Раиси КМИ натиҷаҳои пешакии овоздиҳиро дар интихоботи президентӣ эълон кард

Зимни брифинги матбуотӣ раиси КМИ З.Низамхоҷаева натиҷаҳои пешакии овоздиҳиро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон кард.

Зимни брифинги матбуотӣ раиси КМИ З.Низамхоҷаева натиҷаҳои пешакии овоздиҳиро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон кард. Тибқи маълумоти пешакӣ, 80,1 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории номзад аз Ҳизби либерал-демократӣ Шавкат Мирзиёев овоз доданд.

6,6 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории номзад аз Ҳизби халқӣ- демократӣ Мақсуда Варисова овоз доданд. Номзад аз ҳизби  «Миллий тикланиш» Алишер Қодиров 5,5 дарсади овозҳоро ба даст овард. Номзад аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон Нарзулло Обломуродов соҳиби 4,1 дарсади овозҳо гардид. Ба тарафдории номзад аз Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" Баҳром Абдуҳалимов 3,4 дарсад раъй додаанд. Раиси КМИ таъкид кард, ки интихобот дар рақобати воқеӣ, бо риояи пурраи меъёрҳои байналмилалӣ ва принсипҳои демократӣ баргузор шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: