Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон меояд

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14-16 сентябри соли равон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин бо боздиди давлатӣ ба кишварамон ташриф меорад.

Тибқи барномаи будубош дар шаҳри Самарқанд чорабиниҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ баргузор мешаванд.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба таври анъанавӣ, ҷанбаҳои амалии ҳамкорӣ ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, энергетика, нақлиёт, инноватсия, иқтисодиёти “сабз” ва рақамӣ, барномаҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва маданият дар маркази эътибор қарор мегиранд.

Сарони Ӯзбекистон ва Чин ҳамчунин доир ба рӯзномаи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд. Бинобар ҷамъбасти вохӯрӣ ба имзо расидани Изҳороти муштарак ва бастаи устувори созишномаҳо дар назар аст.

Рӯзҳои 15-16 сентябр Раиси ҶМЧ Си Сзинпин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ширкат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: