РАИСИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИС БО ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО МУЛОҚОТ КАРД

Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо ҳайати парлумони Аврупо таҳти сарварии ноиб-президент Хайди Хаутала, ки ба сифати мушоҳиди байналхалқӣ ба интихоботи Президентӣ ба кишвари мо омадааст, вохӯрд.

Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо ҳайати парлумони Аврупо таҳти сарварии ноиб-президент Хайди Хаутала, ки ба сифати мушоҳиди байналхалқӣ ба интихоботи Президентӣ ба кишвари мо омадааст, вохӯрд.
Аъзои ҳайати парлумони Аврупо эътироф карданд, ки интихобот ошкоро ва шаффоф, мувофиқи қонунгузории интихоботӣ гузашт. Ҳамзамон барои таъмин кардани ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, аз ҷумла барои пирон, шахсони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд ва онҳое, ки ҳангоми овоздиҳӣ барои табобат дар беморхона қарор доштанд, шароитҳо фароҳам оварда шуданд.
Таъкид шуд, ки интихоботи ҳолоина аз тамоми интихоботҳои пешина куллан тафриқа дошт. Ҷараёни овоздиҳиро тақрибан ҳазор нафар мушоҳидон аз созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷӣ назорат карданд, бисёр намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ бо равшанкунии интихобот машғул буданд. Ҳамаи ин шаффофияти ҷараёни интихоботро таъмин намуд.
– Интихоботи Президенти Ӯзбекистон шаффоф ва муташаккилона гузашт, – гуфт депутати парлумони Аврупо Ришард Чарнепский. – Дар мамлакат барои мониторинг ва баргузор кардани интихоботи Президентӣ тамоми имкониятҳо муҳайё карда шуданд, бинобар овоздиҳии озод шароит фароҳам оварда шуд. Миқдори зиёди намояндагии мушоҳидони байналхалқӣ шаҳодати саъю кӯшиши ҷумҳурӣ бобати ҳарчи бештар рӯшод, шаффоф ва демократӣ гузаронидани ин ҳодисаи сиёсӣ мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба меҳмонони аврупоӣ дар бораи ислоҳоте, ки дар кишвари мо тӯли 5 соли охир татбиқ мегарданд, аз ҷумла таҳкими асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, такмил додани қонунгузории интихоботӣ, таъмин сохтани баробарии гендерӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди робитаҳои байнипарлумонии Ӯзбекистон ва парлумони Аврупо, алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявӣ бо Иттиҳоди Аврупо, вусъат додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои таълим ва тадқиқоти илмиро баррасӣ карданд.
– Пас аз соли 2016-ум мо рӯшодии бештари Ӯзбекистонро ба тамоми олам дарк менамоем, – қайд кард ноиб-президенти парлумони Аврупо Хайди Хаутала. – Ба шарофати ин алоқаҳои парлумонии мо амиқтар мешаванд. Мо ба ҳамкории ҷанбаҳои нав бо парлумони Ӯзбекистон тайёрӣ мебинем. Барои парлумони Аврупо дар доираи ҳамкориҳои дарозмуҳлат пешомадҳои зиёд боз мегарданд.
Мо тайёрем дар такмил додани ислоҳоти кишвари шумо кӯмак расонем. Вобаста ба баргузории интихоботи Президентӣ мехоҳам таъкид намоям, ки маъракаи имсола бинобар қоидаҳои нав, дар шароити нав ва дар шакли нав гузашт. Ҷараёни овоздиҳиро садҳо мушоҳидони байналхалқӣ аз созмон ва иттиҳодияҳои минтақавӣ чун САҲА, ИДМ, СҲШ, Созмони умумиҷаҳонии мақомоти интихоботӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ғайра назорат карданд. Интихобот шаффоф ва демократӣ баргузор шуд.
Дар анҷоми мулоқот изҳор гардид, ки ҳамкорӣ бинобар тамоми самтҳое, ки барои ҷонибҳо рағбатнок мебошанд, идома хоҳад ёфт.

С. РАҲИМОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: