Мувофиқи қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 феврали соли 2019 «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон» ҳоло дар мамлакатамон маъракаи интихоботи раисони маҳалла вусъат меёбад.
Дар деҳаи Ҷӯйинави ноҳияи Шофиркон интихоботи раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҷӯйинав баргузор шуд.
Дар ҷамъомад аксарияти 593 нафар вакилоне, ки аз байни 4553 нафар интихобкунандагон пешбарӣ гардида буданд, иштирок карданд.
Бояд таъкид намуд, ки ба вазифаи раисии ҷамоати шаҳрвандони маҳалла номзадии ду нафар: мудири шабакаи 59-уми савдои хӯроки омехтаи чорво Убайдулло Мирзоев ва роҳбари хоҷагии фермерии «Ҳомид Қурбон» Ҳомид Акрамов гузошта шудааст. Ҷараёни интихобот бо усули пинҳонӣ сурат гирифт.
Ҳамин тариқ, Убайдулло Мирзоев бештар овоз гирифта, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҷӯйинав интихоб гардид.
***
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Тинчлик низ раиси нав интихоб гардид. Маълумот дар бораи номзадҳо ба раисии ҷамоати шаҳрвандон ва барномаи амалиёти онҳо дар лавҳаи девор гузошта шудааст. Ин ҷо низ ду номзад: омӯзгори мактаб Уйғун Норов ва корманди ҳокимияти ноҳия Умедҷон Шарифов, ки ҳар ду соҳиби маълумоти олианд, ба қайд гирифта шудаанд. Ҳангоми зикри барномаи амалиёт интихобкунандагон ба ин ҳар ду оиди масъалаи ҳудуд – таъминоти гази табиӣ бо савол муроҷиат карданд.
Бинобар ҷамъбасти натиҷа, омӯзгор Уйғун Норов бештар овоз гирифта, раиси нави ҷамоати шаҳрвандони маҳалла интихоб гардид.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.