Дар раддабандии нави донистани забони англисӣ, ки пойгоҳи EF SET тартиб додааст, Ӯзбекистон миёни 116 давлати дунё мақоми 98-умро соҳиб шудааст. Бо ин нишондод Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи дувум аст.
Ин назар ба соли гузашта поинтар аст: дар соли 2023 Ӯзбекистон дар байни 113 кишвари ҷаҳон дар зинаи 93-юм қарор дошт. Аз сӯи дигар, баҳои миёнаи рейтингии ӯзбекистониён дар робита ба донистани забони англисӣ низ аз 442 ба 439 (холи баландтарин – 700) поин рафтааст. Ин ба сатҳи B1 дар ҷадвали CEFR баробар аст.
Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон (бо касби зинаи 88-ум) пешсаф аст. Қазоқистон зинаи 103-юмро дар ин раддабандӣ касб карда, дар Осиёи Марказӣ мавқеи сеюмро дорад. Тоҷикистон мақоми 109-умро соҳиб шудааст, ки ин нишондоди пасттарин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Дар бораи Туркманистон маълумот нест.
Ҳолланд, Новегия, Сингапур ба сегонаи пешсафи кишварҳое ворид шудаанд, ки сокинонаш забони англисиро хуб медонанд.
Раддабандии мазкур дар асоси санҷиши дониши 2,1 миллион калонсолони 116 давлат, аз ҷумла 35 давлати Аврупо, 24 кишвари Африка, 23 Осиё, 21 давлати Амрикои Лотинӣ, 13 давлати Ховари Миёна, ки 54 дарсадашон занҳо ва 46 дарсадашон мардҳо будааст, тартиб дода шудааст.
EF SET санҷиши онлайнии стандартикунонидашудаи забони англисӣ буда, ба таври тестӣ онлайн супорида мешавад. Ин сомона барои ҳар як корбари интернет дастрас буда, имкон медиҳад ҳар нафари хоҳишманд дар ин рейтинг имтиҳон супорад.