Тавре ки хабар дода будем, шоҳмотбозони навраси мо дар олимпиадаи ҷаҳонӣ дар байни шоҳмотбозони то 16-сола дар шаҳри Куняи Туркия баргузор шуда буд, шарафи мамлакатро муносиб ҳимоя карда, соҳиби медали тиллоии мусобиқа шуданд.
Ба ин муносибат дар майдони кушоди Мактаби махсуси варзишии бачагону наврасони ҷумҳурӣ оид ба шоҳмот бахшида ба мукофотонидани ғолибони мусобиқаи номбурда маросими тантанавӣ баргузор шуд.
Дар он муовини Сарвазири ҷумҳурӣ А.Абдуҳакимов, вазирони вазоратҳои таълими халқ Ш.Шерматов ва таълими томактабӣ А.Шин, ноиб-президенти Федератсияи шоҳмот Ҳ.Турдиалиев ва дигарон иштирок карданд. Дар чорабинӣ ба ғолибон, аз ҷумла Нодирбек Абдусатторов, Нодирбек Яъқуббоев ва Шамсиддин Воҳидов туҳфаи Президент – калиди автомобилҳои «Спарк», ҳамчунин ба сармураббии даста Саидалӣ Юлдошев ташаккурнома ва мукофоти пулӣ ба миқдори 15 миллион сӯм супурда шуданд.
– Имрӯз барои ман ва аҳли оилаам рӯзи хурсандист, зеро писарам Нодирбек Абдусатторов дар ин мусобиқа соҳиби унвони чемпиони олимпиада гардид, – мегӯяд Фазлиддин Очилов. – Аҳли оила аз ин эътибор хеле хурсандем ва ба Сарвари давлат миннатдориамонро изҳор мекунем. Фикр мекунам, фарзандони мо боз бештар ғалабаҳоро ба даст оварда, парчами кишварро минбаъд ҳам баланд мебардоранд.
– Воқеан, мусобиқа, ки бо усули шведсарӣ гузашт, хеле пуршиддат буд. Зеро дар он чемпионҳои ҳар кадом давлат иштирок карданд. Аз ин рӯ, дар ҳар як бозӣ масъулияти ба худ хос тақозо гардид. Мо аз 9 имконият дар 8 тои он пирӯз шуда, бо 16 хол сазовори медали тилло шудем, – мегӯяд Нодирбек Яъқуббоев. – Ғалабаи моро хеле баланд қадр карданд, мо инро интизор набудем. Барои ин ба Президент миннатдории худро иброз медорем. Худи ман кӯшиш мекунам, ки минбаъд низ дар мусобиқаҳо муносиб иштирок намоям.
М.МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
ҒОЛИБОН СОҲИБИ РОҲХАТ ШУДАНД
Дар пойтахт мусобиқаи саракунии минтақаи марказии чемпионати Осиё оид ба мини-футбол дар байни футболбозони то 20-сола (U-20) баргузор шуд.
Дар ин сабқат шаш дастаи мунтахаби миллии минтақа, мувофиқи натиҷаи қуръапартоӣ ба ду гурӯҳ, гурӯҳи «А» Эрон, Афғонистон, Туркманистон ва гурӯҳи «Б» Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷудо шуда, барои ба даст овардани роҳхат талош варзиданд. Дастаи Эрон дар сабқати аввал дастаи Туркманистонро бо ҳисоби 6:3 ва дар давраи дуюм Афғонистонро бо ҳисоби 4:2 мағлуб намуда, пешқадами гурӯҳ шуда бошад, футболбозони қирғизистонӣ аз дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:6 шикаст хӯрда, бар дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 6:1 пирӯз шуданд. Дар сабқати барои роҳхати сеюм, ки дар маҷмӯи варзишии «Ӯзбекистон»-и пойтахт баргузор шуд, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба ҷамоаи яккачини Афғонистон бо ҳисоби 1:4 бозиро бохт.
Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби миллии Эрон, Қирғизистон ва Афғонистон ҷойҳои ҷоизавиро ишғол намуда, роҳхати чемпионати Осиё бино бар мини-футболро, ки соли оянда байни футболбозони то 20-сола баргузор мешавад, ба даст оварданд.
МАҚСАД БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҶОМИ ОСИЁ
– мегӯяд сармураббии дастаи мунтахаби миллии кишвар Эктор Купер
Дар Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон бо иштироки сармураббии дастаи мунтахаби миллӣ Эктор Купер нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар он сармураббии дастаи миллӣ доир ба ҷараёни тайёрӣ ба мусобиқаи Ҷоми Осиё, машғулотҳои баргузоршуда ва минбаъдаи ҷамоа сухан гуфт ва ба саволҳои зиёди рӯзноманигорон ҷавоб дод.
– Албатта, аз бозиҳои рафиқонае, ки моҳи ноябр дар Австралия баргузор кардем, чандон натиҷаи дилхоҳро ба даст наовардем. Вале бояд бигӯям, ки машғулот ва бозиҳои рафиқона барои донистан ва ҳаллу фасл кардани муаммоҳои мавҷудаи даста имконияти хуб аст. Алҳол баробари бартараф намудани камбудиҳои мазкур ба мусобиқаи Ҷоми Осиё ҳамаҷониба омодагӣ мегирем. Аз он умеди калон дорем, мақсади асосиамон дар ин мусобиқаи бонуфузи қитъа ғолиб омадан аст, – гуфт Эктор Купер. – Бояд таъкид кунам, ки ман ба ҳама гуна мусобиқаҳо – хоҳ расмӣ ва хоҳ рафиқона як хел муносибат менамоям. Ва тавре таъкид кардам, ҷиҳати хуби бозиҳои рафиқона он аст, ки дар онҳо аз рӯйи имконияти мавҷудаи худ, метавон тактикаи навро аз санҷиш гузаронд. Шояд услуби ман барои баъзеҳо писанд наояд, вале ҳангоми ба камбудӣ роҳ доданамон, услуби худро тағйир медиҳам. Дар интихоби таркиб ба Ҷоми Осиё ман танҳо ба футболбозоне, ки дар машғулотҳои моҳи ноябр иштирок карданд, такя намекунам. Бешубҳа, дар давоми машғулотҳое, ки то ин дам гузарондем, як қатор футболбозонро зери чашм кардем. Ғайр аз ин, дар пеш боз як бозӣ дорем. Шояд мухлисони даста дар байни футболбозоне, ки ба Ҷоми Осиё мераванд, бозингарони навро низ бинанд. Дар бораи бо кадом тактика ба майдон баромадан наметавонам чизе бигӯям. Муҳимаш барои натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан саъй мекунем. Мо мувофиқи услуби тактикаи зарурӣ бозии худро ташаккул медиҳем. Аз ҳама муҳимаш бояд дар бозиамон мувозинат бошад. Футболбозони даста қодиранд чизеро, ки ман талаб мекунам, иҷро намоянд, фикр мекунам, маҳорати онҳо барои иҷрои ин талаб мерасад. Дар сурати мувофиқ наомадан ба талабот бозигарон иваз мешаванд.
Бинобар гуфти роҳбари хидмати матбуоти Ассотсиатсияи футбол футболбозонамон аз 15 то 29 декабр дар шаҳри Анталияи Туркия боз як машғулот ва бозии рафиқонаро анҷом медиҳанд, ки ба он 27 нафар ҷалб гардидаанд. Даста 29 декабр ба кишвар бармегардад ва 2 январ барои иштирок дар талоши Ҷоми Осиё ба Аморати Муттаҳидаи Араб парвоз мекунад.
М. ҚОДИРЗОДА.