РАМЗИ МАХСУСИЯТИ МИЛЛИИ МО

Дар Хиёбони адибони Тошканд ба муносибати 21 октябр – Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ чорабинии тантанавӣ ба амал омад.

Дар Хиёбони адибони Тошканд ба муносибати 21 октябр – Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ чорабинии тантанавӣ ба амал омад.
Дар тадбир, ки ба 32-юмин солгарди мақоми забони давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ бахшида шуд, мудири Департаменти оид ба рушди забони давлатии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуғаффор Қирғизбоев изҳор дошт, ки эътибор ба забони ӯзбекӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст.
Роҳбари давлати мо дар муборакбодиаш ба халқи Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ масъалаҳои рӯзмарраи рушди забони модариро афзалиятнок номид. Дар мамлакат бобати минбаъд баланд бардоштани нуфузи забони ӯзбекӣ, инкишоф додани тадқиқот дар соҳаи мазкур, омода кардани аёниятҳои зарурии таълимӣ, луғатҳо, адабиёти илмию маърифатӣ, пурзӯр намудани оммавигардонии он корҳои муттасил татбиқ мегарданд.
Барои пешбурди забони модарӣ низоми муайяни қонунгузорӣ ташаккул ёфтааст. Бисёр сохторҳои давлатӣ ба баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ фаъолона мусоидат менамоянд. Дар ҷараёни бунёди асосҳои Эҳёи Сеюм бобати дастгирии фаъоли тадқиқоти илмӣ дар соҳаи мазкур, риоя кардан ба меъёрҳои қонунгузории забони ӯзбекӣ, рағбатноксозии ҷавонони эҷодкор корҳои мунтазам амалӣ мешаванд.
Раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, шоири халқӣ Сироҷиддин Саййид таъкид намуд, ки табрикоти идонаи Президент ба халқи Ӯзбекистон барои рушди минбаъдаи забони модарӣ ҳамчун барномаи муҳим хидмат хоҳад кард. Кор бинобар баланд бардоштани маданияти қироат ва омӯхтани адабиёти миллӣ дар мамлакат ифодаи амалии эътиборест, ки ба забони модарии мо нигаронида шудааст.
Донишҷӯёни хориҷие, ки дар муассисаҳои таълими олии кишвари мо сабақ меомӯзанд, таассуроти худро оид ба забони ӯзбекӣ изҳор доштанд. Рағбати рӯзафзуне, ки алҳол дар ҷаҳон бобати омӯхтани забони модарии мо мушоҳида мегардад, дар суханони самимии онҳо ифодаи худро пайдо кард:
– Ҳусн ва ғановати забони ӯзбекӣ дар эҷодиёти Алишери Навоӣ равшан инъикос ёфтааст, – гуфт донишҷӯйи Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошканд Картер Халл аз ИМА. – Ба шарофати асарҳои ин шоири беназир рағбат ва эҳтиром ба забони ӯзбекӣ меафзояд.
– Алҳол миқдори онҳое, ки забони ӯзбекиро истифода мебаранд, аз панҷоҳ миллион нафар зиёд аст, – гуфт донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд Зубайда Ховар аз Афғонистон. – Ин собит менамояд, ки забони ӯзбекӣ аз ҷумлаи забонҳои бузург мебошад. Агар дӯстдорони забони ӯзбекӣ ба он эътибори бештар диҳанд, ба ин забон масъулиятшиносона муносибат кунанд, вай минбаъд низ инкишоф хоҳад ёфт.
– Ман бинобар забоншиносии ӯзбекӣ тадқиқот мебарам, – гуфт донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии ховаршиносии Тошканд Йе Ханвен аз Чин. – Маҳз барои ҳамин ҳам хондани шеърҳои шоирони ӯзбекро дӯст медорам. Барои ман дар чорабинии кунунӣ суханронӣ ба забони ӯзбекӣ шарафи бузург мебошад.
Дар тадбир аз осори шоирони ӯзбек намунаҳо қироат шуданд. Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон Муноҷот Йӯлчиева таҳти оҳанги ансамбли мақомхонони ба номи Юнус Раҷабӣ суруд хонд.
Иштирокдорони вохӯрии тантанавӣ ба пояи ҳайкали Алишери Навоӣ гулу гулдастаҳои тару тоза гузоштанд.
Дар чорабинӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Абдуваҳитов, муовини Сарвазир Беҳзод Мӯсоев иштирок карданд.
Тадбирҳои адабиву маърифатии бахшида ба Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ дар тамоми мамлакат идома доранд.

Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: