РАМЗИ АЗМИ ҚАТЪӢ ВА САЛОҲИЯТИ БУНЁДКОРОНАИ БУЗУРГИ ХАЛҚ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 август бо корҳои бунёдкорие, ки дар шаҳри Тошканд ба амал татбиқ мегарданд, шинос гардид.

Иншооти нави саноатии  бузург, ислоҳоти томи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ обрӯйи Ӯзбекистонро баланд мебардорад. Хусусан дар шаҳри Тошканд солҳои охир иншоот, корхона, муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, маҷмуаҳои варзишӣ, роҳҳои нав, пул ва гузарҳои маҳалла, бозору кӯдакистонҳо, хиёбонҳои нав бунёд гардида, ба баҳрабардорӣ супурда шуданд. Дар арафаи ҷашни 28-солагии истиқлолият чандин чунин бинову иншоот, муассисаҳои маданиву маишӣ ба кор даромаданд. 
Роҳбари давлатамон аввал бинои нави таҷдидшудаи Мактаби олии давлатии рақси миллӣ ва хореографияи Тошкандро аз назар гузаронд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки омӯзишгоҳи мазкури илм оид ба тайёр кардани мутахассисони санъати рақс дар мамлакатамон муассисаи пешқадами таълими олӣ ба ҳисоб меравад.
Дар таркиби мактаби олӣ мактаб-интернати ихтисосонидашуда, коллеҷи хореография фаъолият нишон медиҳад. Ба хатмкунандагони мактаби олӣ дипломҳои ихтисосии дараҷаи бакалавр ва магистр дода мешавад. Дар ин ҷо мутахассисон оид ба роҳбари ҷамоаҳои хореография, хореограф-педагог, хореограф-санъатшинос тайёр карда мешаванд. 
Имрӯз мутахассисони маскани мазкури илм дар иттиҳодияҳои эҷодӣ, ташкилотҳои консерт, ҷамоаҳои театр, дастаҳои ҳунарии касбӣ, мактабҳои мусиқа ва санъати бачагона самарабахш меҳнат мекунанд.
Байни мактаби олӣ ва марказҳои хореографияи ИМА, Олмон, Фаронса, Италия, Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Русия, Қазоқистон ва дигар мамлакатҳо ҳамкории васеъ ба роҳ монда шудааст. Донишомӯзони ин даргоҳ дар озмунҳои байналхалқӣ, фестивалҳое, ки дар мамлакатҳои хориҷӣ баргузор мегарданд, муваффақиятнок иштирок менамоянд.
Муассисаи мазкур солҳои дароз дар бинои кӯҳна фаъолият нишон медод.
Мувофиқи қарори дахлдори роҳбари давлатамон аз 3 феврали соли 2018 ба Мактаби олии давлатии рақси миллӣ ва хореографияи Тошканд бинои алоҳида ҷудо шуда, замонавӣ таҷдид карда шуд. Барои корҳои мазкур беш аз 15 миллиард сӯм маблағ харҷ гардид.
Дар толори калони балет, ду толори маърӯзаҳо, 16 толори хореография ва балет, 7 мусиқа, 8 аудитория, 2 хонаи технологияҳои компутерӣ, маркази ахбору захира, китобхонаи омӯзишгоҳи олӣ, ки ба ҷашни 28-солагии истиқлолиятамон туҳфаи ба худ хос гардидааст, барои таълим гирифтани толибилмон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ба ғайр аз ин, хобгоҳи дорои 300 ҷой, ошхонаи дорои 100 ҷой фаъолият нишон медиҳанд.
– Ҳангоми ворид шудан ба ин гуна масканҳои санъати мамлакатҳои хориҷӣ орзу мекардам, ки оё ба мо ҳам машғулот гузарондан дар ин гуна масканҳо насиб мекарда бошад, – мегӯяд мураббӣ Елена Нодирова. – Имрӯз ба орзуямон расидем. Аз ин, хусусан, талабагон хурсанданд. Сабабаш он аст, ки толори кӯҳнаи машғулотҳои хореография ба талаб ҷавоб намедод. Дар натиҷа ҳолатҳои ҷароҳат гирифтан низ ба назар мерасиданд. Толори хозираамон васеъву равшан мебошад. Таҷҳизоти замонавитарин васл карда шудааст. Аз он миннатдор ҳастем, ки ба мо ин гуна шароит фароҳам оварданд. 
Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки шароит, муҳити эҷодӣ ва комёбиҳои ин ҷоро бояд дар дигар минтақаҳои мамлакатамон татбиқ кард, дар маҳалҳо филиалҳои мактаб кушода, анъанаи «устоду шогирд»-ро ривоҷ дод. 
Сарвари давлатамон бо омӯзгорон ва мураббиёни мактаб суҳбат орост. Зарурати идома додани корҳоро оид ба дастгирии амалии санъати миллӣ, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва рағбатноксозии меҳнати омӯзгорон зикр гардид. Хабар оиди аз нав барқарор намудани ансамбли рақси «Баҳор» ба намояндагони соҳа хушнудӣ бахшид.
Оид ба ташкил кардани минтақаи истироҳатӣ ва ҷудо намудани автобус ба ҷамоаи мактаби олӣ супориш дода шуд.
Дар арафаи ҷашни аз ҳама бузург, аз ҳама азиз дар Тошканд боз як иншооти азим – боғи «Наврӯз» ба истифода супурда шуд. Президент Шавкат Мирзиёев бо шароитҳои дар боғи мазкур фароҳам овардашуда шинос шуд.
Боғи «Наврӯз», ки бо ташаббуси Президентамон амалӣ шудааст, дар чорроҳаи кӯчаҳои Абдулло Қодирӣ, Лабзак, Нурафшон ва Шароф Рашидов-и Тошканд  барпо карда шуд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар ягон мамлакате, ки ин идро ҷашн мегирад, боғи «Наврӯз» нест. Аз ин ҷиҳат бунёд карда шудани боғе, ки ба дарк намудани арзишҳову моҳияти Наврӯз нигаронда шудааст, дар ҳаёти маънавии халқамон воқеаи калон гардид.
Роҳбари давлатамон моҳи феврали соли гузашта ба ин ҷо омада, бинобар аз ҷиҳати мазмуну моҳият ғанӣ гардондани боғ тавсияҳо дода буд. Дар боғи нав маданият ва анъанаҳои миллии халқамон амиқ инъикос ёфтааст. Дар шаҳарчаи этнографӣ, ки 2,5 гектар майдонро фаро гирифтааст, кӯчаҳое, ки номҳои Қароқалпоқистон ва тамоми вилоятҳоро доранд ва бо услуби қадимӣ манзилҳо бунёд ёфта, анъанаҳо, ҳунармандӣ ва тарзи зиндагии ба худ хоси ҳар як ҳудудро инъикос намудааст.
Каси ба боғ омада эҳсос менамояд, ки дар кишварамон ҳазорҳо сол пеш мактаби астрономӣ, маданияти кишоварзӣ ташаккул ёфтааст, арзишҳои ба дӯст доштани модар-замин нигарондашуда, ки аз боқӣ будани ҳаёт, маданияти деҳқонӣ сабақ дода, ризқу рӯзӣ медиҳад, дар замонҳои қадим пайдо шудааст. Дар сайлгоҳҳои ин ҷо рамзҳои ҳафтмаъно, дар конструксияҳо – аломатҳои кайҳонӣ ба кор бурда шудааст, ки ландшафти ҳудуд баҳри дилро мекушояд.
Ба боғ аз дарвозаи рамзие, ки ба ҳамдигар вобаста будани ду олам – коинот ваЗаминро ифода менамояд, ворид мегарданд. Дар рӯ ба рӯ амфитеатри фавворадори Наврӯз ҷойгир шудааст. Дар паҳлӯ чархфалаки диаметраш 72 метра – рамзи давом доштани ҳаёт сохта шудааст. Купрӯки 88 метраи болои ҷӯйбори Анҳор ба истироҳаткунандагон имконияти ба худ хос сайр намуданро фароҳам меорад. 
– Аз нуқтаи назари худшиносӣ аҳамияти ин маскани мазкур калон мебошад. Дар ин ҷо арзишҳои миллӣ ва таърихамон равшан ба назар мерасад. Халқе, ки таърихи худро амиқ медонад, сарбаланд, пурқудрат мегардад, – гуфт Президентамон.
Роҳбари давлат шаҳраки этнографиро аз назар гузаронд. 
Қайд гардид, ки маданияти қадимии ба худ хоси ҳар ҳудуд, ҳунармандӣ, анъанаҳои пазандагӣ, фолклор ва этнографияаш барои меҳмонони инҷо дар баробари фаровати маданӣ, чун манбаи таърихии беқиёс хидмат менамояд. Дар суҳбат бо олимон, эҷодкорон, оқсақолҳои маҳалла таъкид гардид, ки боғ нафақат дар рӯзҳои Наврӯз, балки дар давоми сол серодам буда, онҳо дар баробари дар  ин ҷо фароғати маданӣ намудан, бояд ғизои маънавӣ низ бигиранд. 
— Наврӯз фақат удум ва ё маросим нест, вай таърихи халқи мост. Дар моҳияти ин ҷашн гузашта, имрӯз ва ояндаамон муҷассам аст, — гуфт директори Музейи адабиёти ба номи Алишер Навоии АУ ҶӮ, соҳиби ордени «Дӯстлик» Ҷаббор Эшонқулов. — Президент дар мулоқот бо зиёиён таъкид кард, ки ин боғ дар баробари гузаштаи халқ азми онро ба фардо низ бояд ифода намояд. Ҳамдиёрон ва сайёҳони хориҷие, ки ба ин ҷо меоянд, бо ашёҳои марбути таърихамон ва урфу анъанаҳо шинос гардида, аз ғановати мардумамон бояд бохабар гарданд. Боғи «Наврӯз» аз ин ҷиҳат оинаи таърих ва маданият мегардад.
Дар марҳалаи дуюми ин маскани истироҳат аквапарки пӯшида, амфитеатр барои се ҳазор ҷой барои ҷашни тантанаҳои Наврӯз, ду автопарк барпо намудан ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи ин иншоот, ки ба баҳрабардорӣ супурдани он дар ҷашни Истиқлоли соли оянда ба нақша гирифта шудааст, боғи «Наврӯз»-ро ба гӯшаи боз ҳам дилрабо табдил медиҳад. 
Президентамон бо шароите, ки дар мактаби давлатии таълими умумии махсуси ба номи Мирзо Улуғбеки ба фанҳои физика, математика, информатика ва астрономия махсусонидашуда фароҳам оварда шудааст, шинос шуд.
Мактаби мазкур дар асоси қарори Президент аз 14 сентябри соли 2017 «Дар бораи ташкил кардани мактаб-интернати давлатии таълими умумии махсуси ба номи Мирзо Улуғбек» ва боғи «Астрономия ва аэронавтика» ташкил шудааст.
Дар соли таҳсили 2019-2020 ба синфҳои 7, 9, 10-уми мактаб-интернат 128 нафар донишомӯз дар асоси озмуни махсус қабул карда шуданд. Дар ин ҷо барои дониши замонавӣ гирифтани хонандагон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Хобгоҳ, амфитеатр, толор ва майдончаи варзиш, ошхона, инчунин маҳфилҳои робототехника, бозии тоҷмот, физикони ҷавон, математикҳо, астрономҳо ва информатикҳо дар ихтиёри хонандагонанд. 
Ба мақсади баланд бардоштани сифати таълим, дар асоси андозаҳои хориҷ ташкил кардани дарс педагогҳои хориҷӣ ҷалб карда шудаанд. Барои онҳо дар ҳавлии мактаб меҳмонхонаи махсус сохта шудааст. 
Дар мактаб-интернат ба сифати дарси факултативӣ хонаи технологияҳои аэрокайҳонӣ ташкил шудааст. Дар онҳо таҷҳизоти замонавии «VR BOX», «HOLOMAX», «QBOX», ки барои ба тарзи виртуалӣ омӯхтани корҳои лабораторӣ, истифода бурдан аз китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ пешбинӣ шудааст, тахтаи электронӣ, шакли электронии ҷадвали даврии Менделеев васл гардидааст. Дар қисми боми мактаб телескоп ҷойгир карда шудааст, ки барои омӯхтану назорат кардани ҷисмҳои осмонӣ аҳамияти муҳим дорад. 
Роҳбари давлатамон бо шароите, ки дар бинои нави мактаб фароҳам оварда шудааст, шинос шуда, хонаҳои дарсро аз назар гузаронд. Бо хонандагон суҳбат орост.
– Ба мактаби мазкур бесабаб номи Мирзо Улуғбекро надодаем. Шумо бояд бо ин ифтихор намуда, ба бобои бузургамон муносиб гардед. Барои ба ин муваффақ гардидан иштиёқи калон, ҷидду ҷаҳд лозим, меҳнат бояд кард. Барои он ки шумо ҳамчун мутахассисони пуртаҷрибаву ба ватанамон манфиатбахш ба воя расед, тамоми шароитҳоро фароҳам меорем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Бинобар дуруст тақсим намудани вақт барои таҳсил ва истироҳат, ба истифода бурдани услубҳои замонавӣ то ки бачаҳо фанҳоро беҳтар аз худ намоянд, тавсияҳо дода шуданд.   
Пас аз ин Шавкат Мирзиёев ба Tashkent City омада, конгресс-холл ва меҳмонхонаи панҷситора, корҳои ободонии ҳудудро аз назар гузаронд.
Бинои конгресс-холл аз ду ошёна иборат буда, дар маркази он толор барои 4 ҳазор нафар мавҷуд аст, ки ба толорҳои калон ва хурд табдил меёбад. Ғайр аз ин, дар як вақт барои қабул намудани ҳашт ҳайат толорҳои иловагӣ низ мавҷуданд.
Сохтмони меҳмонхонаи панҷситораи 21 ошёна низ бо ҷадал идома дорад. Ин меҳмонхона, ки зери тамғаи «Hilton» фаъолият хоҳад кард, молики 258 утоқ мегардад. Инчунин се тарабхона, толори банкет ва ҳам шаш маҷлисгоҳ вуҷуд дорад.
Имрӯз конгресс-холл ва меҳмонхона қад афрохтааст. Ородиҳии дохилӣ, насби шабакаҳои барқ ва  девораҳои ороишӣ ба охир мерасанд. Ҷо ба ҷо кардани шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ ва корҳои ободонӣ идома доранд. 
Президент корҳои бунёдкорие, ки дар маҷмӯа ба амал татбиқ мегарданд, хуб арзёбӣ намуда, супориш дод, ки пас аз ба кор даромадани ин объектҳо ба афзудани навъҳои хидмат эътибор додан, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои мардум, ки дар ин ҷо истироҳат мекунанд, зарур аст. 

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ, 
Матназар ЭЛМУРОДОВ, 
Умар АСРОРОВ, хабарнигорони ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: