РАЪДУ БАРҚ

Аз дафтари хотира

Шоқаҳҳори истаравшанӣ аз зумраи дӯстони қаринам. Бо ин ҷавонмарди фозил, фурӯтан ва суҳбаторою зарофатгӯ солҳои ҳаштодуми қарни гузашта дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ошно шуда будам...
Абдумурод Қӯзиеви сирдарёӣ (рӯҳаш шод бод) солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Тошканд дар қисми ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи шӯравӣ хизмат мекард. Гоҳ-гоҳ дар тан либоси афсарӣ ба хонаам меомад. Факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда буд. 
– Бобо, ман як ҷӯра дорам, – лаб ба сухан кушод дар сари дастархон, – номаш Шоқаҳҳор. Вай факултаи таърихро бо дипломи сурх ба итмом расонд. Ҳамкурси Ӯзбакбойи худамон. Мақолаву лавҳанависиро машқ мекунад ва нағз ҳам менависад. Агар ба идораатон ояд, барои чоп кардани мақолаҳояш ёрӣ медиҳед?
– Гӯ биёяд.
– Вай ниҳоят донишманд, – суханашро идома дод Абдумурод, – рисолаи дипломиаш – «Масъалаҳои ташаккули унсурҳои капиталистӣ дар соҳаи ҳунармандӣ» аз ҷониби олимони донишгоҳ баҳои баланд гирифт. Баъди хатми факултаи таърих муддате дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе аз таърих дарс дод...
Баъди ду-се рӯз Шоқаҳҳор ба идора омад. Ба осонӣ забон ёфтем.
– Мақолаатонро диҳед, хонам-чӣ?
Шоқаҳҳор дар рӯ ба рӯям нишаст. Мақолаашро хондам ва бо таҳрири ҷузъӣ ба дасти чоп супурда, гуфтам:
– Бисёр нағз навиштаед. Дар шаҳри Тошканд қаламкашоне, ки ба забони тоҷикӣ нависанд, башумур. Минбаъд алоқаро бо мо ҳаргиз наканед. Боз нависед...
Он солҳо «оинаи нилгун» ҳафтае як маротиба барномаҳои Тоҷикистонро нишон медод. 
Аз ин рӯ, аз Шоқаҳҳори Муҳаббатзод пурсидам:
– Сарояндагони хушовоз Тошбой ва Шосалим (рӯҳаш шод бод!) Муҳаббатовҳо бародарони шумо нестанд?
– Ҳа, бародарони ман, – ҷавоб дод ӯ, – лекин онҳо санъаткори касбӣ не. Ҳар ду аз таърих ва ҷамъиятшиносӣ дар мактаби деҳаамон дарс медиҳанд. Ба ансамбли рақсу суруди мактабамон роҳбаранд.
– Пас онҳо истеъдоди фитрӣ доштаанд, – гуфтам, – яъне вақт, агар фурсат даст диҳад, маро бо бародаронатон шинос мекунед?!
– Албатта.
– Дар тинати шумо низ ҳунари сарояндагӣ бошад даркор?
– Надонам. Лекин ман ҳам мисли шумо мухлиси сарояндагони бомаҳоратам.
Аз миён муддате гузашту Шоқаҳҳори Муҳаббатзод (Салимов) низ ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»-и имрӯза) ба кор омад. Аммо шиносномаашро ҳанӯз дар қайд намонда буд. Барои қайд ӯро ба Тоҷикмаҳаллаи Тошканд бурда, ба тағои ҳамсарам Йӯлдошбой шинос кардам. Баъди дар қайд мондани шиносномааш, ба кори эҷодӣ сахт часпид. Навиштаҳои ӯ, рафтору гуфтори ӯ ба ҳамкорон писанд меомад.
– Ман аз синфи ҳафтум инҷониб рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро мехонам, – гуфта буд боре. – Бародарам Шосалим ба ин рӯзнома обуна мешуд. Ба замми ин рӯзномаро аз дӯконҳои рӯзномафурӯшии Тоҷикистон ёфтан мумкин буд.
Шоқаҳҳор дар муддати кӯтоҳ бо ходимони рӯзнома забон ёфт. Аз миён чанд моҳ гузашту бо роҳхати идора ба шаҳру деҳот сафар мекардагӣ шуд. Аз сафар бармегашту хабару мақолаи ҷолиби диққатро менавишт.
Боре Шоқаҳҳор аз ҳузури котиби масъули рӯзнома Раҳматҷон Норов бо овози паст хандида берун меомад.
– Механдед?
– Шоҳ, – гуфтанд Раҳматҷон Норов бо хушии ҳамешагӣ, – ҷигаратон (мақола)-ро ба шумораи оянда дохил кардам. Шуморо як машҳур кунам.
Ҳамин тавр, Шоқаҳҳор дар тӯли се-чор сол ба таъбири Раҳматҷон Норов, дар ҳақиқат, машҳур шуд. Хонандаҳо ба навиштаҳои ӯ акси садо менавиштанд.
Аз миён чанд сол гузашту вайро ба шуъбаи тоҷикии Кумитаи радио ва телевизиони Ӯзбекистон ба кор даъват карданд. Вай дар Кумитаи радио дар вазифаҳои мухталиф – мудири шуъба, дар раёсати радиои байналмилалии Тошканд сармуҳаррир ва муовини директор кор кард. Вале ҳамеша як пояш дар идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» буд. Ташнаи илмомӯзӣ буд. Мегӯянд-ку, ду гуруснае ҳаргиз сер нашаванд: гуруснаи илм ва гуруснаи мол. Дар ҳақиқат, то имрӯз гуруснаи илм аст ӯ.
Инак, баъди чанд сол вайро ба туфайли бисёр забонро донистан ва журналисти моҳир буданаш ба Агентии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон ба кор гирифтанд.
– Бо ҳамкорон беш аз ҳазор рӯзнома ва маҷалларо таҳлил мекунем, – мегӯяд ӯ. – Дар ин идора, рости гап, кор кардан осон не. Аз ин рӯ, ба қарибӣ ба нафақа баромада, ба Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон пурра ба кор мегузарам. (Вай то имрӯз дар иттиҳод бо ним штат кор мекард).
Шоқаҳҳор то имрӯз беш аз ҳазор мақолаву лавҳа, очерку сафарномаҳои хонданиро эҷод кард. Ба ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ. Бисёр навиштаҳояш дар рӯзномаҳои матбуоти хориҷӣ низ чоп шуд. Масалан, «Боз дар бораи забони рӯзнома», «Дар Афғонистон ҷангро киҳо бармеангезанд», «Забони мо аз нигоҳи бегонаҳо», «Ситораи осмони шашмақом: он ҳеҷ гоҳ хомӯш нахоҳад шуд», «Мақомнинг мақоми юксалмоқда», мусоҳибаю лавҳаҳо дар ҳаққи Ҷӯрабек Муродов, Ҳошим Гадоев, Мустафо Бафоев ва ғайраро мисли санъатшиносони касбӣ навишт. 
Ба ҷуз ин вай се филми эрониро ба забони ӯзбекӣ баргардонд. Беш аз 50 китоби дарсиро аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума кард.
Бояд гуфт, ки Шоқаҳҳор чор маротиба бо роҳхати Кумитаи радио ва телевизиони Ӯзбекистон ба Афғонистон сафар кард. Аз ҳаёти мардуми ҷафокаши ин диёр як силсила мақолаву сафарномаҳо навишт. Ин силсила бо мукофоти «Журналисти беҳтарини сол» тақдир карда шуд...
Боре ману Тӯхтамиш (Паймон) ба зодгоҳи Шоқаҳҳор – деҳаи Сӯфиорифи ноҳияи Истаравшан рафта, бо падар ва бародаронаш шинос шудем, дар сари дастархони пур аз нозу неъмат. Роҳбаладамон Шоқаҳҳор буд.
– Ансамбли мактаби мо дар ноҳия ҷойи якумро гирифт, – лаб ба сухан кушод Шосалим, – фардо дар толори консертии Истаравшан ансамбли мо ҳунарнамоӣ мекунад.
Дар ҳақиқат, аъзои ансамбли мактаб бо савту суруд ва рақсҳояшон дили тамошобинонро ба ваҷд оварданд. Сипас роҳбарони ансамбли мактаб Тошбой ва Шосалим низ дар ҳавои мусиқаи дилрабо хеле форам сароиданд. 
...Шоқаҳҳору Кароматхон (ҳамсар ва ҳамкурс) се фарзандро ба воя расонданд: Шӯҳрат, Малика ва Пайрав. Ҳамаашон маълумоти олӣ доранд...
Боре ба хонаи Шоқаҳҳор рафтам. Барои дидорбинӣ. Маликаи ду ё дуввунимсола аз бағали модараш намефуромад. Ман ӯро ба гап андохтанӣ шудам. Аммо вай тоб хӯрда, муштчаашро гиреҳ карда: – Мезанам! – гуфт ҷаҳлаш баромада. – Биё, мон, мана мезанам мегуфтагиҳо кам не, назан, – гӯён хандида ба ӯ наздик шудам.
– Мезанам! – рӯ турш кард Малика.
– Ҳамон ҳалқаҳоятро ба ман те, – гуфтам бо шӯхӣ.
Вай ҳадаҳа бо ду дасти нозукаш ҳалқаҳояшро дошта, бадтар ба шӯр омада:
– Наметиям, мезанам! – мегуфт аз аспи ҷаҳл нафуромада...
... Ин саҳначаро беҳуда ба хотир наовардам. Малика аллакай модари се фарзанд асту Шоқаҳҳор – ҷавони чусту чолок имрӯз ба остонаи шастсолагӣ қадам мегузорад. Ва аҷабо, мегӯям худ ба худ. Умри одамизод мисли раъду барқ тез мегузаштааст...
Хуллас, то ҷое, ки ман медонам, умри Шоқаҳҳор бо хурсандӣ мегузарад. Ҳар рӯзу ҳама рӯз. Рост, роҳи зиндагии ҳар як бандаи Худо аз пасту баландиҳо ба ҳам меояд. Ӯ то имрӯз аз пасту баландиҳои роҳи зиндагӣ наҳаросида, хушу хурсандона умр ба сар мебарад.
Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,
В-ар ба нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст, 
мегӯянд.

Бекназар ТӮЙНАЗАР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: