РАГИ ОҲАНИНИ ВАТАН

Бо ташаббуси Президент аз соли 2017 инҷониб ҳар сол якшанбеи нахустини моҳи август ба сифати Рӯзи кормандони нақлиёти роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон васеъ ҷашн мегардад.

Мо бо электропоезди зудгард ба манзил сафар карда, ҳатто ба гӯшаи хаёл намеорем, ки дар бунёди ин роҳҳо чӣ қадар меҳнати роҳиоҳанчиён, бинокорон ва муҳандисон, роҳсозон харҷ гаштааст.
Дар қасри маданияти марказии «Темирйӯлчилар»-и пойтахт ба муносибати Рӯзи кормандони соҳа ҳамоиши тантанавӣ ташкил гардид, ки ба он коргарони садоқатманди соҳа таклиф гардиданд.
Паёми табрикии Президент Шавкат Мирзиёевро ба ҷамоаи ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси садорати ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» О.Раматов қироат кард.
Бино ба Фармони роҳбари давлат ба як гурӯҳ ходимон барои саҳми муносибашон ба тараққиёти соҳа унвонҳои баланд, орден ва медалҳои Ватан тантанавор супурда шуд.
Мутахассисоне, ки солҳои зиёд дар соҳа босамар меҳнат кардаанд, бо нишони сарисинагии «Фахрий темирйӯлчи» ва мукофоти пулӣ аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» тақдир гардиданд.
Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» соли 2018 роҳҳои нави оҳан барпо намуда, инфрасохтори нақлиётиву логистикиро ривоҷ бахшида, ба мусофирон сифати хизмати худро афзуда, мисли ин чандин лоиҳаи истиқболнокро бомуваффақият ба амал татбиқ намуд.
Дар асоси фармон ва қарорҳои Президент Шавкат Мирзиёев бунёди метрои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ дар шаҳри Тошканд низ аз ҷониби ҷамъияти мазкур ба амал ҷорӣ мегардад. Роҳи оҳани «Қаршӣ – Тирмиз», ки 325 километрро ташкил менамояд, пурра электриконида шуд. 9 январи соли ҷорӣ бошад, равуои электропоездҳо аз Тошканд то Тирмиз ба роҳ даромад. Тепловозҳое, ки собиқ дар воҳаи Сурхон бо сӯзишвории дизел ҳаракат мекарданд, ҳоло акнун ҷойи худро ба элетровозҳои замонавӣ ва баландқувват холӣ намуданд. Ҳоло электриконии хатҳои «Поп – Намангон – Андиҷон» ва «Қаршӣ –Китоб» бо суръати баланд давом дорад.
Дар бораи роҳиоҳанчиён, ки дар соли ҷорӣ дафъаи дуюм аст, ки иди касбии худро ҷашн менамоянд, дар бораи кӯшишу бунёдкориҳои онҳо бисёр мисол овардан мумкин.
Дар маросим иҷрокунандаи вазифаи ҳокими шаҳри Тошканд Ҷ.Ортиқхӯҷаев ва дигарон ходимони соҳаро бо ҷашнашон табрик намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани фаровонии ҳаёти халқи мамлакат, сабук намудани мушкили одамон, наздик намудани манзилашон, ки дар ҳамаи ин саҳми ходимони нақлиёти роҳи оҳан низ зиёд мебошад, барои муносиб қадр намудани меҳнат ва эъзоз кардани онҳо зоҳир намудани ғамхориҳои амалӣ миннатдорӣ баён намуданд.
Ба маросим барномаи калони консертие, ки аз ҷониби устодони санъат ва иҷрогарони ҷавон ба ин ҷашн бахшида шуд, файз ва руҳияи боз ҳам баланд бахшид.

Н. УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: