РАИСИ НАВ ИНТИХОБ ШУД

Дар толори қасри фарҳанги деҳаи Варзик интихоботи ғайринавбатии раиси ҷамоати шаҳрвандони Қалъаи Поён баргузор шуд.

Дар тадбир масъалаи ташкилӣ дида шуд. Ба муносибати ба кори дигар гузаштани раиси собиқ Ахмадҷон Юсуфов ба махалла раиси нав интихоб гардид. Чорабиниро  сардори шуъбаи дастгирию рушди маҳалла ва нурониёни ноҳияи Чуст Давронбой Аралов кушода, таъкид намуд, ки  раиси маҳалла бояд аз зиндагии мардуми камбизоат, касони яккаю танҳо, бекорон, беморон, муҳтоҷони маҳалла хабар дошта бошад, ба онҳо дасти ёрӣ дароз  кунад, шабу рӯз бо дарди аҳли маҳалла умр ба сар барад. Ӯ шахсе бошад, ки сиёсату талаби давлатро ба халқ дуруст маънидод кунад.  
Дар интихобот номи ду нафар — Камолхон Нуриддинов, соли таваллудаш 1964, маълумоташ олӣ ва Музаффар Зоҳиров, соли таваллудаш 1976, маълумоташ миёнаи махсус ба номзадии раиси маҳалла гузошта шудаанд.
Масъули комиссияи интихобот Ғайратҷон Ҳакимов шарту роҳҳои гузарондани интихобот ва тарҷумаи ҳоли номзадҳоро ба интихобкунандагон шарҳ дод. Бо овоздиҳии пинҳонии аксарияти интихобкунандагон зиёда аз 50 фоиз овоз гирифта, Камолхон Нуриддинов раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қалъаи Поён интихоб шуд. 

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: