РАИСИ СЕНАТ: БА ТУФАЙЛИ ИРОДАИ ҚАТЪИИ СИЁСИИ ПРЕЗИДЕНТ БОЙКОТ БЕКОР КАРДА ШУД

Дар Сенати Олий Маҷлис ҷамъомади навбатии Комиссияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ баргузор гардид.

Раиси Сенат Танзила Норбоева маҷлисро раҳбарӣ намуд ва ба он ишора кард, ки дар бобати корҳои амалигардида ҷиҳати ҷилавгирӣ намудани меҳнати маҷбурӣ корҳои амалӣ анҷом дода мешаванд.
Дар ин бобат корҳои монитор идома дода мешавад. Хусусан мониторинги Ҷониби сеюми Ташкилоти байналхалқии меҳнат, мониторинги миллии Федератсияи Иттифоқҳои касаба ва ҳам мониторинги Инспексияи меҳнат баргузор гардид.
Аз ҷониби сенаторон ва депутатҳои маҳаллӣ журналист ва блогерҳо ҷалб гардида, назорати парлумонӣ ҷорӣ карда шуд. Дар мониторинги мазкур намояндагони институтҳои ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ, муҳофизони ҳуқуқ низ васеъ ҷалб карда шуданд.
Дар доираи стратегия  дар солҳои 2020-2030 ислоҳ намудани рушди хоҷагии қишлоқ, фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнат ва корҳои такмил додани низоми пардохти музди меҳнати муносиб пеш бурда мешавад.
Дар бобати фош намудани ҷинояткороне, ки бо савдои одам машғуланд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор тағйироти эҳсосшаванда ба назар расид.
Раиси Сенат қайд кард, ки нисбат ба соли 2020 соли 2021 аниқ намудани ҷиноятҳо вобаста ба савдои одам 43 фоиз, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани шахсони айбдор 47,5 фоиз зиёд гаштааст.
Дар самтҳои мазкур ин корҳо аз ҷониби ҷамъияти байналхалқӣ низ баҳои мусбӣ гирифта, барои афзудани обрӯи мамлакатамон хидмат менамояд.
Аз ҷумла, 1 июли соли 2021 аз ҷониби Вазорати хориҷии ИМА «Гузориши солона дар бораи савдои одам дар ҷаҳон» эълон гардида, дар он гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон аз рӯихати давлатҳои зери назорати алоҳида хориҷ карда шудааст. Мамлакатамон ба руйхати давлатҳое, ки дар бобати иҷрои стандартҳои байналхалқӣ корҳои доманфарох ба амал ҷорӣ карда шудааст, дохил карда шудааст.
Ташкилоти байналхалқии меҳнат хулосаи худро эълон намудааст, ки дар Ӯзбекистон соли 2021 низ дар давоми мавсими ғунучини пахта аз меҳнати бачагон ва меҳнати маҷбурӣ умуман истифода нагаштааст, инчунин корҳои мониторинги самти мазкурро пурра ба ихтиёри Ӯзбекистон супурдааст.
Дар натиҷа ҷамъияти ҷаҳон ба ислоҳоте, ки дар мамлакатамон дар ин самт ба амал меояд, баҳои баланд дод.
Аз ҷониби эътилофи байналхалқии «Cotton Cam-paign» бойкоти ҷаҳоние, ки ба пахтаи Ӯзбекистон гузошта шудааст, бекор гардида, ин мисоли равшани самаранокии ислоҳоти доманфарох мебошад.
– Ба чунин муваффақиятҳо бинобар иродаи қатъии сиёсии Президент, инчунин аз ҷониби Комиссияи миллии мубориза бар зидди меҳнати маҷбурӣ, Ташкилоти байналхалқии меҳнат ва якҷоя бо ҳамкорони сеҷониба, бо иштироки фаъоли намояндагони ҷамъият ноил гардидем, – гуфт Т.Норбоева. – Ин натиҷаҳо барои таъмини ҳуқуқи инсон, рушди саноат, хусусан саноати пахтаю бофандагӣ имконият фароҳам меоварад. Ҳамзамон, боз ҳам масъулияти бузург ба зимма мегузорад ва тақозо мекунад, ки дар соҳа корҳои мунтазам ба амал оварда шавад.

Норгул АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: