РАМАЗОН ФАЙЗУ БАРАКОТ МЕОРАД

Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон барои оилаҳои камбизоат ва ниёзманди вилояти Сурхондарё дар асоси ғояи наҷиби «Сабук кардани бори гарони як мусулмон барои мо ҳам қарз, ҳам фарз аст» дасторхони ифторӣ ороста мешавад.

Ҳангоми сафар ба вилояти Сурхондарё 13 марти соли равон Президент ба шахсони масъул ва уламои дин  супориш дода буд, ки дар тӯли 30 рӯзи моҳи шарифи Рамазон барои оилаҳои камтаъмини маҳаллаҳо ифтор ташкил карда, бори гарони шикастадилҳои мӯъмину мусулмонро сабук гардонанд.

Ин ташаббус доман паҳн карда, дар воҳа густурдани дасторхони ифторӣ ба оилаҳои камтаъмини эҳтиёҷманд ба анъанаи наҷиб табдил ёфт. Бинобар ин дар давраи гузаштаи моҳи муборак роҳбарони секторҳо дар маҳаллаҳои Юртим жамоли, Чинор, Хуҷги, Маҷнунтол, Ғуржак-1, Ғамбур, Қизил олма, Нуртеппа ба аёдати оилаи камбизоати беш аз даҳ маҳалла рафта, дасторхони ифторӣ ташкил намуданд.
Ба дасторхони ифторӣ намояндагони дин, падарону модарони солхӯрда низ даъват шуда, дар атрофи дасторхони пурфайзу бобаракат ба кишварамон сулҳу субот, ба ислоҳоти бузурге, ки дар маҳалҳо амалӣ мешаванд, устуворӣ ва барои ҳар як хонадон файзу баракот таманно намуданд.
Дар тамоми маҳаллаву деҳоти вилоят ифторҳои пурфайз бо иштироки роҳбарони секторҳо, намояндагони идораҳои динӣ ва пиронсолон идома доранд.

Холмӯъмин МАМАДРАИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: