25 май дар назди Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳокимаи рафти ислоҳот дар соҳаи таълими мактаб ба амал омад.
Бо фармони Президент аз 11 майи соли равон Барномаи миллии рушди таълими халқ дар солҳои 2022-2026 тасдиқ шуда буд. Дар он 6 самти асосӣ муайян шудааст: баланд бардоштани сифати таълим дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, баланд бардоштани нуфузи касби омӯзгорӣ, рушди таҳсилоти фарогир, роҳнамоии касбии хонандагон, такмили инфрасохтор ва рақамикунонии соҳа. Ҳар кадоми ин соҳаҳо аз даҳҳо вазифаҳои конкретӣ иборат аст. Ҳамчунин, тибқи қарори Президент ҷиҳати иҷрои ин барнома бинобар ҳар як ноҳия ва шаҳр “харитаи роҳ” таҳия шудааст.
Дар ҷамъомад вазири таълими халқ дар бораи корҳо ва нақшаҳои дар ин самт барои соли таҳсили оянда оғозшуда маълумот дод.
Аввал масъалаҳои ба раванди таълим ҷорӣ намудани барномаҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар назар аст, ки имсол барои синфҳои 3, 6, 7 ва 10, дар солҳои 2023-2024 барои синфҳои 4, 5, 8, 9 ва 11 китобҳои дарсӣ, дафтарҳои корӣ ва васоити таълимӣ таҳия карда шаванд.
Сарвари давлат зарурати офаридани китобҳои дарсӣ босифатро тавассути таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҳисоби коршиносону пажӯҳишгарони хориҷӣ таъкид кард.
Дар барномаи миллӣ ба баланд бардоштани нуфузи омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса дода шудааст. Ин тақозо менамояд, ки кадрҳои баландихтисоси муосири педагогӣ тайёр карда шаванд. Бо ин мақсад Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ ва ташкилотҳои таълимӣ ва илмии назди он ба ихтиёри Вазорати маорифи халқ гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад доир ба трансформатсияи таълими омӯзгорон, такмил додани қабул ба мактабщои олӣ, баланд бардоштани нерӯи илмӣ ва пайвастани раванди таълим бо амалия дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва омӯзиш бинобар услубҳои нав зарурати васеъ гардондани фаъолияти Донишкадаи миллии тадқиқотии ба номи Абдулло Авлонӣ, таъмини ҳамкории наздики донишкада ба омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ дар маҳалҳо зикр гардид. Қарор қабул шуд, ки аз соли таҳсили оянда низоми аттестатсияи касбии муаллимони химия, биология, физика ва математика ҷорӣ карда шавад.
Президент ба масъалаи интихоби дурусти директорони мактабҳо, ривоҷ додани салоҳияти касбӣ ва роҳбарии онҳо дахл кард. Аҳамияти дар фаъолияти мактабҳо пурзӯр намудани на танҳо ҷиҳати таълимӣ, балки ҷиҳати тарбиявӣ низ қайд карда шуд.
– Маънавият аз мактаб сар мешавад. Таваҷҷуҳ ба масъалаҳои маърифат дар мактабҳоро бояд ба ҳамон анедозае, ки ба таълим дода мешавад, анҷом дод, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вобаста ба ин, тавсия дода шуд, ки адабиёти маърифатӣ эҷод карда шавад, ки ба васеъ шудани ҷаҳонбинии хонандагони ҳар як синф мусоидат намояд.
Вазъияти инкишофи таълими беруназмактабӣ низ муҳокима шуд. Вазифа гузошта шуд, ки барномаи панҷсола оид ба беҳтар намудани фаъолият ва инфрасохтори мактабҳои «Баркамол авлод» таҳия карда, дар онҳо ташкили маҳфилҳои STEAM пешбинӣ карда шавад.