Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои таъмини шуғл ва мазмуннок ташкил кардани фароғати ҷавонон ҷамъомад баргузор намуд.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвари мо мақсаднок ва васеъмиқёс аст. Аз ҷумла, соли гузашта дар 9 406 маҳалла фаъолия-ти пешвоёни ҷавонон ба роҳ монда, имконияти бевосита дар маҳалла ҳал намудани мушкилоти ҷавонон фароҳам оварда шуд. Дар натиҷа, мӯҳлати баррасии дархостҳои ҷавонон аз 30 то 5 рӯз кам карда шуд. Ҳоло бо тавсияи роҳбарон ба ҷавонписарону духтарон 25 хел ёрӣ расонда мешавад.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим ва таъмини шуғли насли наврас вазъи иҷтимоии 9 миллион нафар ҷавонони 14-30-сола мавриди таҳлил қарор гирифта шуд. Барои пурмазмун ташкил ташкил кардани фароғат ва ошкор намудани истеъдоди ҷавонон «Олимпиадаи панҷ ташаббус» гузаронида мешавад.
Дар ҷамъомад зарурати давом додан ва ба зинаи сифатан нав расондани ин кор таъкид шуд.
Сарвари давлатамон ташаббуси амалӣ намудани барномаи «Мактаби ҳаёт»-ро, ки ба касбомӯзӣ ва бо кор таъмин намудани хатмкунандагони мактабҳо нигаронида шудааст, пеш гузошт.
Муайян карда шуд, ки бо мақсади пурра ба эътибор ва дастгирӣ фаро гирифтани ҷавонон, он тавассути низоми «аз маҳалла то вазорат» ба мақомоти давлатӣ вобаста карда мешавад.
Вазифаи рақамисозии равандҳои ташаккул додан ва маблағгузорӣ, ки ба ҷавонон ҷудо карда мешаванд, таъмини мақсаднокии ин маблағҳо гузошта шуд. Оид ба дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ, рушди малакаҳои корчаллонии писарону духтарон дастурҳо дода шуданд.
Ҷавонони мо ба санъат, адабиёт ва варзиш мароқи калон зоҳир менамоянд. Бо мақсади васеъ намудани дастрасӣ ба шароитҳои дар ин минтақаҳо фароҳам овардашуда дар маҳалҳо чорабиниҳои «Корвони фарҳангӣ», фестивалҳо, мусобиқаҳои зеҳнӣ ва варзишӣ гузаронида мешаванд. Хиёбонҳои ҷавонон ва боғҳои эҷодӣ ташкил карда хоҳанд шуд.
Муҳимияти таъсис ва мунтазам нав кардани захираҳои иттилоотии алтернативӣ барои ҳифзи боэътимоди ҷавонон аз таъсири ғояҳои вайронкор қайд карда шуд.
Дар ҷамъомад шахсони масъул оид ба нақшаҳои чорабиниҳои соли ҷорӣ ҳисобот доданд.