РАФИҚИ МУНОФИҚ

– Духтарам, кай аз шаҳр омадӣ?

– Духтарам, кай аз шаҳр омадӣ?
– Дина.
– Барои чӣ рӯята бо рӯмол бастаӣ?
Ҳусния, гӯё ки сухани падарро нашунид, дам назада аз даҳлези ошхона гуппию пушаки1 модарашро бароварда дар канори айвон гузошт. Худро сахт машғули кор вонамуд карда, барои овардани тағораи ҷурғот пас гашт. Ҳангоми дар гуппӣ рехтани ҷурғот пай бурд, ки падар воиши токро якка мекунаду ҳанӯз зерчашмӣ мунтазири ҷавоби ӯст. Бо овози кам гуфт:
 – Аз дарди дандон азият мекашам, бехаш бод кардааст.
Некрӯз дурӯғ бастани духтарашро донист. Чун дид, Ҳусния бо сохтани ҷурғот худро андармон карда аз гап мегурезад, ӯро хиҷолат додан нахост. Машғули кори худ шуд, ҳар шохаки навдаҳои токро, ки ба назараш барзиёд менамуд, қайчӣ зада, дар канори дарвозаи ҳавлӣ ғарам кардан гирифт. Хомтоккунон перомуни духтар ба андеша рафт, як сухани ҳамсараш Нозияро ба ёд овард:  «Додош, мо Ҳуснияра ба ҳоли худ партофтаем, – андӯҳомез мегуфт вай, – аз рӯйи шунидам, мудом зери мушту лагад будааст». Ба дилаш ғулғула афтод. Корро то поён нарасонида даст шуст ва ба хона даромад. Ба рӯйи гирдихона2 нишаста, чойи дамкардаи Нозияро чойгардон кард. Ҳамсарро хомӯш дид, пай бурд, ки зери коса нимкосае ҳаст.
– Чӣ гап, малул менамоӣ?
Зан озурдахотир ба сухан пардохт:
– Ин домодатон ҳеч одам нашуд! Шумо ҳар қадар ба ӯ расед, вай бештар ҷоҳил мешавад.
Некрӯз ошӯбомез гуфт:
– Рӯмол бастани Ҳуснияра дидаму фаҳмидам. Баҳонааш чӣ будааст ин дафъа? 
– Пиёдаравӣ ба ҷонаш задааст, аз дурии роҳи корашон, – бо зарда ба гап идома дод Нозия. – Аз духтарамон хоста, ки мо қарз диҳему вай мошин харад. Медонед, Ҳусния асло намехоҳад мо ба шавҳараш ёрӣ расонем. Вале, «агар пул овардан нахоҳӣ, ту ҳам дафъ шав» гӯён, задаю кӯфта шабошаб аз хона берун рондааст.
– Эҳ номард, Ҳуснияи дуҷона-я?!
– Оре, бар замми ин ду бачаша ҳам буроварда ҳай кардааст. Вақте ки одам мазахӯрак шуд, аз вай боз чира интизор мешавед? 
Беихтиёр дастҳои Некрӯз мушт шуданд, дандон ба ҳам фишурд. Нозия ёзида чойникро гирифту дар пиёла чой рехт ва ба шавҳар дароз карда афзуд: 
– Ба асабонӣ шудан намеарзад, додош, чой хӯред.
– Рост мегӯйӣ, ин одам намешавад, ба назарам.
Зан гуфт:
– Пагоҳ Шаҳрия ва писаронаша бо худам мебарам, бо домоди зӯр гап мезанам. Бубинем, нияташ чӣ аст...
Он шаб Некрӯз миҷҷа таҳ накард. То субҳ аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта, фақат перомуни духтар андеша ронд. «Охир, мард шуда наход ба рӯйи зан мушт фарорӣ? Зиндагиата кунад, ба гарму хунукат расад, фарзандонат бошанд... боз чӣ мехоҳӣ? Яъне то ин ҳад ҷоҳилу бефаҳмӣ, ки дарк намекунӣ маъюбу маслуқ шудани занат ба зиёни худи туст?». Ба маҳзи даромадани субҳ хаёлоти мубҳамро як сӯ ғундошта, бо охирин фикре, ки ба сараш зада буд, аз ҷо хест. Ба берун баромада таҳорат гирифт. Дасту рӯ поккунон ба Нозия, ки аз саҳархезии ӯ ноором шуда ба ҳавлӣ мебаромад, гуфт:
– Гӯ, Ҳусния бӯғчаша бандад, набераҳо ҳам омода шаванд. Ту не, ман мебарам!
– Яку якбора ба ин қарор омадед, чӣ хабар?
– Меравам, бо ҷаноби шаҳ мардвор суҳбат мекунам. Боз як шанси дигар медиҳам, агар ба қадрамон расид чӣ хуб, агар не, гила аз худаш. Бастаи пулата ҳам барор.
– Пул? Чиҳо мегӯед, арӯсии Маҳрия чӣ мешавад? Баҳои сад гӯсфанд-а?!
– Худо пошшост, то соли дигар боз ҷамъ мекунем.
– Хубтар фикр кунед, додош, меҳнати сесолара ба бод надиҳед.
Некрӯз ба назди ҳамсараш омад. Даст ба рӯйи шонаҳои ӯ гузошта бо меҳр пахш кард ва бо садои нарм гуфт:
– Мо, ки барои ҳамин фарзандон зиндаем, зиқ нашав. Аввал зиндагии якеаш роҳ афтад, баъд меравем аз пайи дигараш. Ин охирин ҳимматам бошад, Худо хоҳад, ислоҳ мешавад...
Вақте ки Некрӯз бо духтару набераҳо ба шаҳр расид, офтоб рост дар болои сар қарор дошт. Ҳаво гарм, бар замми он, дуду ғуборолуд буд. Дарҳол ҳис мешуд, ки касрати мошину корхонаҳо назофату покии табиатро костааст. Ба хусус, одамони аз шаҳраку деҳаҳои хушбоду ҳаво баромада ин ҷавви дудаолудро тез пай мебурданд. Некрӯз худрави таксиро дар назди бозори мошинҳо нигаҳ дошта ба Ҳусния рӯ овард:
– Духтарам, ту бо бачаҳо ба хонаат рав. Ман ба домод телефон карда мегӯям, ки ба бозор биёяд.
– Додоҷон, аз ин раъятон гардед, чӣ лозим?
– Корат набошад, ҳамааш хуб мешавад.
– Кошкӣ ин нағзиҳора мефаҳмид... 
– Дар боло Худо ҳам ҳаст. Агар коре кунам, барои фарзанду набераҳоям мекунам. Некрӯз аз мошин пиёда шуда бо таъкид афзуд: – Вақта талаф надиҳем, ту раву аз пайи зиндагиат шав. Худо хоҳад, торикӣ надаромада корамона ба сомон мерасонем.
Агарчи рӯзи якшанбе буд, даробарои одамон дар мошинбозор тунук ба назар мерасид. «Гавҷуми бозор то нисфирӯз аст, – аз дил гузаронд Некрӯз дар роҳравҳои миёни растаҳо қадамзанон, – шояд талабгорон хости дилашона ёфта аз пайи хатту чак ба қабули нотариус рафта бошанд. Ҳеч гап не, ҳанӯз вақт ҳаст, то бегоҳ пайдо мекунам». Ӯ ба назди як дастгоҳ «Спарк»-и ширранг омада истод. Худрав ба назараш хеле гарм тофт, гӯё қаблан онро дар ҷое дида буд. Капоти мошин боз меистод, гардонаи3 онро бо тамоми аҷзояш чунон тоза шустаанд, ки ҷило медод. Ба рӯйи як барг коғази ба даҳонаи бози капот наворчаспшуда соли сохта шудани худрави саворӣ ва шумораи телефоне ба чашм мехӯрд. Некрӯз гӯшии ҳамроҳашро аз киса бароварда рақами рӯйи коғазро чид. Садои фосиладори гӯшӣ қатъ нашуда, аз паси сараш овозе омад:
– Бародар, шумо занг мезанед?
Некрӯз тоб хӯрда ба қафо рӯ гардонд. Ба пас гашту бо дидани чеҳраи ошно беихтиёр ба ваҷд омад. Дар муқобилаш марди болобаланди сиёҳгуна, ки аз сокинони деҳаи ҳамсояашон буд, лабханд зада меистод. Ба сар кулоҳи сабуки баҳорӣ дошт, домани пероҳани сапеди остинкӯтаҳаш аз болои шими тирафом қариб то зону мефаромад. Некрӯз бо ҳаяҷон гуфт:
–  Парвиз, ин худатӣ?! 
Ҳар ду бо ҳам бағал кушода вохӯрӣ карданд. Пас аз дуруду ҳолпурсии кӯтоҳ Некрӯз ба сари мақсад гузашт.
– Ба бачаҳо як саворӣ хариданӣ будам, – гуфт ӯ, – растаҳора ду бор давр задам, лекин ҳеч мошине ба дилам нанишаст. Ин ҷо расидаму «Спарк»-и ту ба назарам гарм тофт.
Парвиз бо завқ изҳор намуд:
– Бифармо, ин мошини худат аст! Медонӣ, ду сол пеш харида будам, ҳоло маҷбур шудам ба бозор барорам, – ӯ каме тааммул кард, вале нигоҳҳои суоломези Некрӯзро, ки зудтар идомаи суханашро шунидан мехост, пай бурда афзуд: – Пардохтани пули донишгоҳи писарам мушкил шуд, дигар ҷойи даромад надорам. Ду соли аввал аз молҳоям фурӯхтам, акнун мошина пул накунам намешавад.  
– Қарордодӣ мехонад? 
– Оре. 
– Дар кадом ришта?
– Пешаи интихобкардааш нағз, Худо хоҳад, ҳуқуқдон мешавад.
– Гап нест! Фардо кор кунад бармегардонад. Бачаҳои имрӯз диплом гиранд шуд, тез роҳ меёбанд, зарангу доноянд ҳамаашон.
– Ман ҳам бо ҳамин умед ҳар чӣ дорам харҷ мекунам, дунё ба умед!
Телефони ҳамроҳи Некрӯз занг хӯрд. Вақте ки гӯширо бардошт, аз он сӯйи хат садои домодашро шунид:
– Амакҷон, ин хабари хуша аз духтаратон шунидаму сарам ба осмон расид, раҳмат! – мегуфт ӯ бо ҳаяҷон. – Худам рафта наметавонам, бо ҳамкоронам шинак дорам, лекин додарам Хумсара фиристодам. Бемалол ба номи вай харидан гиред, бе он ҳам доимо бо ман аст, бароям ваколати рондан медиҳад.
Телефон қатъ шуд. Некрӯз гӯшии ҳамроҳашро, ки кӯтоҳ-кӯтоҳ садо медод, дар даст дошта, бо нигоҳи ҳайратзада ба Парвиз чашм дӯхта монд. Ҳамин дам дар сари роҳрави растае, ки онҳо меистоданд, танутӯши лоғари Хумсар намудор шуд. 
– Чаро ранги рӯят канд, дӯстам, бо кӣ суҳбат кардӣ? – пурсид Парвиз малӯл мондани ӯро пай бурда.
– Домод додараша фиристодааст, ана меояд, – ба самти даромадгоҳ ишора карда гуфт Некрӯз, – ту чӣ мегӯйӣ, мошина ба номи ӯ гузаронам?
Парвиз дарҳол аз асли қазия воқиф шуд. Ба пушт сар гардонда, омада истодани ҷавони ношиносро зери чашм хонда, андешаманд баён кард:
– Агар ба домодат бовар дорӣ, дудила нашав. Боз худат медонӣ. Намешавад ба исми духтарат номнавис кунем?
– Вайро ҳам ташвиш надиҳам гуфтам... Э, ҳар чӣ бодо бод, биё, беҳтар ин ки ба корамон бирасем!
***
Охирин айёми офтобии тамуз4 аз замину замон доман ҷамъ карда, ба  ҳавою бодҳои сарди поизӣ бағал мекушоданд. Аз он рӯзе, ки падари Ҳусния ба шавҳараш худрави саворӣ харида, ду-се насиҳат гуфта рафт, се моҳ мегузашт. Тайи ин муддат худро каме осуда ҳис кард, шавҳари дам дар дарун, ки аз чеҳраи гирифтаи ӯ ботинашро хондан амри муҳол буд, чизе намегуфт. Ҳатто як бор ба хотири калтак заданҳояш изҳори пушаймонӣ накард-е, шаҳбоз! 
Дар ин миён фарзанди сеюм ба дунё омад. Ҳусния хеле умед дошт бо дидани тифли навзод шавҳар шир мефарорад. Аммо, ҳамон се-чаҳор рӯзи дар бемористон будан донист, ки об дар ҳован кӯфтааст. Шавҳари худбин ҳадди ақал як бор ба остонаи зойишгоҳ қадам нагузошт, шодиёна доданро ба худ эб надид. Хумсари даҳонбоз, ки аз фарти мошинсаворӣ наметавонист афти инҷашро ҷамъ кунад, ӯро бо духтараш ба хона овард. Дар воқеъ, худрави саворӣ пурра дар ихтиёри додаршӯ буд, ба гӯшаи хаёл намеовард, ки бояд ба бародар ваколати ронандагӣ  диҳад... 
Дар ҳоле ки шавҳараш аз субҳ то шом бо баҳонаи кор дар берунҳо мегашт, Хумсар ҳамеша дар гирду бари ӯ тор метанид. Гӯё ба шаҳр аз пайи кор омада буд, вале шаш моҳ мегузашту аз кор дараке не. Мошин харидани падар ба ӯ айни муддао гардид, барои кайфу сафоҳои беохир дастёри беминнат дар ихтиёр дошт. Он чиз ба Ҳусния алам мекард, ки ҳатто ба бензини худрав пулро аз ҷайби бародар мегирифт.
Ғайри интизор, шавҳар одати ноҷӯре пайдо кард. Ду-се рӯз дар миён шабҳо ба хона наомада,  дар куҷоҳое то субҳ мемонд. Аҳёнан сару думаш дар манзил намудор мешуд, он ҳам бо қавоқҳои уфтода ва то ҳадде пакар. На фақат дасту рӯ, балки химаҳои чашмашро низ нашуста ба ҷойи хоб медаромад ва худро ба кӯрпа печонида то нисфу нимаҳои рӯз қусури камхобиро мешикаст. Чӣ вақте бедор мешуду дубора ғайб мезад, ки ҳатто Ҳусния пай намебурд. На бо зан коре дошт, на бо бачаҳо. 
Ин рафтори бародар ба Хумсар расани озодиро дарозтар дод. Ҳар гоҳ дилаш мехост аз зану бачаҳои бародар кор мекашид, баъзан ба сарашон дод мезад, тааддӣ мекард. Ҳусния намедонист бо ӯ чӣ гуна канор ояд, аз тарси ҷаҳлу муштзӯрии шавҳар дар изои бадгӯйиву зӯриҳояш лом-мим намегуфт. Вале, бо вуҷуди ин тааддиҳо Хумсар чунон хурсанд мегашт, ки фикр мекунӣ, банги девона хӯрдааст. Аҳёнан бо даҳону симои паҳн вориди хона шуда, аз дасту руху тани бачаҳо пучида-пучида онҳоро ба рақс меандохт ва гоҳе худаш низ бо оҳангҳои дурушти зерилабӣ даст меафшонд. Ҳар замон «шӯхӣ»-ҳояш аз доира мегузашту даст ба китфу бозувони зани бародар мебурд, худро хеле ҳазлкаш вонамуд карда, ӯро низ ба бозӣ дароварданӣ мешуд...
... Саҳрои бекарон зим-зиё торик аст. Ҳусния пеш-пеши худ танҳо пайроҳаеро мебинад, ки аз куҷое равшан мешаваду охираш нопайдост. Бо тамоми ҷон ба пойҳояш фишор овард, саъй кард аз ҷаҳаннами торикӣ раҳоӣ ёбад, тез-тез қадам зад. Дар ҳоле ки аз ҳавлу ҳаросонӣ нафасаш мегирифт, пай бурд, ки деве аз қафои ӯ меояд. Аз тарс ба пушт нигоҳ накард, бо шитоби бештар роҳ гашт. Тори равшаниро зери чашм хонда то хеле ҷо рафт, вале дар вуҷудаш қувват намонд, поҳояш суст шуданд. Ҳамин дам панҷаи кулуфти дев аз паси гиребонаш дошт. «Очаҷон!!!» – аз таҳи дил дод зад Ҳусния...
Зан парида аз ҷо хест. Ҳанӯз ба худ наомада ва хоби дидаашро аз мағз нашуста буд, ки дар фазои ниматорики хона суроби сип-сиёҳи чизе ғӯлмонанд ба назараш намуд. Тарсиду дубора аз по даррафт. Марди «ғӯл» дар паҳлуяш нишаст. Наздиктар лағжида аз банди дасти ӯ гирифт ва бо овози кам гуфт:
– Натарс, янга, манам, – Хумсар дасти росташро аз зери гардани зан гузаронд ва бардошта ӯро ба бағал кашид, – ҳеч ҷойи воҳима нест, худатро ба даст гир.
Мисли ин ки ба хоби амиқ рафта, зан ба ҳеч чиз аксуламал нишон надод. Хумсар аз ҳол рафтани янгаро пай бурд, дар зери гӯшпонааш «Ҳусния!» гӯён садо баланд кард ва ҷуссаи ӯро дар бағал чанд бор такон дод. Як лаҳза ором гирифт, бо андешае гӯшашро ба сари дили зан гузошт. Дук-дук зарабони қалбро ҳис кард. Ҳамзамон чунон роиҳаи хуш ба машомаш зад, ки беихтиёр нафаси амиқ кашида, гунаи худро ба рӯйи синаи зан часпонида истод. Дасту тани Ҳусния ҷунбид. Ногоҳ ларзиду сулфа кард. Хумсар ӯро сахттар дар бағал кашид, дар ҳоле ки аз накҳату тафти занона маст шуда буд, лабу лунҷи бадбӯйи худро ба лабони беҳиси янга наздик бурд. Ҳамин лаҳза ришҳои расидаи ҷавони фосиқ муштипари беҳолро ба худ овард. Зан чашм кушоду дар фазои гургумеши хона, ки аз ҳавои маҳтобии берун ҳосил мешуд, худро фишурда дар зери дастони чун чӯби қоқ хушк ва оганда ба фуки бадбӯйи хукона дид. Хотираҳо дар ҳушу зеҳнаш зинда шуданд, аз сиёҳчоли тасаввурӣ раҳоӣ ёфт ва бо ҷаҳд дасту по зада ҷуссаи хабиси таҷовузкорро аз болои худ ба канор тела дод.
– Хумсар, чиҳо мекунӣ?! – бо хашм садо баланд кард Ҳусния. – Ба кӣ даст меёзонӣ, номард?!
Ҷавон ба худ омад. Баробари хестани янга сари по баланд шуда бо садои кам, вале гиро гуфт:
– Дод назан, бачаҳо бедор мешаванд...
– Бериёи касиф, баро аз хона!
Хумсар кам наомад: 
– Хафа шав, аз ин кулба ту меравӣ, на ман. Бародарам кайҳост, ки ба пушти ту лагад задааст. Нафасата кашу ба гапам даро.
Ҳусния ба шигифт омад. Намедонист ба ин лаини пуррӯ чӣ гӯяд. Сарбандашро аз болои болиш гирифта ба сар баст. Нимчаи ба рӯйи курсӣ кашида мондаашро аз рӯйи курта пӯшид. Ҳамин ки хост ба сӯйи дар қадам ниҳад, Хумсар маҳкам аз бозуяш дошт ва ба саъйи раҳоӣ ҷустани ӯ таваҷҷуҳ накарда гуфт:
– Аз баҳри бародарам баро, бо ман бош. Ӯ зани дигар дорад. 
Чашмони Ҳусния мисли пиёла боз шуданд. Хост аз таҳи дил дод зада дашном диҳад, вале ба рӯйи бистари хоб сари ҷо ҷунбидани бачаҳояшро диду худро нигаҳ дошт. Фарёд назад, аммо бо тамоми неру аз синаи додаршӯ ба пушт тела дода, ҳавломез аз дар ба даҳлез баромад. Чун ҳис кард Хумсар аз қафо меояд, ба рост печида ба ошхона гузашт. Ҳанӯз даст ба кашуи чанголу кордчаҳо набурда, дубора дар чанголи ҷавони мадҳуш монд. Хумсар як қабза мӯяшро ғиҷим карда ба пас кашид, ҷуссаи сабукашро давр занонда пуштнокӣ ба девор танба кард. Ба маҳзи рӯ ба рӯ қарор гирифтан, марди сархуш маҳкам ӯро ба оғӯш гирифт ва бо чашмони нимапӯш хирросзанон фуки бадбӯйи худро ба ғабғабу баногӯшаш молида, мисли хари маст ба нашъа кашидан даромад. Ҳусния ҳарчанд дасту по мезад, сарашро тез-тез ба ду самт гардонида аз комҷӯйии ноҷинс раҳоӣ ёфтанӣ мешуд, бефоида буд. Ҳамин дам як гӯшаи нигоҳ ба рӯйи мизи зарфҳо уфтод ва дасташ ба як чойники чойхӯрӣ. Барқосо хаёле аз зеҳн гузаронд ва чойникро бардошта сахт ба гиҷгоҳи ҷонвари ҳашарӣ фаровард. Чойник шикасту реза-реза шуда ба каф рехт. Дастаки он дар дасти Ҳусния монд. Зан бо нӯки тези дастак дубора ба зери гӯшпонаи мулӯҳ5 зад... 
Ҳар талае ҳалқаи нозук ва ҳар сиёҳчоле сӯрохии наҷот дорад. Дар бунбаст ноумед шудан нашояд, зеро то ҷон дар рамақ аст, умед ба рӯзи сапед мемонад. Ҳусния дар доми гирифторӣ охирин илоҷашро ба кор бурд. Ҳамин ки аз зарби ӯ каллаи хуншори Хумсар калавида, ҷуссааш аз по даррафт, оҳи сабук кашид, сарутани худро афшонда ба хонаи бачаҳо гузашт. Ҳар се бехабар аз корҳои олам орому беғам хоб мерафтанд. «Ҳоло бихобед, азизонам, рӯз шавад... », аз дил гузаронд ӯ ва ба пас гашт. Агарчи равшании субҳи содиқ ба дохили хона мезад, боз чароғи даҳлезро равшан кард. Дар кунҷи роҳрав даричаи мадонро кушода, ашё ва лавозими дохили онро тагурӯ намуд. Он чӣ мехост дарёфт, ресмони абрешимини аз ангушти калон дуруштарро, ки замоне худаш таҳ карда гузошта буд, аз зери чизучора кашида ба рӯ гирифт. Ба ошхона гузашт. Додаршӯйи палид аз ҳуш рафта, беовоз дароз мекашид. Гиҷу беҳуш шудани ӯ як сари мӯ Ҳуснияро нороҳат намекард, аммо аз хунравии бисёр нигарон шуд. Ҳарчанд аз ғояти нафрат ба рӯйи касифаш туф андохта, онро бештар мачола кардан6 мехост, боз ҳам ҳисси тараҳҳум пирӯз омад. Ресмонро ба замин монда, нахуст бо як порча докаи нам ҷойи кафидаро пок кард. Дар зери дасташ Хумсар такон хӯрд, абрӯ боло-поин кашид, аз димоғ «инг-инг» садое ба мисли овози сагбача баровард. Ӯ бо як порча докаи хушки дигар маҳкам аз рӯйи захм баста, бо зарда гуфт:
– Мур, аз ин рӯзат бадтар шав! 
Сипас ресмонро боз карда, як сарашро бо зӯр аз таҳи бағали Хумсар гузаронд. Онро ҳалқавор гиреҳ зад ва аз идомаи банд маҳкам дошта ба самти айвон кашид. Агарчи сахт буд, аз уҳдаи кор баромад, ҷуссаи лоғар, вале вазнинро каш-кашон то назди лӯлаҳои филизии гармкуни деворӣ оварда нишонд. Ресмонро як бор дар атрофи шонаҳои гармкун печонида, дубора ҳар як дасти Хумсарро зич карда ба лӯлаҳои идомаи гармкун баст. Ҷавон дигар наметавонист такон хӯрад. Сари мӯйҷингилаи ӯ ба поён овезон меистод, аз чакакаш шиёрҳои хун то гардан шорида, нақше рангин ба ҷо мегузоштанд.
Ҳусния оғушта дар гирдоби қаҳр, бо ҳоле ки гӯё теғи ғаму ноумедӣ ҷигарашро мешикофт, ба назди бачаҳо гузашт ва чун халтаи коҳ ҷуссаи бедармонашро ба рӯйи бистар ҳаво дод.
 ***
Пинак бурд ё не, Ҳусния бо садоҳои берабти гумс-гумс бедор шуд. Рӯз фаро расида буд. Нозанинаш сари хурдаки худро дар миёни синаҳои ӯ часпонида бо ноз, гӯё лабони нозуки барги пиёзиаш ба табассум моил буданд, хоб мерафт. Надонист, ки чӣ вақте духтарро ба бағал гирифта макондааст. Оҳиста кӯдакро ба рӯйи болину пастарчаи худаш хобонид.
Ба маҳзи дари хонаро кушода ба даҳлез баромадан, овози хирросии Хумсар аз самти айвон омад:
– Чаро дасту поямро бастӣ, нокас! Биё, боз кун, биё!!
Ҳусния боз ҳам дар дил «мур, аз ин бадтар шав!» гӯён бепарво ба ҳаммом даромад. Дасту рӯ шуста мӯйҳояшро ба тартиб даровард, гӯшаҳои сарбандашро дар зери гулӯ гиреҳ зад, як лаҳза ба оина нигоҳ карда истод. Қарнияи чашмонаш бо хат-хатиҳои қирмизранг, пӯсти пешониаш бо каме чурукӣ ба поин кашида, ранги рухсораш паридаю бенур менамуданд. «Худоё шукр, ба нияташ нарасид, – ба акси худ нигоҳ карда аз хаёл гузаронд ӯ, – хост тани покамро олуда кунад, номард...». 
(Давом дорад).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: