РАҒБАТИ МЕҲНАТИ БИСЁРСОЛАИ ПУРСАМАР

Собиқадори меҳнат Людмила Кулешова, ки 40 сол инҷониб дар мактаби таълими умумии рақами 1-уми ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах аз фанни забон ва адабиёти рус ба насли наврас сабақ медиҳад, бино ба фармони роҳбари давлат бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шуда буд.

Бахшида ба супурдани мукофот дар мактаб маросими мутантан баргузор шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳокимияти вилоят ва ноҳия, ҷомеа, омӯзгорон ва хонандагон иштирок карда, таъкид намуданд, ки дар мамлакатамон ба ислоҳоти соҳаи таълими халқ, рағбатноккунонии моддию маънавии омӯзгорон ва баланд бардоштани нуфузи онҳо дар ҷамъият эътибори алоҳида нигаронда мешавад.
Меҳнати 40-солаи муаллима Людмила Прокофевна дар мактаб, ки дар солҳои аввали азхудкунии Мирзочӯл ташкил ёфтааст, муносиб қадр карда шуд.
Фармони роҳбари давлат оиди хидматҳои самараноки чандинсолааш бобати тарбияи насли наврас дар рӯҳи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба ғояҳои истиқлол, ҳурмат ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, азхуд кардани асосҳои илму фан, касбу ҳунари замонавӣ бо ордени «Дӯстлик» мукофотонидани Л.Прокофевнаро Мушовири Президент Т.Худойберганов хонда дод ва мукофотро ба соҳибаш супорид.
– Ман аз эътибори Президентамон дар ҳаяҷон ҳастам, –  мегӯяд Л.Прокофевна. – Ин мукофот нишонаи ҳурмат, эътибор на танҳо ба ман, балки ба тамоми омӯзгорони кишварамон мебошад.
Ба туфайли эътибори баланд ба соҳаи таълим, омӯзгор ва хонанда мактаби мо низ пурра нав шуд, баҳри инсони комил, дониши хубу замонавӣ гирифтани хонандагон шароит ва қулаиҳо офарида шуданд.
Ин, бешубҳа, ба рушди илму фан, таълиму тарбия, аз сафи мамлакатҳои ривоҷёфта соҳиби ҷойи муносиб шудани кишварамон хидмат мекунад.

Т. БЕКНАЗАРОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: