РАМАЗОН — САФИРИ СУЛҲУ ОСОИШ ВА МОҲИ АХЛОҚУ ОДОБИ ҲАМИДА

Сипос Худовандро, ки шоҳи дувоздаҳ моҳ, моҳи мағфират — Рамазонро низ пешвоз гирифтем.

Худои мутаол ин моҳро моҳи некиву тақво номидааст.

Паёмбарамон Муҳаммад алайҳиссалом низ  дар ин моҳ ҳамаро ба фаъол шудан, ҳар як соату рӯзи онро ғанимат донистан даъват намуда, изҳор доштаанд, ки ин моҳ моҳи дилпурсӣ, ба дигарон дасти мадад дароз кардан ва меҳру шафқат мебошад. Аз арҷгузорӣ ба ин моҳ дарҳои дӯзах баста мегардад. Раҳмати Худованд арзонӣ мегардад, имкониятҳои хуб фароҳам оварда мешаванд. Ҳар бандае, ки моҳи Рамазонро бо ибодат гузаронда, аз он оқилона истифода мебарад, ба азоби дӯзах рӯ ба рӯ нахоҳад шуд.
Дар ҳадиси шарифе, ки Салмони Форсӣ розияллоҳу анҳу аз номи ҷаноби Паёмбар алайҳиссалом ривоят кардаанд, гуфта шудааст: «Ай инсонҳо, моҳи бузургу муборак ба шумо наздик мешавад. Ин моҳ шабе дорад беҳтар аз ҳазор шаб. Худои таоло рӯзаи ин моҳро фарз, ибодатҳои шабонаашро суннат гардонд. Ҳар кӣ дар ин моҳ коре нек дар қаробат ҷустан ба Худо анҷом диҳад, дараҷаи як фарзеро пайдо хоҳад кард, ки дар дигар моҳ адо мекунад ва нафари дар ин моҳ як фарзро адонамуда мисли ин аст, ки дар моҳи дигар ҳафтод фарзро адо карда бошад. Ин моҳро моҳи сабр гӯянд. Ҷавоби сабр биҳишт, моҳи кӯмаку имдод ба дигарон аст. Ин моҳ ба ризқи муъмин меафзояд. Дар ин моҳ ҳар кӣ ба рӯзадоре ифторӣ диҳад, гуноҳҳояш мағфират мешаванд, аз оташи дӯзах худро мераҳонад ва ба аҷре на камтар аз арҷи рӯзадор соҳиб мегардад. Аз аҷри рӯзадор бошад, ҳеч чиз кам намегардад». Расулуллоҳ (с. а. в.) моҳи Рамазонро муштоқона интизорӣ мекашид, наздик омада истодани онро ба дигарон ёдрас мекард ва саҳобагонро бо он табрик менамуд, ба сазовор пешвоз гирифтани он даъват намуда мегуфт: «Моҳи мубораки Рамазон фаро расид. Худованд рӯзаи онро ба шумо фарз кард». Рамазон — сафири сулҳу осоиш ва фурсати ахлоқу одоби ҳамида аст.  Дар асл бо касе ҷанҷол кардан, «тую ман» гуфтан хуб нест. Дар моҳи Рамазон аз ин гуна амалҳо батамом дур бояд шуд, ҳатто касе ҳақорату дашном диҳад ҳам, ба ҷуз он, ки ба рӯзадориатон ишора намоед, ҷавоб надиҳед. Рамазон моҳи рӯҳан покшавӣ ва ахлоқан комилшавист. Дар моҳи Рамазон пойи шайтонҳо баста шуда, инсон аз васвасаҳо озод мегардад, ба худтарбиякунӣ имконият фароҳам меояд. Биноан, ҷазои гуноҳи дар ин моҳ содиркарда сахттар аст. Аз ин рӯ, дар ҳадисҳо гуфта мешавад, ки дар моҳи Рамазон бояд аз бадахлоқию гуноҳсодиркуниҳо шадидан канора ҷуст. Ҳатто Расулуллоҳ (с. а. в.) фармудааст: «Ҳар кӣ аз гуфтору рафтори дурӯғ парҳез накунад, Худо ба рӯзаи ӯ ниёз надорад». Ҳамчунин, савобу аҷри хайру садақаи дар ин моҳ карда бештару бузургтар аст. Биноан, Расулуллоҳ (с. а. в.) назар ба дигар моҳҳо дар моҳи Рамазон бештар хайру садақа мекард. Аз ин рӯ, мусалмонҳо аз қадим ибодати закотро дар моҳи Рамазон адо кардаанд. Ба шахси молаш ба нисоб расида ҳар сол як бор адо кардани яке аз аркони ислом — закот фарз мебошад. Вожаи «закот» дар фарҳанг ба маънои «рушд» ва «покшавӣ», аз моли худ ба камбизоатон хайру садақа кардан аст ва ҳар кӣ закот медиҳад, барака хоҳад ёфт. Одатан миқдори нисоб ҳар сол дар моҳи Рамазон эълон карда мешавад.
Нисоби (миқдор) закот аз ҷониби Идораи мусалмонони Ӯзбекистон барои имсол 34 миллион муайян карда шуд. Аз чил яки  ин маблағ, ба тарзи дигар ифода намоем, 2,5 фоизаш ба сифати закот ҷудо карда мешавад. Яъне, агар давлатмандоне, ки имкони закот доданро доранд, дар ин рӯзҳо маблағи закотро ба соҳибони худ — муфлисону камбизоатон пардозанд, савобаш зиёд мегардад.  Худованд, тоату ибодат, хайру саховат ва дуоҳои имсолаи моро бипазирад.

Убайдуллоҳ АБДУЛЛОЕВ.
Саримом-хатиби 
вилояти Фарғона.
ӮзА. 


ДУОИ НАМОЗГУЗОРОН ВОҶИБ АСТ
Сарвари давлатамон дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки моҳи феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, ба масъалаҳои муҳими вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон диққати махсус дода буд.
Аз сабаби афзудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар Самарқанд сардори садорати идораи таъмини бехатарии роҳи корҳои дохилии вилоят аз вазифа сабукдӯш карда шуд.
Имрӯзҳо ходимони соҳа ниҳоят пуркору пурмасъуланд. Онҳо ҳангоми намози ҷумъа дар назди масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд, ки мардуми бешумор ҷамъ меоянду мошинҳои худро аксар бе тартиб ҷо мегузоранд, вазифаи хешро пуршарафона иҷро мекунанд.
– Мо аз хидмати шоистаи нозирони роҳ сипосгузорем, – гуфт имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳоҷӣ Яъқуб Мансуров. – Намозгузорон ба ҳақи онҳо дуои хайр мекунем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,  
хабарнигори «Овози тоҷик»
 дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: