РАФТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ МУШТАРАК БО АМА ВА ҶОПОН БАРРАСӢ ГАРДИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба мавриди муҳокимаи татбиқи созишномаҳое, ки оид ба ҷамъбасти ташрифҳои сатҳи олӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷопон ба даст омаданд, ҷамъомад баргузор намуд.

Ин ду мамлакат дорои имкониятҳои васеи сармоягузорӣ, таҷрибаи рушди рӯзафзун, навсозӣ ва самарабахш ҷорӣ кардани технологияҳои пешқадам, татбиқи лоиҳаҳои васеъмиқёси сармоягузорӣ, ки ташаккули иқтисодиёти табақакунондашуда ва устуворро таъмин мекунад, мебошанд.
Ташрифҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба АМА 24-26 март ва 17-20 декабри соли 2019 ба Ҷопон дар таърихи ҳамкории дуҷониба саҳифаи навро кушоданд. 
Музокирот ва чорабиниҳо, ки дар муҳити самарабахши дӯстӣ ва амалӣ бо шарикони АМА ва Ҷопон гузаштанд, бори дигар муҳим будани минбаъд дастгирӣ намудани мулоқоти дараҷаи олиро собит намуд, ки дар таҳкими дӯстӣ ва боварии тарафайни байни мамлакатҳоямон омили муайянкунанда ба ҳисоб меравад.
Оид ба ҷамъбасти ташрифҳо силсилаи ҳуҷҷатҳои ҷиддии байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, инчунин созишнома дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расиданд.
Инак, бо Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба маблағи беш аз даҳ миллиард доллар созишномаҳо ба даст омаданд, бо Ҷопон бошад, ин нишондиҳанда аз 6,6 миллиард доллар мегузарад. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетика, рушди инфрасохторӣ, нафту газ, кимё ва саноати нафту кимё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар рафти ҷамъомад таъкид гардид, ки созишномаҳо бо ширкатҳои АМА аллакай натиҷаҳои худро медиҳанд. Масалан, ширкати «Масдар» ба сохтмони неругоҳи барқии офтобӣ дар Ӯзбекистон сад миллион доллар сармоя мегузорад. Моҳи октябри соли 2019 он оид ба ҷалб намудани сармоя ба шарикии давлативу хусусӣ дар энергетикаи офтобӣ дар тендери кушоди дар таърихи мамлакатамон аввалин  ғолиб эълон гардид. Оғози корҳои сохтмонӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Ин гуна натиҷаҳо дар бисёр дигар лоиҳаҳо бо иштироки  ҳам АМА, ҳам Ҷопон ба мушоҳида мерасанд. 
Хусусан бо иштироки ҷониби АМА фонди сармоягузории «The Abu Dhabi Uzbek Fund» бо сармоя ба маблағи 1 миллиард доллар таъсис дода шуд. Имрӯз аз ҳисоби маблағи фонди мазкур бо маблағ таъмин намудани лоиҳаҳои хурд ва миёна, инчунин сохтмони меҳмонхона дар Самарқанд, хусусигардонии меҳмонхонаи  Hyatt Regency Tashkent маъқул дониста шуд.
Бо ҷалб намудани маблағҳои Агентии ҳамкории байналхалқии Ҷопон (JICA) лоиҳа оид ба сохтмон ва муҷаҳҳаз гардондани маркази тиббии илмиву амалии махсуси ҷумҳуриявии неврология ва инсулт татбиқ карда мешавад.
Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияи Ӯзбекистон аз ҳисоби маблағи вомии Бонки ҳамкории байналхалқии Ҷопон (JBIC The Japan Bank for International Cooperation) ҷалб намудани 180 миллион долларро барои татбиқи лоиҳаҳои «Созмон додани марказҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳо (марказ-маълумотҳо)», «Васеъ гардондани шабакаи телекоммуникатсионии нақлиётӣ ва шабакаи додани маълумот», «Навсозии радиошабакаҳо» ба нақша гирифтааст.
Баробари ин мутахассиси ҷопонӣ Эсуаки Ёшида фаъолияташро дар Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияи Ӯзбекистон ба сифати мушовири вазир оғоз намуд, ки бо масъалаҳои ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ва хатҳои байналхалқии вомӣ барои татбиқи Барномаи навсозӣ, азнавҷиҳозонии техникӣ ва технологии корхонаҳои технологияҳои ахбор шуғл хоҳад варзид. Дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷопон вазифаҳои мушовир-вакил оид ба масъалаҳои таълим, илм ва инноватсияҳо, инчунин мушовир оид ба кор бо тиҷорати хусусӣ ҷорӣ карда шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомад зарурати пурра ва хушсифат иҷро намудани чорабиниҳои мувофиқи «харитаи роҳ» дар соли 2020 муайяншуда, ки аз рӯи натиҷаҳои ташрифҳо таҳия шудаанд, таъкид намуд.
Ба татбиқи саривақтӣ ва хушсифати лоиҳаҳо, ки ба беҳтар гардондани сифати ҳаёти аҳолӣ ва рушди босуръати соҳибкорӣ дар мамлакатамон мусоидат менамоянд, эътибори алоҳида дода шуд.
Бино бар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ҳисоботи роҳбарияти Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ шунида шуда, чораҳои дақиқ муайян гардиданд.
Дар рафти чорабинӣ инчунин оид ба васеъ гардондани бомаблағтаъминкунии пеш аз содиротӣ, такмил додани муҳити сармоягузорӣ, амалӣ гардондани муносибати мақсаднок ба ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва лоиҳаҳои пешомаднок баррасӣ гардида, пешниҳодҳо таҳия шуданд.

ӮзА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: