Рафти иҷрои вазифаҳое, ки ба баланд бардоштани шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд, баррасӣ гардиданд

  • Рафти иҷрои вазифаҳое, ки ба баланд бардоштани шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд, баррасӣ гардиданд
  • Рафти иҷрои вазифаҳое, ки ба баланд бардоштани шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд, баррасӣ гардиданд
  • Рафти иҷрои вазифаҳое, ки ба баланд бардоштани шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд, баррасӣ гардиданд
  • Рафти иҷрои вазифаҳое, ки ба баланд бардоштани шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд, баррасӣ гардиданд
  • Рафти иҷрои вазифаҳое, ки ба баланд бардоштани шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд, баррасӣ гардиданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 7 апрел оид ба масъалаҳои беҳтар гардондани роҳҳои дохилӣ, кабудизоркунӣ дар доираи лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз”, содда гардондани расондани хидмати давлатӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳар се вазифае, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шудаанд, ба баланд бардоштани шаъну шарафи инсон, таъмини некуаҳволии мардум нигаронида шудааст.

 Вазъияти роҳҳои дохилӣ – аз мушкилоти бештари мардум аст. Аз рӯзмаррагии ин масъала он чиз далолат медиҳад, ки ба ин муносибат аз шаҳрвандон ба портали “Буҷаи ташаббуснок” 20 ҳазор пешниҳод расидааст, ки 25 фоизи шумораи умумии муроҷиатҳоро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Андиҷон таҷрибаи нав оид ба беҳтар кардани сифати роҳҳои дохилӣ оғоз гардид. Корхонаҳои истеҳсоли семент кластер ташкил намуда, дар 31 маҳаллаи дурдаст 23 километр роҳро бо омехтаи симону бетон пӯшиданд.

Истифодаи симон ба ҷои асфалт дар сохтмон 600 миллион сӯм ва воридоти битум 350 ҳазор долларро сарфа кард. Муҳимтар аз ҳама, кластер ӯҳдадор шудааст, ки роҳҳои сохтаи худро дар тӯли 10 сол нигоҳ дорад.

Дар ҷамъомад вазифа гузошта шуд, ки бо назардошти ин таҷриба 2,3 ҳазор километр роҳҳои симонубетонии таъиноти дохилӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва минтақаҳо  сохта шаванд.

Тибқи ҳисобҳо, истеҳсоли сементи ватанӣ то охири соли ҷорӣ ба 18 миллион тонна мерасад. Ин талаботи дохилиро пурра конеъ мегардонад.

Дар маҷмӯъ, бо мақсади дастгирии фаъолияти кластерҳои роҳ  таҷҳизоти барои сохтмони роҳҳои бо пӯшиши сементубетонӣ воридшаванда аз 1 май то охири сол аз пардохти боҷи гумрукӣ ва пардохтҳои партов озод карда мешаванд.

Илова бар ин, имсол дар марказҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳо бунёди 670 километр роҳи пиёдагардон ва велосипедронӣ дар назар аст. Қайд гардид, ки онҳо ҳам бояд рӯйпуши симону бетонӣ дошта бошанд, ҳангоми лоиҳакашии онҳо ба системаи обпарто диққати махсус дода шавад.

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ аз 2 феврал нақшаҳои шинондани 125 миллион ниҳол дар мавсими баҳор дар доираи лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” пешбинӣ шуда буданд. Роҳбарони кумитаҳои давлатӣ оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангал ва ҳокимиятҳо дар бораи корҳои дар ин самт анҷом додашуда маълумот доданд.

Зарурати шинондани дарахтон ва қаламчаҳои сафедор дар ҳар як маҳалла, муассисаҳои таълимӣ, канори каналу роҳҳо нишон дода шуд. Қайд карда шуд, ки таҷрибаи парвариши якхелаи дарахтони меваю ороишии то синни 5-сола, ки дар Тошканд cap шуда буд, бояд дар дигар шаҳрҳо низ ҷорӣ карда шавад.

Вазъи кандани шабакаҳои нави обёрӣ ва пармакунии чоҳҳо дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» низ баррасӣ шуд.

Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои соддагардонии хизматрасонӣ ва густариши хизматрасонии маишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вазифаҳои минбаъда оид ба беҳтар намудани қулайии дастрас намудани чунин хизматрасониҳо муайян карда шуданд.

Аз ҷумла, аз 1 июли соли ҷорӣ талаби тасдиқи имзои электронӣ барои 38 намуди хизматрасонии давлатӣ бекор карда шуда, бо истифода аз телефони мобилӣ амалӣ карда мешавад. Талабот барои гирифтани 6 намуди иҷозатнома низ бекор карда мешавад. Барои аҳолӣ ва соҳибкорон бинобар беш аз 8 хидмат низоми огоҳиномаи электронӣ ҷорӣ карда мешавад. Тартиби аз аҳолӣ ва соҳибкорон талаб кардани 32 намуди ҳуҷҷат ва маълумотнома аз ташкилотҳои коммуналӣ бекор карда мешавад. Кӯдакони оилаҳои камбизоат аз пардохти маблағ барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо озод карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, то охири соли оянда теъдоди хизматрасониҳо, ки тавассути марказҳои хизматрасонии давлатӣ расонда мешаванд, аз 172 адади пешина то ба 300 адад, ва аз тариқи замимаи мобилӣ расондашаванда аз 60 то 250 адад афзоиш меёбад.

Дар бораи дар минтақаҳо сохтани марказҳои хизматҳои давлатӣ супоришҳо дода шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: