РАФТИ КОР БА НАЗОРАТ ГИРИФТА ШУД

Садорати вилоятии Идораи назорати назди Девони Вазирон аз болои кори Маҷмӯи агросаноатӣ, яъне «Ӯзагроинспексия» ба қарибӣ сафари ходимони ВАО ва блогерҳоро ба ҶММ «Дӯстлик агросервис МТП» созмон дод.

Иштирокчиён дар ин сафари матбуотӣ оид ба таъмири комбайнҳо ва умуман рафти корҳои тайёрӣ ба мавсими « Ғалла – 2022» шинос шуданд.
Маълум гардид, ки имсол дар мавсими ғалла ҳамагӣ 304-то комбайни гуногун иштирок мекунанд. 56-тои ин комбайнҳо ба ҶММ  «Ҷиззах агросервис МТП», 116-то ба корхонаи кластерӣ, 120-тояш ба хоҷагиҳои фермерӣ ва  боқимонда ба корхонаҳои дигар мансуб аст.
Муҳандисони корхонаи муштараки «СП КЕЙС» ва «КЛАСС» корҳои омӯзиширо ба анҷом расониданд ва маълум гардид, ки барои корҳои таъмиру тармими комбайнҳо 13 миллиарду 897 миллион сӯм маблағ зарур аст. Ҳоло 44 комбайн дар корхонаи «Ҷиззах агросервис МТП» аз таъмир баромад.
Назар ба маълумотҳо танҳо дар ноҳияи Дӯстлик аз ҷониби «Ӯзагроинспексия» 42 комбайн ба рӯйихат гирифта шудааст. Ин комбайнҳои тамғаи «КЕЙС», «Доминатор-130», «Вектор», « Ню-холдинг» мебошанд. Идораи ҳудудии  «Ӯзагроинспексия» рафти корҳоро мунтазам ба назорат гирифтааст.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: