РАЪЙПУРСӢ ЧИСТ?

Раъйпурсӣ (Референдум)-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мақсади бинобар масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъият ва давлат қабул кардани қонунҳо ва қарорҳои дигари Ҷумҳурии Ӯзбекистон овоздиҳии умумихалқии шаҳрвандон мебошад.

Раъйпурсӣ ҳамчун интихобот ифодаи бевоситаи иродаи халқ ба шумор меравад.
Қарорҳое, ки дар раъйпурсӣ қабул шудаанд, иқтидори олии ҳуқуқӣ доранд.
Агар дар қарорҳое, ки аз тариқи раъйпурсӣ қабул шудаанд, тартиби дигар дар назар дошта нашуда бошад, қарорҳое, ки дар раъйпурсӣ қабул гардидаанд, фақат аз тариқи раъйпурсӣ бекор карда мешаванд ё худ ба онҳо тағйирот ворид кардан мумкин аст.
Ба раъйпурсӣ киҳо барои иштирок кардан ҳуқуқ доранд?
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки то рӯзи баргузории раъйпурсӣ ё дар рӯзи раъйпурсӣ синни ҳаждаҳро пур кардааст, ҳуқуқи дар он иштирок карданро дорад.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқомат мекунад, ё худ ҳузур дорад, барои иштирок дар раъйпурсӣ ҳуқуқи комил дорад.
Шахсоне, ки аз ҷониби суд ба муомила ноқобил дониста шудаанд, ҳамчунин онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин ва бағоят вазнин содир карда, бинобар ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гаштаанд ва дар муассисаҳои ҷазодиҳӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ маҳрум мебошанд.
Бо назардошти баромади иҷтимоӣ ва мавқеи мулкдорӣ, мансубияти ирқӣ ва миллӣ, ҷинс, маълумот, забон ва муносибаташ ба дин, хелҳои машғулият ва хусусиятҳои он аз ҳуқуқи иштироки бевосита ё худ билвосита ба раъйпурсӣ маҳрум кардани шаҳрвандон манъ карда мешавад.
Тартиби ташкил кардани ҳавзаҳои раъйпурсӣ чӣ гуна аст?
Ҳавзаҳои раъйпурсӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд созмон дода мешаванд.
Миқдори шаҳрвандоне, ки дар раъйпурсии ҳавзаҳои раъйпурсӣ ҳуқуқи иштирок кардан доранд ва рӯйхати ҷойи ҷойгиршавии комиссияҳои округии баргузоркунандаи раъйпурсӣ баъд аз эълон шудани қарор дар бораи таъин намудани рӯзи раъйпурсӣ то муддати панҷ рӯз аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон карда мешавад.
Тартиби ба рӯйхатгирии шаҳрвандоне, ки овоз медиҳанд, чӣ гуна аст?
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсиро доранд ва дар замони тартиб додани рӯйхат дар қитъаи мазкури раъйпурсӣ ба тарзи доимӣ ё худ муваққатан истиқомат мекунанд, ба руйхат ворид карда мешаванд.
Дар рӯйхат ному насаб, номи падар, санаи таваллуд ва манзили буду боши ҳар як шаҳрванде, ки ба рӯйхат ҳамчун овоздиҳанда ворид гардидааст, сабт карда мешавад.
Ҳар як шаҳрванди овоздиҳанда фақат ба як рӯйхат дохил карда шуданаш мумкин аст.
Рӯйхати шаҳрвандоне, ки овоз медиҳанд, дар асоси рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тартиб дода мешавад.
Вақт ва ҷойи овоздиҳӣ ба раъйпурсӣ.
Овоздиҳӣ дар рӯзи раъйпурсӣ аз соати 8.00 то 20.00 гузаронида мешавад. Комиссияи қитъавӣ шаҳрвандонро бо ҷойи овоздиҳӣ ва вақти он камаш даҳ рӯз пеш аз баргузории раъйпурсӣ хабардор мекунад.
Комиссияи қитъавии дар ҳузури сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давлатҳои хориҷӣ ва ваколатхонаҳои дигар, қисмҳои ҳарбӣ, санаторияҳо, хонаҳои истироҳатӣ, касалхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатии статсионарӣ, ҳамчунин дар ҷойҳои дур ва душворгузар ташкил гардида, агар тамоми шаҳрвандони ба руйхат гирифташуда овоз дода бошанд, аз хусуси ба охир расидани овоздиҳӣ метавонад дар вақти хостааш аз ин хусус эълон кунад.
Тартиби овоздиҳӣ ба раъйпурсӣ чӣ тарз аст?
Бюллетени овоздиҳӣ ба референдум аз ҷониби овоздиҳанда дар кабина ё худ хонаи махсуси овоздиҳӣ ба тарзи хуфиёна пур карда мешавад. Дар вақти пур кардани бюллетени овоздиҳӣ ғайр аз овоздиҳанда иштироки шахсони дигар манъ карда мешавад. Шаҳрвандоне, ки имкони мустақилона пур кардани бюллетенро надоранд, ҳақ доранд мувофиқи хоҳиши худашон аз ҷумлаи шахсон ва нозироне, ки ба ҳайати комиссияи раъйпурсӣ дохил мебошанд, нафареро ба ин кабина ё худ хонаи махсус таклиф кунанд.
Агар шаҳрвандон ба масъалаи дар раъйпурсӣ гузошташуда муқобил бошанд, матни таърифи масъаларо хат мезананд, агар ҷонибдори масъала бошанд, онро кӯр намекунанд.
Бюллетени пуркардашударо шаҳрванд ба қуттии овоздиҳӣ мепартояд. Қуттиҳои овоздиҳӣ бояд ба аъзои комиссияи қитъаи раъйпурсӣ ва нозирони он намудор бошанд. Бюллетени овоздиҳие, ки вайрон шудааст, мувофиқи хоҳиши шаҳрванд метавонад бо наваш иваз карда шавад. Бюллетенҳои овоздиҳие, ки вайрон шудаанд, бояд ба ҳисоб гирифта, бекор карда ва алоҳида нигоҳ дошта шаванд.
Раъйпурсии имсола кай мегузарад ва ба Конститутсия чанд моддаи нав ворид мешаванд?
Қонун дар бораи таҳрири нави Конститутсия бо 132 овоз қабул карда шуд. Раъйпурсӣ дар бораи Қонун оид ба таҳрири нави лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ рӯзи якшанбе, 30 апрели соли 2023 гузаронида мешавад.
Дар бюллетени раъйпурсӣ: «Шумо оё қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул мекунед?» навишта мешавад.
Бо лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба Конститутсия 27 моддаи нав ворид карда мешаванд, миқдори моддаҳо аз 128 ба 155 адад зиёд мешавад, 275 меъёри Конститутсияи дарамал ба 434 адад меафзояд, яъне Конститутсияи дарамали мо 65 фоиз нав мешавад.
Конститутсияи нав барои дар маҷмӯъ ба тартиб андохтани тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъияти мо, ҳамчунин дар роҳи рушди демократии кишварамон ба сифати пойдевори муҳимтарини ҳуқуқӣ хидмат хоҳад кард. Меъёрҳои наве, ки ба лоиҳаи қонуни конститутсиявӣ ворид карда шудаанд, барои пешрафти тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сохтори беш аз пеш самарабахши ҳокимияти давлатӣ кумак мерасонанд.

Абдуманноп БӮРИЕВ,
роҳбари Садорати адлияи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: