Рафти иҷрои вазифаҳои дар соҳаи тиб гузошташуда баррасӣ гардиданд

  • Рафти иҷрои вазифаҳои дар соҳаи тиб гузошташуда баррасӣ гардиданд
  • Рафти иҷрои вазифаҳои дар соҳаи тиб гузошташуда баррасӣ гардиданд
  • Рафти иҷрои вазифаҳои дар соҳаи тиб гузошташуда баррасӣ гардиданд
  • Рафти иҷрои вазифаҳои дар соҳаи тиб гузошташуда баррасӣ гардиданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 28 март бахшида ба чораҳо оид ба татбиқи вазифаҳои дар соҳаи тиб гузошташуда ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Тавре ки маълум аст, 18 март сарвари давлатамон бо намояндагони соҳаи тандурустӣ суҳбати ошкоро доир намуда, 24 март оид ба масъалаҳо ва пешниҳодҳои дар маҷлис ба миён гузошташуда фармоишеро ба имзо расонд, ки дар он бинобар ҳафт самти кор вазифаҳо ва шахсони масъул муайян шудааст.

Дар маҷлиси имрӯза рафти иҷрои ин вазифаҳо ва нақшаҳои оянда баррасӣ шуданд. Моҳи апрел ҳамчун тадбири афзалиятнок зарурати гузарондани скрининги мақсадноки 1 миллион нафар, ки таҳти зери хатар қарор доранд, инчунин 700 ҳазор кӯдак ва 100 ҳазор занони ҳомиладор нишон дода шуда буд.

Дар ҳар як поликлиникаи оилавӣ муҳимияти ташкил намудани беморхонаҳои рӯзона, дар 400 маҳалла утоқҳои духтури оилавӣ, инчунин дар маҳалҳои дурдаст дар заминаи контейнерҳо 1700 пункти тиббию санитарӣ махсус кайд карда шуд.

Вазифаҳои асосӣ кор дар қисмати маҳаллаҳо, ҳарчи бештар наздик кардани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим муайян шуданд. Муҳимияти таҳия ва ба оилаҳо расондани дастурамалҳо оид ба машқҳои ҷисмонӣ, хӯрокхурии дуруст ва пешгирии бемориҳо таъкид шуд.

Ба баланд бардоштани сифати ёрии таъҷилии тиббӣ, ташкил намудани бригадаҳои иловагӣ дар ноҳияҳои дурдаст, иҷрои супоришҳо оид ба зиёд кардани музди меҳнати якмоҳаи анестезиологҳо ва реаниматологҳо дар низоми ёрии таъҷилӣ диққати махсус дода шуд.

Имсол дар доираи барномаи сармоягузорӣ аз буҷет барои сохтмону таъмири муассисаҳои тиббӣ 1,2 триллион сӯм ҷудо карда шуд. Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки суръати сохтмонро тезонда, низоми хидматрасонии техникии таҷҳизоти тиббиро ба роҳ монанд.

Дар рафти суҳбати ошкоро қайд карда шуд, ки марказҳои махсуси тиббии ҷумҳурӣ бояд усулҳои нави баландтехнологии табобатро ҷорӣ намоянд. Масалан, ҳамасола то 200 нафар беморони лейкоз ба кӯчондани мағзи устухон ниёз доранд. Имконияти ташкили чунин амалиёт тавассути фароҳам овардани шароити муосир дар Маркази илмию амалии тиббии гематология ва хунгузаронӣ зикр гардид. Супориш дода шуд, ки ин кор дар ҳамаи пунктҳои тиббӣ ташкил карда шавад.

Вазифаи тасдиқ намудани тарифҳои барои ташкилотҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ ягона, инчунин васеъ гардондани хидматрасонӣ дар клиникаҳои хусусӣ оид ба самтҳои аз ҷониби давлат додашуда гузошта шуд.

Дар ҷамъомад  роҳбарони соҳа, духтурон, ҳокимон дар бораи татбиқи вазифаҳое, ки дар рафти мулоқоти ошкоро гузошта шудаанд, маълумот доданд.   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: