РАИСИ МАҲАЛЛА – ИСЛОҲОТГАР

Шаҳру ноҳияҳои вилояти Намангон дар солҳои охир хеле рӯ ба ободиву зебоӣ овардааст.

Маҳалла чеҳраи равшани ҷомеа ва оинаи виҷдони он аст.
Шавкат МИРЗИЁЕВ
Шаҳру ноҳияҳои вилояти Намангон дар солҳои охир хеле рӯ ба ободиву зебоӣ овардааст. Бунёди иншооти зиёди маъмурӣ, арзи вуҷуд намудани иморатҳои наву замонавии истиқоматӣ,  равон шудани роҳҳои дохилӣ, бозсозии зиёратгоҳҳо, коҳиши камбизоатӣ дар байни аҳолӣ, таъмин ба ҷои шуғл ва амсоли он аз иҷрои корҳои азиме мебошанд, ки дар вилояти Намангон муддати чаҳор-панҷ соли охир ба вуқӯъ пайвастаанд. 
Дар сафари матбуотие, ки бо ибтикори Вазорати маҳалла ва дастгирии оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Намангон ташкил шуд, дар ин раванд маҳз нақши раисону фаъолони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо хеле муҳим арзёбӣ гардид. Журналистони маҳалливу хориҷӣ ва блогнависон баъди суҳбату мулоқотҳо итминон ҳосил намуданд, ки домани ислоҳоти амиқ дар ин вилоят самтҳои гуногуни хоҷагии халқро фаро гирифтааст.
– Дар ҷумҳурии мо 9051 маҳалла мавҷуд аст. Аз ин шумор дар вилояти Намангон 776 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо фаъолият мекунанд. Ба ин ҷамоатҳои шаҳрвандон ба сифати вакил 636 ходими бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбари идораҳои иқтисодӣ вобаста карда шудаанд. То кунун беш аз 500 хонавода мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва ҳудуди 88 дарсади мушкилоту муаммоҳои аъзои ин хонаводаҳо ҳаллу фасл гардиданд, – гуфт котиби матбуоти Вазорати маҳалла ва дастгирии аз оила Саодат Бойназарова. Рӯзмарра теъдоди хонаводаҳои камбизоат коҳиш меёбанд ва дар байни аҳолӣ ҷудошавиҳо низ кам шуда мераванд.  
Боздиди мо аз фаъолияти ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Панҷсад”-и ноҳияи Чуст оғоз гардид. Аҳолии он 5 ҳазору 245 нафарро ташкил намуда, қисмати аъзами онро тоҷиктаборон ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо панҷ садаи калон рӯида, бо мурури замон маҳалла низ “Панҷсада” ном гирифтааст. Дар долони бинои ҷамоат маҳсулоти ҳунармандони маҳалла, аз қабили корд ва тоқиҳо, кӯрпаву кӯрпачаҳо, пойафзорҳо, кафшу маҳсиҳо, маҳсулоти оҳангарӣ ва монанди он дар маърази тамошо қарор дошт.
– Дар маҳаллаи мо татбиқи 15 лоиҳа бо маблағи 6 миллиарду 230 миллион сӯм барномарезӣ шуд. Татбиқи ин лоиҳаҳо имкон фароҳам овард, ки 286 нафар сокинони маҳаллаи мо ба кори доимӣ таъмин шаванд. Аз ин шумор ҳоло дар 95 дарсади он корҳои сохтумонӣ ба анҷом расид,– гуфт раиси маҳаллаи “Панҷсада” Собитхон Хӯҷаев. – Кори савоби дигаре, ки дар радифи вазифаашон ин ҷо роҳандозӣ карданд, ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ фаро гирифтани 10 нафар кӯдаконе мебошад, ки парасторони худро аз даст додаанд ва ё фарзандони аҳолии камбизоати маҳалла маҳсуб меёбанд.  Синни ин наврасон  аз 11 то 15-соларо ташкил мекунад. Ҳақи устодони ин наврасон пурра маҳалла мепардозад.
Ба гуфтаи раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Панҷсада” дар маҳалла як гурӯҳ занону духтарон ба кори дӯзандагӣ ҷалб карда шуданд. Онҳоро соҳибкорзани маҳалла Муаззам Аббосхӯҷаева гирдиҳам овард ва ба кор таъмин кард. 
Ин корхонаи хусусии дӯзандагӣ моҳи майи соли равон фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Бо вуҷуди ин, аллакай маҳсулоти он харидорони худро пайдо кардааст. Соҳиби сехи дӯзандагӣ Муаззам Аббосхӯҷаеваро ба сӯҳбат кашидем.
– Дар сехи мо 20 нафар занону духтарон кор мекунанд. Онҳо аз зумраи шахсоне маҳсуб меёбанд, ки дар дафтарҳои занон ва ҷавонони маҳалла сабт ёфтаанд, аммо дар айни ҳол аз сафи бекорон хориҷ шудаву ба кор таъмин гардидаанд. Нони чоштро дар ҳамин ҷо тановул мекунанд. Аз 800 ҳазор то 1 миллион сӯм маош мегиранд, – гуфт Муаззам Аббосхӯҷаева.
Муштариёни “Овози тоҷик” огаҳанд, ки 18-19 феврали соли равон сарвари давлат зимни ташрифи корӣ ба вилояти Намангон ба таври ногаҳонӣ аз маҳаллаи “Бунёдкор”-и ин шаҳр боздид намуд. Шавкат Мирзиёев аз кори инфрасохторҳо ибрози норизоӣ кард ва бо шеваи шадид набудани оби ошомиданӣ, барқ, газ ва ноҳамвории роҳҳои автомобилгардро интиқод намуд. Баъд ба роҳбарияти вилояти Намангон дастур дод, ки барои мардуми ин маҳалла шароити созгор фароҳам оварад.
 Рӯзи ташрифи журналистону блогнависон корҳои бозсозӣ, тармим ва бунёд намудани иншоотҳои лозимӣ дар ин маҳалла бо ҷӯшу хурӯш идома дошт. Як тараф ба роҳҳо регу шағал мерехтанд ва онро мумфарш мекарданд. Як гурӯҳ ба хобонидани обравҳои шафати роҳи калон машғул буданд. То ин замон ҳудуди 35 километр роҳи дохилӣ шағалпӯш ва 350 метри он мумфарш гардидааст. 
Кормандони идораи барқ ба симчӯбҳои нав хати  барқ мекашиданд. Як гурӯҳ тавассути экскаваторҳо ба кандани хандақ шуғл меварзиданд, то ки лӯлаҳои об кашида шаванд ва мардум бо оби ошомиданӣ таъмин гардад. Аксари хонаводаҳои ин маҳалла аз балонҳои гази моеъшуда ба таври фаровон истифода мекарданд.
Дар ҷамоати маҳаллаи “Бунёдкор” 12 ҳазору 883 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Масоҳати умумии он 3 ҳазор гектар мебошад. Аз шумори умумии аҳолии “Бунёдкор” 251 нафар ба “дафтари оҳанин”, 118 нафар ба “дафтари занҳо” ва 74 нафар ба “дафтари ҷавонон” шомил шудаанд.
– Баъди ташрифи Президенти мамлакат дар маҳаллаи “Бунёдкор” дигаргуниҳои куллӣ рух медиҳанд. Ба таври мисол, бо аъзои 2 ҳазору 900 хонавода мулоқот сурат гирифт. Намояндагони идораҳои марбута дарду ҳасрати онҳоро шуниданд ва муаммоҳояшонро мавриди тадқиқ қарор доданд. 158 хонаи мардум аз роҳи ҳашар тармим карда шуд. Дар ин маҳалла 17 ҳазору 160 дона дарахтони гуногуни мевадиҳандаву манзаравӣ шинонда шуд, – мегӯяд ноиби ҳокими ноҳияи Намангони нав Обидҷон Дадашев. 
Гуфта шуд, ки бо кӯмаки ҳомиён ба 118 сокини “Бунёдкор” дастгоҳи дӯзандагӣ, ба 69 нафар дастгоҳҳои пухтупази “Аделл” ва “Артел” тақдим гардид. 59 нафар соҳиби моли шохдор гардиданд. 
– Одамони зиёд аз бебарқӣ азият мекашиданд, барои ҳамин 3-то трансформатори нав насб гардид ва 20 трансформатори кӯҳна аз таъмир баромад. Бо насби 476 дона симчӯби нави симинтӣ ва кашидани хати барқ ин мушкилоти мардуми маҳалла куллан рафъ гардид. Гузашта аз ин, тавассути мошинҳои обкашонӣ 16 ҳазор аҳолии маҳаллаи “Бунёдкор” бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Ин кор то хатми кашидани лӯлаи интиқоли оби тоза ба масофаи 50,3 километр давом хоҳад кард,– тазаккур дод Обидҷон Дадашев.
Маълум шуд, ки дар маҳаллаи “Бунёдкор” барои таъсиси минтақаи хурди саноатӣ майдон ҷудо кардаанд ва лоиҳаҳои зиёдро мавриди татбиқ қарор додаанд. Раис ва фаъолони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Бунёдкор” ба бинои наву замонавӣ соҳиб гардиданд. Ин бино бо тамоми ашё ва маводи лозимӣ муҷаҳҳаз гардидааст.  
Дар ин муддат маскани нави фарҳангӣ қомат афрохта, китобхонаи он ба ҷои дӯстдоштаи ҷавонон табдил ёфтааст. Дар ин бино шӯъбаи минтақавии идораи хизматҳои давлатӣ низ ба кор шурӯъ намудааст, то ки мардуми “Бунёдкор” ва деҳоти атрофи он барои гирифтани маълумотнома ё ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба маркази ноҳия ва вилоят овора нашаванд.
Дар  бинои нави муассисаи таълими томактабӣ, ки ба наздикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, 150 нафар фарзандони ин маҳалла ба таълиму тарбия фаро хонда шудаанд. Ин бино ба ҳусни маҳалла ҳусни тоза  зам намудааст. 
– Як гурӯҳ занону духтарони маҳаллаи “Бунёдкор” барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби тавсияномаҳо шудаанд. Онҳо аз хонаводаҳоеанд, ки барои идомаи таҳсил шароити иқтисодиашон мусоидат наменамояд, аммо баъди ташрифи сарвари давлат ин масъала низ куллан ҳаллу фасл гардид.
– Ман аз хурдӣ мехостам, ки муаллима ё тарбиячӣ шавам. Ҳоло дар хонаи меҳрубонии рақами 26 ба ҳайси тарбиячӣ кор мекунам. Акнун имкон даст хоҳад дод, ки таҳсиламро давом диҳам ва маълумотамро олӣ кунам. Барои ин ғамхорӣ ба сарвари давлатамон миннатдорӣ баён мекунам,– мегӯяд бо хушҳолӣ сокини “Бунёдкор” Дилдора Бегматова.
Сафари матбуотии мо аз маҳаллаи “Бунёдкор”-и ноҳияи Намангони нав ба самти ноҳияи Давлатобод идома кард. Севуним моҳ муқаддам дар маркази ин ноҳия маскани зиёи ҷавонон – “Ӯзбекистони нав” ифтитоҳ ёфтааст. Ин бино аз се ошёна иборат мебошад.
Ошёнаи аввал ҷои баргузории ҷамъомадҳо, нишастҳои матбуотӣ, ба роҳ мондани намоиши либосҳост. Суҳбату мулоқоти имом-хатибон, отунбибиҳо ва одамони рӯзгордида бо ҷавонони маҳаллаҳо, ки дар арафаи издивоҷ қарор доранд, маҳз дар ҳамин ошёна ба вуқӯъ мепайвандад. Дар як гӯшаи он майдончаи кӯдакон ташкил шудааст. Он ҷо кӯдакони аз 5 то 12-сола донишу маҳорати худро дар соҳаҳои гуногун, рассомӣ, мусиқа ва амсоли он ривоҷу равнақ медиҳанд.
Ошёнаи дуюм вазифаи китобхонаро адо мекунад. Дар ин ҷо бештар аз 30 ҳазор адад китобҳои бадеӣ, илмӣ, дарсӣ гирдоварӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки то охири сол теъдоди китобҳо ба 100 ҳазор адад хоҳад расид. Ин китобхона дар як вақт ба 1 ҳазору 200 нафар хизмат расонида метавонад.
Ошёнаи сеюм бо технологияҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҷавонони маҳаллаҳои гуногун ин ҷо ғайр аз он ки  забонҳои хориҷӣ меомӯзанд, бо ҳам мулоқот мекунанд ва дониши гирифтаашонро такмил медиҳанд, аз компутерҳо низ фаровон истифода мекунанд. 
Ҳамон рӯз раисони маҳаллаҳои ноҳия дар ин бинои мӯҳташам семинар мегузарониданд. Онҳо таҷриба иваз менамуданд, бо масъалаи ҳуҷҷатнигорӣ аз наздик ошно мешуданд. Ин ҷо боз роҳу усулҳои роҳандозии чорабиниҳои гуногун  матраҳ мегардид, ки бештар хоси ҷавонон мебошад.
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Даштбоғ”-и шаҳри Намангон моро Музаффар Аҳмадҷонови 23-сола истиқбол гирифт. Вай раиси ҷавонтарини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ҷумҳуриамон маҳсуб меёбад. Музаффар гуфт, ки дар маҳалла 4 ҳазору 700 нафар зиндагӣ мекунанд ва аз нисф зиёди онҳоро ҷавонон ташкил менамояд. Барои тафреҳ, хуш гузаронидани вақт, шуғл ба корҳои фоиданок шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
– Роҳҳои маҳаллаамон мумфарш карда шудаанд. Дар қаламрави маҳалла 81 субъекти бизнеси хурд фаъолият мекунанд. Аз он 35-тояшро корхонаҳои саноатӣ, 40-торо нуқтаҳои савдову хӯроквории умумӣ ва 6-торо муассисаҳои дигар ташкил менамоянд, – мегӯяд Музаффар Аҳмадҷонов.
– Чанд фоизи аҳолии маҳаллаи шуморо одамони ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёзманд ташкил мекунад? – пурсидам аз раиси маҳалла.
– Дар айни ҳол 15 чунин хонавода ба қайд гирифта шудааст. Шояд ба наздикӣ ҳамаи онҳо аз феҳрасти оилаҳои ниёзманд хориҷ карда шаванд, зеро аъзои ин хонаводаҳо низ ба кор фаро гирифта хоҳанд шуд, – посух дод Музаффар Аҳмадҷонов. 
 Раиси ҷамоат боз тазаккур дод, ки аҳолии “Даштбоғ” пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мебошад. Дар қаламрави ин маҳалла 2 мактаби таълимоти умумӣ, 2 муассисаи таълими томактабӣ, 2 шифохонаи давлатӣ ва 6 шифохонаи хусусӣ фаъолият мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки сарвари давлат зимни ташриф ба вилояти Намангон маҳз аз кору фаъолияти ин ҷавон хеле ба ваҷд омадаву қаноат ҳосил намуд. Сарвари давлат баъди мулоқот бо ӯ ба иштирокчиёни ҷамъомади фаълони вилоят “Ман раиси маҳалларо дар тимсоли ҳамин Музаффар Аҳмадҷонов мебинам”, гӯён хитоб кард. Ба наздикӣ Музаффар Аҳмадҷонов бо фармони Президенти мамлакат бо медали “Келажак бунёдкори” сазовор дониста шуд.
– Ин мукофот масъулияти маро ба ҳайси раиси маҳалла дучанд намуд. Минбаъд маро лозим меояд, ки бештар меҳнат кунам ва ба чунин боварии Президенти мамлакатамон сазовор гардам, – мегӯяд Музаффар Аҳмадҷонов.
Тамошои зиёратгоҳи Султон Увайс Қаронӣ, масҷиди ҷомеи маҷмааи мазкур, ки барои 1400 нафар дар ноҳияи Чортоқ сохта шудааст, дар мо таассуроти амиқ ҳосил намуд.  Зимни сафар бо ашёи осорхонаи ғановатманди он низ ошно шудем, ҳамчунин аз зиёратгоҳи Бибӣ Наима боздид кардем, ки яке аз ҷойҳои хушбоду ҳавои ин ноҳия маҳсуб меёбад.  
Боғи маданият ва истироҳати “Водии афсонаҳо”-и шаҳри Намангон дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Масоҳати он 155 гектарро ишғол кардааст. Барои сохтумон ва муҷаҳҳаз намудани боғ 123 миллион доллари амрикоӣ сарф шудааст. Ҳоло ин боғ ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи мардуми вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангон табдил ёфтааст. Маълум шуд, ки меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ зимни ташриф ба шаҳри Намангон ва вилоятҳои ҳамҷавори он ҳатман аз боғи маданият ва истироҳати бошукӯҳ боздид мекунанд.
Дар нишасти матбуотӣ ҷонишини ҳокими вилоят – сардори садорати маҳалла ва дастгирии оила Шӯҳрат Мӯсоев гуфт, ки рақамҳои зиёди зери дасташ аз тавсеаи кор дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои вилоят бозгӯӣ мекунанд. Ба таъкиди ӯ аммо ҳанӯз мавҷудияти 127 ҳазор нафар бекор дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баёнгари он мебошад, ки кор дар ҳамаи маҳаллаҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ҳоло 166 бинои бекорхобида мунтазири соҳибкоронанд. Онҳо метавонанд бо таъсиси корхонаҳои хусусӣ ҷойҳои нави кор фароҳам оваранд.
– Ба таъбири сарвари давлатамон раиси маҳалла бояд ислоҳотгар бошад, вагарна муваффақият ба даст овардан имконнопазир  аст. Дар вилоят тамоми чораву тадбирҳоро ба он равона кардаем, ки нақши раиси маҳалла ва фаъолони он дар ривоҷи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба чашм намоён шавад, корҳо аз рӯи принсипи маҳаллабай роҳандозӣ гарданд.  Дар ин самт раисони маҳаллаҳо бояд бештар ташаббус зоҳир кунанд ва дар коҳиши теъдоди бекорон эҳсоси масъулият намоянд, – изҳор кард Шӯҳрат Мӯсоев. 
Мавсуф илова намуд, ки дар бархе аз маҳаллаҳои вилоят аллакай аз «дафтари оҳанин» сарфи назар шудааст. Шӯҳрат Мӯсоев гуфт, ки раиси ҷамоати “Даштбоғ” Музаффар Аҳмадҷонов итминон дода тавонист, ки маҳз раиси маҳалла ислоҳотгари асосӣ мебошад. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси “Овози тоҷик”.
ТОШКАНД – НАМАНГОН – ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: