Рафти иҷрои лоиҳаҳои хоҷагии қишлоқ баррасӣ гардид

  • Рафти иҷрои лоиҳаҳои хоҷагии қишлоқ баррасӣ гардид
  • Рафти иҷрои лоиҳаҳои хоҷагии қишлоқ баррасӣ гардид
  • Рафти иҷрои лоиҳаҳои хоҷагии қишлоқ баррасӣ гардид
  • Рафти иҷрои лоиҳаҳои хоҷагии қишлоқ баррасӣ гардид
  • Рафти иҷрои лоиҳаҳои хоҷагии қишлоқ баррасӣ гардид
  • Рафти иҷрои лоиҳаҳои хоҷагии қишлоқ баррасӣ гардид

Президент Шавкат Мирзиёев 27 апрел оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо ва баланд бардоштани сифати таълим дар соҳаи кишоварзӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Соҳаи кишоварзӣ дар кишвари мо манбаи муҳими маҳсулоти хӯрокворӣ, ҷойҳои корӣ ва даромад мебошад. Дар панҷ соли охир ба соҳа 2,5 миллиард қарзи хориҷӣ ҷалб шуда буд. То имрӯз 1 миллиарду 700 миллион доллар азхуд шудааст, ки аз ҳисоби он ҳудуди 4 ҳазор лоиҳа амалӣ шудааст. Аз ҷумла, гармхонаҳои замонавӣ, боғҳои интенсивӣ, иншооти тайёркунии ниҳолҳо ва анборҳои яхдон бунёд карда шуданд.

Дар ҷамъомад тадбирҳо ҷиҳати самаранок равона кардани маблағҳои аз институтҳои молиявии байналмилалӣ ҷалбшуда, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳо баррасӣ шуданд.

Имрӯз 580 лоиҳаи нав ба маблағи 400 миллион доллар ташкил карда шуд. Аммо иҷрои онҳо бо сабаби кӯтоҳ будани мӯҳлатҳои қарз ва ё нарасидани мутахассис ба таъхир меафтад.

Ба ин муносибат ба Вазорати кишоварзӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки лоиҳаҳоро мустақилона оғоз намуда, дар асоси лизинг фурӯшад.

Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ бунёди ҳудуди 2000 гектар боғу токзорҳои интенсивӣ дар 6 вилоят, кушодани 17 маркази хурди агрологистикӣ бо иқтидори умумии 115 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст. Онҳо ба соҳибкорон дар шакли тайёр дар асоси лизинг фурӯхта мешаванд.

Сарвари давлат оид ба рушди соҳаи хизматрасонӣ, мониторинги онлайнии киштукор ва истеъмоли об супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки соли равон дар вилоятҳои  Андиҷон, Намангон, Фарғона, Ҷиззах, Самарқанд ва Хоразм марказҳои агрохидматгузорӣ, ки беш аз 100 хидмат хоҳанд расонд,   созмон дода мешаванд. Марказҳо дорои озмоишгоҳҳои замонавӣ бо мутахассисони хориҷӣ хоҳанд шуд. Дар ин ҷо идораи маблағҳои ба лоиҳаҳо ҷудо кардашуда, инчунин баҳисобгирии электронии замину зироатҳо, назорати обёрӣ ва ҳосилнокӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба Вазорати кишоварзӣ супориш дода шуд, ки «харитаҳои роҳ»-ро дар заминаи минтақаҳо таҳия намуда, иҷрои онҳоро дар маҳал ташкил намояд.

Дар ҷамъомад инчунин ба масъалаи сифати таълим дар соҳаи кишоварзӣ дахл карда шуд.

Дар соли таҳсили 2022-2023 ташкил кардани фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.  Президент  зарурати ҷалби омӯзгорони хориҷӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони маҳаллиро зикр намуд.

Ба Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд вому грантҳо ба маблағи 17 миллион долллар ҷалб карда шудааст. Ба шарофати ин лабораторияи донишгоҳ бо 129 намуди таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ дар 20 соҳа, аз қабили боғдорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, механизация, саноати хӯрокворӣ майдонҳои нави таҷрибавӣ бунёд карда мешавад.

Сарвари давлат ҳамчунин ба аҳамияти омода кардани мутахассисони сатҳи миёна барои соҳа таъкид кард. Барои ин хамкории коллеҷҳо ва техникумҳоро бо мактабҳои олии соҳавӣ бояд таъмин  кард. Ба вазоратҳои масъул супориш дода шуд, ки барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва низоми таҷрибаи ин муассисаҳои таълимиро мувофиқи талаботи корхонаҳои саноатӣ аз нав дида бароянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: