РАИС БОЗ ДАР ВАЗИФААШ МОНД

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шароф Рашидов» («Вардонзе»-и собиқ)-и ноҳияи Шофиркон ду деҳаи тоҷикнишин ва як авули қазоқнишин дошта, шумораи интихобкунандагони он 2744 нафар аст.

Дар интихоботи раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла 361 нафар вакилони онҳо даъват шуданд. Тадбир таҳти роҳбарии раиси гурӯҳи ёрирасон доир ба ташкил ва гузаронидани интихоботи раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Амрулло Қандов ба амал омад. Баъди интихоботи ҳайати раёсат ва гурӯҳи корӣ навбат ба гузориши номзадҳо ба раисии маҳалла расид. Ду номзад: омӯзгор Мирхон Каримов ва раиси дарамалбуда Барака Усмонов ҳозиронро бо барномаи амалиёти худ шинос карданд. Интихобкунандагон Муҳаммад Султонов ва Салим Нарзиев бобати дарки масъулият ва иҷрои холисонаи ваколатҳои раис ба он талабҳо гузоштанд. Баъд марҳалаи асосӣ – овоздиҳии пинҳонӣ ба номзадҳо сурат гирифт. Бинобар ҷамъбасти интихобот Барака Усмонов бо бартарии зиёд такроран раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шароф Рашидов» интихоб гардид. 
Дар тадбир деҳқони пуртаҷрибаи ҳудуд, узви Сенати Олий Маҷлис, Қаҳрамони Ӯзбекистон Азим Латифов иштирок кард.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: