии коммуналӣ ва ба корҳои ҷамоатӣ ҷалб кардани онҳо иборат буд. Ҳоло ба онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам шуд, ки ҳар як раиси маҳалла метавонад, дар ҳаллу фасли муаммоҳои бошандагони маҳалла, ободу фароҳам гардонидани ҳудуди он ва баланд бардоштани дониши маънавии сокинони он машғул шавад.
Ҳамаи инҳо самараи ислоҳоте, ки аз тарафи сарвари давлатамон баробари дигар соҳаҳо ба маҳалла гузошта шудааст, ба шумор меравад. Раисони маҳалла таҳти шиори «Ба як бача – ҳафт маҳалла падару модар» барои тарбияи насли наврас шуғл меварзанд.
Дар маҳаллаамон 416 хонадон мавҷуд буда, 1826 нафар шаҳрвандони гуногунмиллат аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд. Қобили қайд аст, ки дар маҳаллаамон аз рӯйи Барномаи «Обод марказ» як қатор корҳои сохтмониву бунёдкорӣ ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла идораи маҳаллаамон аз нав сохта ба истифода супурда шуд.
Ба қарибӣ 27 нафар раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои вилоятамон бо нишони сарисинагии «Маҳалла ифтихори» сарфароз гардиданд, ки дар сафи онҳо камина низ будам. 
Мукофот ба ман нирӯ бахшид ва аз ин руҳбаланд гашта, барои ба равнақи Ватан ҳиссаи худро гузоштан, дар ҳудуди маҳалла ба роҳ мондани ҳифзи осоиштагӣ бо ғайрати дучанд меҳнат мекунам.

Турсунбӣ ҲУСАНОВА,
раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи
ба номи Ҳамид Олимҷони ноҳияи Поп.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: