РАМЗИ КАМОЛОТ

Ё ХУД ҚИССАИ ЧӢ ТАВР ДАР ХОНАДОНИ АЛИМАТОВ МОНДАНИ ТАНБӮРИ ҲОҶӢ АБДУЛАЗИЗ

Муҳити эҷодии ба ҳам хеле наздик доштани халқҳои тоҷик ва ӯзбек, ки бузургмардони олами хираду фарҳангашон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳмгузор будаанд, ба касе сир нест. Яке устод, дувумӣ шогирд. Яке пир, дувумӣ мурид. Ё ҳарду ҳамсабақ дар як мактаби адабию мусиқӣ. Мусиқор ва таронасароҳоямон низ аз азал дар ҳамкорӣ таҷрибаҳои якдигарро омӯхта, тавфиқ ёфтаву касби камол кардаанд.
Яке аз созандагони номвари замони мо, ҳунарваре, ки дар таърихи санъати анъанавӣ саҳифаҳои нав кушодааст, Турғун Алиматов мебошад. Вай аввал дар дуторнавозӣ ҳунари комил пайдо кард, баъд дар навохтани сато маҳорат нишон дод, сипас дар мусиқии миллӣ мактаби хоси танбӯрнавозӣ офарид. Мегуфт: “Ман танбӯрии аз дуторӣ баромадаам”.
Ба танбӯр дил бастан, чун танбӯрнавоз машҳур шудани ӯро воқеае дар Самарқанд низ сабаб шудааст. Ҷавон буд, ба Самарқанд азми сафар кард. Дар кӯчаҳои ин шаҳри таърихӣ, ки ба олами мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз барин абармардҳоро ҳадя карда, яке аз ватанҳои “Шашмақом” эътироф шудааст, қадам мезад. Ҳавасаш меомад ба Юнус Раҷабӣ, ки замонҳое дар ин ҷо таҳсил гирифт, аз сабақҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз баҳра бардошт...
Вай чун аз назди кӯҳнафурӯше мегузашт, чашмаш ба танбӯре афтод. Ба он бо ҳусни таваҷҷуҳ нигаристанаш аз эътибори фурӯшанда дур намонд.
– Танбӯр фурӯхта намешавад, – гуфт кӯҳнафурӯш.
– Барои чӣ? – тааҷҷуб кард ҷавон. – “Чизи фурӯхтанамешударо ҳам бозор оварда ва пеши чашм мегузоранд?”
– Бачем, мана ин чизҳоро, – ба колаҳо ишора намуд фурӯшанда, – хариданат мумкин, лекин ба танбӯр ҳавас накун.
– Чизи дигар лозим не, – ҳамон аз танбӯр чашм намеканд Турғун.  – Агар иҷозат диҳед, як... бинам.
– Дида истодаӣ-ку? Ба даст гирифтанат шарт? Медонӣ, он чӣ хел танбӯр? Танбӯри табаррукӣ. Бачем, аз роҳат намон.
– Бобоҷон, ман меҳмон. Аз Тошканд омадам. Ба мусиқӣ шавқам баланд. Дутору танбӯр аз даврае, ки ақли худ шинохтам, дар пештоқи хонаамон овезон меистанд. Ҳамроҳи падар машқ кардаам. Баъдтар дар маҳфилҳо ҷиддӣ дуторнавозиро омӯхтам. Аммо ин танбӯр...
– Намонди-да, – бо малол пичиррос зад пирамард ва: – Мана, – гӯён дароз кард танбӯрро. – Бо эҳтиёт дор. Медонӣ, ин аз они кӣ? Аз они Ҳоҷибобо!
Турғун, бо эҳтиёт асбоби мусиқиро ба даст гирифту: – Кадом Ҳоҷибобо? – пурсид чашм бардошта.
– Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов. Шунидаӣ?
Ҳиссе ба рагҳои Турғун тохт, дунё ба назараш дигаргун намуд. Дар ҳоле, ки дилаш сахт метапид, бо чашмони барқпош ба пирамард нигарист.
– Наход... – гуфт вай ҳаяҷономез. – Аз Ҳоҷибобое, ки...
– Бале. Медонӣ, кӣ буданд он кас?
– Оҳ, Ҳоҷибобо... Устоди маънавӣ мешуморам он касро. Бовар кунед... хаёлан гуфтугӯ мекардам бо он зот, аз даме, ки ба Самарқанд по ниҳодам, – ба ин-сӯ, он-сӯйи танбӯр ҳавасомез назар мекард Турғун. Ба гӯшҳояш бовар наменамуд. “Наход аз Ҳоҷибобои маълуму машҳур? Сароянда ва навозандаи беназир бо дасту панҷаҳои шарафманд...  менавохтанд инро?
Маро ба киву ба чӣ рӯ ба рӯ кардӣ, Худои меҳрубон?!”
Чеҳраи мӯйсафед андак кушод. – Ин хел бошад, хуб, – гуфт табассумомез ва илова намуд:
– Мехоҳӣ навозӣ? Лекин бе «бисмиллоҳ» сар накун.
– Хуб, – итоатомез даҳон кушод ҷавон.
Ва бо панҷаҳои хаёле ларзон ба “соз” кардани танбӯр шурӯъ намуд. 
Мӯйсафед, ки аз асрори мусиқӣ то андозае огоҳ буд, дарзамон пай бурд ҷавон дар навохтани танбӯр хеле баҳунар. Дар вақти “соз” кардани асбоб созанда бояд ба ҳаракатҳои дасти чапу рост, ҳамчунин ба зарбҳои аввалу сонӣ, якказарб, ҷуфтзарб, калтарез, пирранг ва ҳоказо эътибор диҳад, ки ин ҳама барои як хел садо додани савтиёти нолишомез хеле зарур.
Баъд ҷавон “Бозаргонӣ” гуфту ба навозиши яке аз оҳангҳои марғуб, ки Ҳоҷӣ Абдулазиз офаридааст, шурӯъ намуд.
Вай овони бачагӣ “Бозаргонӣ”-ро дар иҷрои мусиқорҳое, ки хонаашон ҷамъ омада, то дили шаб ба навозишу хониш машғул мешуданд, бо диққат гӯш мекард. Ба онҳо чой мекашонд, дастёрӣ менамуд, вале ҳушу хаёлаш ба оҳанги диловез, ки кайҳо ҷой гирифта буд дар дилу зеҳну хотираш. Аз пластинка ва радио низ бо таваҷҷуҳ мешунид онро. Ва ба азхуд кардан, фаро гирифтани оҳанг аз таҳти дил ҳаракат мекард. Саъйҳояш беҳуда нарафтанд. Бо вуҷуди ҳанӯз ҷавон будан Турғун аз сафи мусиқорҳое ҷой гирифт, ки “Бозаргонӣ”-ро ба маром расонда менавозанд.
Инак, вай аз имтиҳони мӯйсафеди кӯҳнафурӯш мегузарад.
...Чӣ оҳанги дилрабо, чӣ гунаи навои ҷонбахш, ки ба қалбу рӯҳ ҳам масаррат мебахшанду ҳам ҳузн, эҳсосро ба таҳрик оварда, шунавандаро аз паси худ мебаранд, ба дуриҳо, ба дуриҳои дур...
Ҷавон танбӯр менавохту мӯйсафед лаҳзае дар худ набуд гӯё: на дар бозор ва назди колаҳо, ки савдо мекард, балки дар олами сеҳромези оҳангҳо.
– Офарин! – гуфт беихтиёр.
Ҷавон бо шунидани таҳсин далертар шуд, панҷаҳои гиро чобуктар рӯйи пардаҳои танбӯр давиданд. Чӣ ниҳон буд дар “Бозаргонӣ”, ки устодона ба иҷро мерасид? Нолаи оҳанг, гиряи ошиқ, фиғони қалби маҷруҳ ва айни замон, ширин-ширин тапиданҳои қалб дар лаҳзаҳои масарратзо, шавқи дидор...
Оҳанг ба охир расид. Ҷавон чашм боло кард ва дид одамон гирдаш печондаанд. Ҳис кард ҳама моту мабҳут. “Кам нашав!” гуфт кадоме бо таҳсин. “Бар падарат раҳмат”, гуфт дувумӣ. Дигарон бо сарҷунбонӣ қоил мондани худро изҳор мекарданд.
Ҳушу хаёли Турғун бар танбӯр, ки хеле вақт бенигоҳубин монда ва нағз садо надиҳад ҳам мехост онро харад. Талабгор агар буд, баъде донист, ки он аз Ҳоҷӣ Абдулазиз, талабгортар шуд. “Илоҷе карда мехарам. Чӣ қадаре, ки хоҳад, медиҳам!”
“Ё Парвардигор, Парвардигор!” – баногоҳ нидо дардод кӯҳнафурӯш.
Ҳама бо ҳайрат ба вай нигаристанд.
– Бобо, ба шумо чӣ шуд? – пурсид Турғун.
– Наход, ки он туӣ-а? Наход... ту?! – мӯйсафед зеҳн монда менигарист ба ҷавон.
Сонӣ вай нақл кард, вақте раҳматӣ Ҳоҷибобо дар рӯзҳои охири умр танбӯри худро ба ман месупурданд, гуфтанд, ки рӯзе мусиқачие, ки ба мероси ман муносиб аст, наздат меояд, дар навозиш ҳамаро қоил мекунад. Ту бе ҳеҷ дудилагӣ танбӯрро ба вай супор.
Чашмони ҷавон барқ заданд. Гуфт:
– Ҳамин тавр гуфта буданд Ҳоҷибобо? Наход мани навмашқ ба мероси бузургвор муносиб? Ҳоло дар кисаам пули бисёр нест-куя, лекин ёфта меорам. Чӣ қадаре, ки пурсед, мехарам инро!
– Ту чиҳо мегӯӣ, бачем? – мӯйсафед аз ҷо хест ва ҷавонро ба бар кашид:
– Магар ин навъ чизҳои табаррукиро мефурӯшанд? Танбӯр ба ту туҳфа!
– Туҳфа? – Турғун аз шиддати ҳаяҷони суруромез гоҳ дар худ буду гоҳ не...
Ҳамин тавр, Турғуни ҷавон аз Самарқанд – аз шаҳри Ҳоҷӣ Абдулазиз, дар даст танбӯр, бо ҷаҳон-ҷаҳон шодӣ ба Тошканд баргашт. Танбӯрро ба усто дод. Баъди таъмир ҳолати аввалаашро барқарор намуд асбоби мусиқие, ки як вақтҳо дар дасти ҳофиз ва мусиқори барҷаста ба нолаву садои довудии қалби ӯ ҳамовозӣ дошт. Акнун он ҳамоҳанг буд ба таппиши қалбу овои орзуву армонҳои поки Турғун Алиматов, ки навъе ишора рафт, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандиро устоди маънавии хеш меҳисобид.
Танбӯр дар хонадони Алиматовҳо чун яке аз баарзиштарин туҳфаҳо ҳанӯз нигоҳ дошта мешавад. Қиссаи болоӣ, яъне чӣ тавр ба ин хонадон афтодани танбӯри Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон Ҳоҷӣ Абдулазизи нотакрорро ба мо набераи арзандаи Турғунбобо Аброр Зуфаров нақл намуд.
Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов дар азхуд сохтани самтҳои мақом, навохтани асбобҳои мусиқӣ ва овозхонӣ ба бисёр ҷавонон устодӣ кардааст. Аз ҷумла, ҳунарпешаи мардумӣ Юнус Раҷабӣ дар хонадони ӯ воқеъ дар маҳаллаи Кӯкмасҷиди Самарқанд муддате зиста, илми мусиқӣ омӯхтааст. Ӯро Ризқӣ Раҷабӣ ва Инъомҷон Икромов барин ҳамсабақҳояш ҳамроҳӣ менамуданд.
Назар ба таъкиди Аброр Зуфаров, дар дафтари хотироти Турғун Алиматов ин гуна сатрҳо ҳастанд: “Ман аз бачагӣ ба овозхонию ҳунари созандагии Ҳоҷӣ Абдулазиз меҳр монда ва пластинкаҳои ӯ “Бебокча”, “Гулъузорам”, “Бозаргонӣ”-ро ҳанӯз дар солҳои сиюм бо мароқ мешунидам. Бо ҳар дафъа шунидани ин иҷроҳо ҳоло низ барои худ чизе дарёфт менамоям. Баъзан ба кадом паҳлӯи санъате, ки нодир аст, бештар ба ҳайрат мондани худро нафаҳмида, дурудароз фикр мекунам...”
Ҳақиқатан ҳам диди бузурги мусиқӣ ва маҳорати баланди Ҳоҷӣ Абдулазиз дар навозиши танбӯру дутор ва хониши таронаҳои классикӣ яке аз пайравон ва ҳаводорони ашаддиаш Турғун Алиматовро сахт мафтун мекард.
Худи Турғунбобо, тавре ишора рафт, дар баробари Шобарот танбӯрчӣ, Рӯзматхон танбӯрчӣ, Султонхон Ҳакимов, Мақсудхоҷа Юсуфов, Ёқуб Давидов ва дигар созандагони маъруф аз қатори беҳтарин оҳангсозҳо ҷой гирифт. Ҳунари волои худро ба Ҳасан Раҷабӣ, Маҳмудҷон Тоҷибоев (ҳарду ҳофизи мардумӣ), Абдулло Умаров, Тоир Қӯзиев, Иброҳим Самадов, Муҳаммадҷон Маматқориев ва дигар шогирдон омӯзонд. Дар давоми фаъолияти эҷодӣ бо Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев барин нобиғаҳои мусиқии тоҷик аз наздик ҳамкорӣ намуд. Ҳамкории ӯ, хусусан, бо Маҳмуд Воҳиди нотакрор, ки асосгузори театри «Як актёр» эътироф шудааст, қобили таваҷҷуҳ. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон М. Воҳидов намоишҳои “Гуфтугӯ бо худ” (аз рӯйи рубоиёти Умари Хайём, 1967) ва “Ишқи зиндагӣ” (аз рӯйи ғазалиёти Ҳофиз, 1971)-ро омода сохт ва ибтидои солҳои ҳафтодум онҳоро дар фирмаи грамафонии Тошканд сабт кунонд. Ба садои марғуладори Маҳмуди Воҳид, дар лаҳзаҳое, ки мувофиқанд, Турғун Алиматов бо дутор, танбӯр ва сато “ҷӯр” шудааст.
Канда нашудани риштаҳо миёни шаҷарот дар рушду ривоҷи касбу кор, илму маърифат, маданияту санъат чизи муҳим аст. Иҷрогарӣ низ аз санъатҳоест, ки аз аҷдод ба авлод гузашта, сайқал ёфта омадааст. Дар мактаби хосе, ки Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, дорандаи ордени “Буюк хизматлари учун”, профессор Турғун Алиматов  офаридааст, пайвандонаш Алишер Алиматов ва Аброр Зуфаров низ сабақ бардоштаанд. Таҳсилкардаи Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон Аброр Зуфаров (1991-1996) алъон дар Донишкадаи санъати мусиқии миллии ба номи Юнус Раҷабӣ ба донишҷӯён дар самти иҷрогарии миллӣ таълим медиҳад. Вай таъкид месозад: “Бобоям ҳамеша бо рӯҳ ва қалби миннатдор аз устоди бузурги маънавиашон Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ кору эҷод карда ва дар ҷараёни иҷро ба услубу пандҳои бузургвор такя намудаанд. Ҳоҷиака рамзи камолот буданд бароям, ки ман як умр гӯё ҷонибашон майл намудаам, мегуфтанд...”
Шояд ҳамон танбӯри табаррукии Ҳоҷӣ Абдулазиз низ ба хонадони Алиматовҳо файз, хосияту шарофати дигар бахшид, тавфиқёбии аъзои оиларо дар иҷрогарии миллӣ сабаб гашт.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: