РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛОНА

21 октябри соли 1989 сессияи Шӯрои Олӣ лоиҳаи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ»-ро ба сифати қонун пазируфт, ки маъно ва моҳияти «истиқлолият аз забон сар мешавад» дар он муҷассам мебошад.

Таҳти қарори Шӯрои Вазирон аз 19 феврали соли 1990 оиди татбиқ намудани  қонун Барномаи давлатӣ корбаст гардид. Ин барнома барои вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳо, ҳокимиятҳо ҷиҳати амалӣ гардонидани нуктаҳои қонун ҳамчун дастуруламал хидмат намуд. Дар ҳузури Девони Вазирон барои назорат аз болои иҷрои қонун Комиссияи забони  давлатӣ таъсис ёфт. 
Комиссия дар як муддати кӯтоҳ корҳои зиёдро ба амал баровард. 
Чӣ тавр иҷро шудани Барномаи давлатӣ аз ҷониби комиссия омӯхта ва рафти  корҳо дар ин самт дар ҷамъомадҳои комиссия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавсияҳое, ки комиссия пешниҳод кардааст, дар роҳи такмили минбаъдаи забон заминаи муҳим гардиданд. 
21 декабри  соли 1995 аз ҷониби Олий Маҷлис таҳрири тозаи қонун қабул гашт. Аз рӯйи иҷрои қарори Олий Маҷлис (10 сентябри соли 1996) Барномаи давлатии  ба амал баровардани қонун тасдиқи худ дарёфт.
Байни қонун «Дар бораи забони давлатӣ», ки 21 октябри соли 1989 қабул гардидааст ва таҳрири нави он дар таърихи 21 декабри соли 1995 ҷиҳатҳои фарқнок ва муштарак ба мушоҳида мерасанд. Қонуни аввала вақте қабул гашт, ки сохтори шӯравӣ ҳукмравоӣ дошт. Дар ин байн ин сохтор барҳам хӯрд, баъзе бандҳо куҳна шуданд, баъзе бандҳои дигар зиёдатӣ шуданд. Олий Маҷлис дар вазъи бартараф сохтани ин гуна норасоиҳо қонунро дар таҳрири нав қабул намуд,  яъне ба Қонун «Дар бораи забон» дигаргунӣ ва иловаҳо ворид карда шуданд. Қонуни пештара аз 30 модда иборат бошад, таҳрири нав танҳо 24 моддаро фаро гирифт.
Ҳаминро низ қайд карда муҳим аст, ки аксарият бандҳои қонун дар таҳрири нав дар вазъи ба ҳисоб гирифтани воқеаҳои реалии рӯзгор ворид шудаанд. Айни  замон якбора не, зарурати давра ба давра амалӣ гардондани қонун дар таҳрири нав пешбинӣ гардидааст. 
Чи шакли  аввала ва чи вазъи таҳрирхӯрдаи қонун, зимнан, ба як мақсад равона карда шудааст: тавассути мақоми давлатӣ додан баланд бардоштани мавқеи забони ӯзбекӣ, таъмини пурраи амалӣ гардондани он дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ.
Қабул шудани қонун, ҳамин тавр, имконият дод забони давлатӣ ҳарҷониба тараққӣ созад. Рушди илми забоншиносӣ имконият фароҳам овард масъалаҳо оиди терминология ҳаллу фасл ёбанд, Кумитаи истилоҳот таъсис ёфта, вожашиносӣ мазмуну моҳияти тоза касб намояд. 
Мамлакати мо бисёрмиллат аст. Зарурати омӯзиши забони давлатӣ ба намояндагони миллатҳои дигарро худи давр тақозо менамояд, вале дар ин ҷараён ба маҷбурнамоӣ ягон зарурат нест.
Дараҷаи маданият ва фарҳанги халқе, ки соҳиби забон аст, мушкилот дар ин роҳро бартараф менамояд. Ҳисси эҳтиром нисбати забони давлатӣ вомедорад қонун давра ба давра татбиқи амалии худ ёбад. 
Дар баробари забони давлатӣ барои ҳифзи мероси фарҳангиву арзишҳои маънавӣ, хусусан рушду ривоҷи забони модарии халқҳои гуногунмиллати ин сарзамин шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Бештар аз 140 маркази  фарҳанги миллӣ асосан барои ин гуна мақсадҳо хидмат менамоянд. 
Дар муассисаҳои давлатии омӯзишӣ таълим бо забонҳои қароқалпоқӣ, русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва туркманӣ пеш бурда мешавад. Расонаҳои хабарӣ, айни замон, бо забонҳои гуногун интишор меёбанд. Сарфи назар аз чигунагии мансубияти миллӣ, сокинони ин диёр, алалхусус насли ҷавон барои омӯзиши забони ӯзбекӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Ҳамватанони мо, ки дар рушди Ӯзбекистони Нав саҳм гирифта, баҳри гузоштани пойдевори Ренессанси нав ҷидду ҷаҳд доранд, тавре роҳбари давлатамон таъкид сохт, ба қудрати ҳаётбахши забони давлатӣ низ такя менамоянд. 
Татбиқи амалии  худ ёфтани фармони роҳбари давлати мо «Дар бораи чораҳои боз ҳам ривоҷ додани забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забон дар мамлакат» ба куллан боло бардоштани нуфуз ва эътибори забони давлатӣ дар ҳаёти иҷтимоии халқҳои Ӯзбекистон ва миқёси байналхалқӣ мусоидат менамояд. Айни замон ин ҳуҷҷат таъмини  воқеии ҷорисозии ин забон дар мамлакат, беҳсозии шароити забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимро дар худ таҷассум намудааст. 
Нигоҳ доштан ва тараққӣ додани забони миллат ва халқиятҳои гуногуни Ӯзбекистон низ чун яке аз вазифаҳои муҳим муайян карда шудаанд.
Ҳамкорӣ бо дорулфунун ва марказҳои хориҷӣ, ки забони ӯзбекиро чун фан меомӯзонанд, торафт мустаҳкам мегардад.
Офаридани адабиётҳои таълимӣ барои онҳо, ҳамчунин, масъулияти баланд талаб мекунад. Ноширону олимони забоншиноси мо ин ҷиҳатҳоро ба эътибор мегиранд, мутарҷимонамон дурдонаҳои адабиёти дунёро ба ӯзбекӣ, беҳтарин намунаҳои адабиёти ӯзбекро ба забонҳои дунё тарҷума ва чоп мекунонанд.
Забон қувваи бузургест, ки метавонад рӯҳи миллатро ба дараҷаи баланд бардорад, гуфта буд маърифатпарвари намоён Абдулло Авлонӣ. Президент таъкид сохт: «Аз ин маъно, агар гӯем, ки муҳаббат ва садоқат ба Модар-Ватан аз муҳаббат ва садоқат ба забони модарӣ ибтидо мегирад, хато намекунем». 
Қабул шудани қонун дар шароити басо мураккаби иҷтимоию сиёсӣ барои ҷумҳурии мо қадами басо муҳим буд ба сӯйи истиқлолияти миллӣ. Бо баҳисобгирии хоҳишу дархости халқҳоямон 21 октябр – Рӯзи иди забони давлатӣ муқаррар гардид.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: