РАИСИ МАҲАЛЛА ЧАРО БА ҚОТИЛӢ ДАСТ ЗАД?

Аз канали Дарғоми вилояти Самарқанд ҷасади мард ёфт шуд.

Қурбони ғарқшавӣ ё ҳодисаи ногаҳонӣ набудани шаҳрванд, аз ҷароҳати бадани ӯ маълум шуда меистод.
Қувва ва воситаҳои идораҳои ҳуқуқу тартибот баҳри кушодани ин ҷиноят сафарбар карда шуд. Ходимони таҷрибанок, пеш аз ҳама, ба аниқ кардани шахси марҳум, баъдан пурсуҷӯи сабабҳои рӯйдод шурӯъ намуданд. Дар вазъе, ки ҷараён давом мекард, дар шаҳри Самарқанд автомошини бесоҳиб ёфт шуд. Ин барои дарёфти риштаи калоба кӯмак намуд. «Нексия» ба шаҳрванди ноҳияи Ургут тааллуқ дошта, маълум шуд, ки вай айнан марҳуми аз канали дарғом ёфтшуда мебошад.
Аз корҳои кофтукову ҷустуҷӯӣ тафсилоти ҷиноят ва шахсоне, ки ба ин қотилии мудҳиш даст задаанд, аниқ карда шуданд. Воқеа на дар шаҳри Самарқанд, ки мошин он ҷо ёфт шуд, балки дар маҳаллаи Тароқлии ноҳияи Ургут содир шуда будааст.
...Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тароқли» А.Олимов аз истиқоматкунандаи ҳамин маҳалла Р.Дӯланова (ному фамилияи шахсони ба ҷиноят алоқадор – мустаор) соли 2015 як ҳазор доллар қарз мегирад, аммо дар вақташ намепардозад. Рӯзе аз рӯзҳо Р.Дӯланова ба раиси маҳалла сим зада, шикоят мекунад, ки шаҳрванд Б.Бердиев ӯро ба таври доимӣ таҳқир карда, шаънашро мешиканад. Баъди он ҳарду аз Б.Бердиев ниқор ситонданро мақсад мегузоранд ва Р.Дӯланова изҳор менамояд, агар ин кор ба амал барояд, аз баҳри қарзе, ки ба раиси маҳалла додааст, мегузарад.
Ин шарт ба А.Олимов маъқул меафтад ва аз мастии Б.Бердиев дар хонадони Р.Дӯланова истифода карда, ба сари ӯ бо табар мезанад ва ӯро мекушад. Шарикони ҷиноӣ А.Олимов ва Р.Дӯланова бо мақсади пинҳон кардани изи ҷиноят ва халос шудан аз ҷазое, ки муқаррар аст, ҷасади Б.Бердиевро ба гилем ва кӯрпача печонда, ба бордони «Нексия»-и марҳум ҷойгир месозанд. Баъд ҷасадро бурда ба канали Дарғом, дар ҷое, ки он аз деҳаи Давлатободи ноҳияи Тайлоқ мегузарад, ҳаво медиҳанд. Пагоҳаш мошинро ба шаҳри Самарқанд бурда, дар он ҷо мегузоранд.
Ҷинояти мазкур, ки ибтидои моҳи июли соли 2017 содир гашт, тавре «иҷрогар»-они он мепиндоштанд, пӯшида намонд. Он дар як муддати кӯтоҳ фош ва шахсоне, ки ба қотилӣ даст задаанд, дастгир шуда, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Алҳол онҳо муддати ҷазоро мегузаранд. Вале аз хусуси қотилии мудҳише, ки дар Тароқлӣ рӯй дод, одамон ҳанӯз сухан меронанд.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки таҳти раёсати Президентамон 27 июли соли равон бахшида ба ҳолати имрӯзаи корҳо бино бар дар вақташ пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, масъалаҳои минбаъд баланд бардоштани масъулияти мақомоти корҳои дохилӣ ва идораҳои дигари давлатӣ, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои соҳа ба амал омад, ҷинояте, ки дар Тароқлӣ рӯй дод, низ ба забон гирифта шуда, ба чунин қотилӣ даст задани раис сахт танқид карда шуд.
Хӯш, баъди ин воқеа дар маҳалла чӣ гуна корҳои профилактикӣ ба амал бароварда шуданд? Муносибат ва фикри одамон чӣ хел? Бо мақсади ҷавоб ёфтан ба ин саволҳо дар Тароқлӣ шудем.
– Ин ҷиноят нафақат ба маҳаллаи номбурда, балки ба шаъни тамоми ноҳияи Ургут иснод гардид, – гуфт раиси кенгаши ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандони ноҳияи Ургут А.Тӯраев. – Бо мақсади пешгирии он гуна ҳолатҳои нохуш дар ҷамоати шаҳрвандони 102 маҳалла ва пешгирии қонуншиканӣ дар байни аҳолӣ чораҳои аниқ ва мақсаднок андешидем. Таҳти ҳамкорӣ бо шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, прокуратура ва дигар созмонҳои давлатию ҷамоатӣ дар маҳалҳо вохӯриҳо ташкил менамоем. Аҳолиро ба ҳушёрию огоҳӣ даъват месозем.
Дар ҳамаи маҳаллаҳои ноҳия «Маскани назорати ҷамоатчигӣ» ташкил карда шудааст. Навбатдории шабона амал мекунад. Нозирони профилактикӣ дар ноҳия аз 66 нафар ба 74 нафар зиёд гардида, барои самаранок фаъолият бурдани онҳо шароитҳои зарурӣ офарида шуданд. Дар асоси воми имтиёзнок онҳо бо автомобили шахсӣ ва хонаи хидматӣ таъмин гардиданд. Дар натиҷаи ҳамкории наздики аҳолӣ ва ҷомеаи васеъ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар 52 маҳаллаи ноҳия ҷиноят содир нагардид.
– Дар маҳаллаамон 612 хонадон мавҷуд буда, зиёда аз 3 ҳазору 400 нафар аҳолӣ истиқомат мекунад, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тароқлӣ»-и ноҳияи Ургут Ҳ. Қурбонов.
– Даромади асосии аҳолӣ – аз заминҳои наздиҳавлигӣ. Ҷамъ 64 гектар қитъаҳои наздиҳавлиамон мавҷуд. Аксарият ба фаъолияти соҳибкорӣ низ машғул. Ҳар оила барои кашидани аробаи худ ҳаракат мекунад. Кайфияти туфайлихӯрӣ барҳам хӯрдааст. Вале 5 оилаи нотинҷ мавҷуд, барои солимсозии онҳо ҳама дар якҷоягӣ амал мекунем. 16 нафар сарони гузар, якҷо бо фаъолони маҳалла корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш мебаранд. Ҷинояти вазнине, ки соли гузашта дар маҳаллаамон рӯй дод, нафақат оилаҳои ба он дахлдор, балки ҳамаамонро нороҳат сохт. Барои такрор наёфтани чунин ҳолатҳо таҳти ҳамкорӣ бо идораҳои ҳуқуқу тартибот фаъолият мебарем.
– Аз ноябри соли 2017 дар маҳаллаҳои Тароқлӣ ва Совғон фаъолияти хидматӣ пеш мебарам, – мегӯяд нозири профилактикаи ҳудудӣ Ҳ. Раҳимов. – Ба туфайли эътибори давлатамон дар ин ҷо хонаи хидматӣ барпо шудааст, дар асоси воми имтиёзнок мошини шахсӣ гирифтаам. Бо аҳолӣ ҳамҷиҳат кор карда, барои пешгирии ҷинояткориҳои мудҳиш эътибор менигаронем. Дар воридгоҳи маҳаллаи Ӯкрач ва баромадгоҳи маҳаллаи Совғон «Маскани назорати ҷамоатчигӣ» ташкил карда шудааст. Навбатдорӣ рӯзу шаб амал мекунад. Кӣ кадом вақт ворид гашт, кадом автомобил омад ва рафт, ҳамаашро медонем.
Назар ба маълумотҳо, дар нимсолаи аввали соли равон дар ноҳия 262 ҷиноят қайд карда шудааст. Ин назар ба соли гузашта 112-то кам бошад ҳам, агар паси ҳар ҷиноят истодани тақдири инсонро ба ҳисоб гирем, ҳар яки он ҳам ба муҳити иҷтимоию маънавӣ, таълиму тарбияи ҷавонон, ба ояндаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин нуқтаи назар ба пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, масъалаҳои мубориза алайҳи онҳо фақат чун кори  идораҳои ҳуқуқу тартибот не, балки ба сифати вазифаи тамоми созмонҳои давлатию ҷамоатӣ, ҷомеаи васеъ бояд нигарист. Хусусан, дар ҳалли маъалаҳои рӯзмарраи имрӯза – таъмини шуғли аҳолӣ, ҳифзи манфиатҳои занону духтарон ва ҷавонон, кор бо оилаҳои нотинҷ дар маҳаллаҳо, мустаҳкамсозии боварии одамон ба давлат, мубориза алайҳи ҳолатҳои зиддиқонунӣ ва коррупсия назорати ҷамоатчигиро пурзӯр кардан лозим. Наздикии муносибатҳои давлат ва халқ дар вақти ҳозира аз ҳар як шаҳрванд ҳамин гуна фаъолиро тақозо мекунад.

Ғ. ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: