Таҳти ташаббус ва сарварии Президентамон ба ривоҷи коммуникатсия ва шабакаҳои нақлиёт дар мамлакат эътибор пурзӯр гашт. Роҳсозӣ яке аз самтҳои устувори сиёсати иқтисодӣ қарор гирифт.
Таҳти ташаббус ва сарварии Президентамон ба ривоҷи коммуникатсия ва шабакаҳои нақлиёт дар мамлакат эътибор пурзӯр гашт. Роҳсозӣ яке аз самтҳои устувори сиёсати иқтисодӣ қарор гирифт.
Пешрафти мамлакат, офаридани шароити мусоид ба аҳолиро бидуни роҳҳои замонавӣ тасаввур кардан душвор. Модернизатсияи системаи нақлиёт ва инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ба торафт бузург шуда истодани шабакаи роҳҳои тахту ҳамвор дар сартосари кишварамон имкониятҳои тоза фароҳам меоварад. Чорабиниҳое, ки дар ин самт ба таври муттасил андешида мешаванд, ба торафт такмил ёфтани шабакаи роҳҳои автомобилгард, баланд бардоштани дараҷаи бехатарии ҳаракати роҳ ва беҳтар гардонидани сифати хидматрасонии нақлиёт, дар баробари ин ба қавӣ гардондани пояҳои иқтисодии мамлакат ва таъмини фаровонии ҳаёти шаҳрвандонамон мусоидат менамоянд.
Маълум, ки сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилгардро дар солҳои истиқлолият асосан Кумитаи давлатии роҳҳои автомобилии «Ӯзавтойӯл» ба зимма гирифта, аз ҷониби он дар барпои роҳ ва шоҳроҳҳои замонавӣ, ободонии ҳудуди шафати роҳҳои автомобилгард, тахту ҳамвории ҷодаҳои таъиноти давлативу байналхалқӣ корҳои азими бунёдгарона ба сомон расонида шуданд. Кумитаи мазкур дар қад афрохтани кӯпрукҳои азим ва замонавӣ низ саҳми беқиёс дорад.
Дигар аз корхонаҳое, ки дар ин самт хидмати босазо мекунад, Ширкати давлатию саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» мебошад, ки тамоми роҳҳои оҳан дар қаламрави кишвар ба ихтиёри он қарор дорад. Модоме роҳҳо рамзи иқтидори иқтисодии диёранд, кӯпрукҳои азим низ аз қудрати бунёдгаронаи халқи мо дарак медиҳанд. Мавҷуд будани онҳо, хусусан, дар чорраҳаҳо аҳамияти алоҳидаро моликанд. Дар чорраҳаҳои шаҳри азими Тошканд чанд соли охир якчанд ин гуна кӯпрукҳои азим қад афрохта, дар баробари офаридани қулаӣ ба равуои автомобилӣ ва ҳаракати пиёдаҳо ба шукӯҳи пойтахт ҳусни тоза зам намуданд. Дар амалӣ гардонидани корҳои пурвусъати сохтмон ва татбиқи амалии қарорҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакат ва Девони Вазирони ҷумҳурӣ қабул карда шудаанд, ҷамоаи Кумитаи давлатии «Ӯзавтойӯл», раёсати хоҷагии роҳсозии Ширкати давлатию саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари», дар баробари ин масъулони иттиҳодияи давлатии «Ӯзтрансқурилиш» меҳнати диловарона намуданд.
Сол аз сол, аз ҷумла дар пойтахти кишвар баробар бо бунёди роҳҳои нав роҳҳои болои ҳам ва чорраҳаҳои нав ба пайдо омада, ба беҳтар гардондани аҳволи техникӣ ва таъмини бехатарӣ дар ҳаракатҳо эътибори махсус нигаронида мешавад. Оиди сохтмон, таҷдид ва ривоҷи кӯпруксозӣ, хусусан, корҳои бузург ба амал мебароянд. Дар иҷрои вазифаҳои муҳим бобати кӯпруксозӣ алҳол заҳматкашони корхонаи унитарии «Кӯприкқурилиштрест»-и назди Ширкати давлатию саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» ҳиссаи муносиб мегузоранд.
Баъди намуди замонавӣ касбнамоии Боғи истироҳати ба номи Ғафур Ғулом ва қад афрохтани стадиони «Бунёдкор» дар шафати он равуоҳо дар ҳудуди мазкур авҷи тоза ёфтанд. Торафт зиёд шуда истодани автомобилҳо ба кас сир нест. Алалхусус пагоҳӣ ва бегоҳиҳо роҳҳо тирбанд мешаванд.
Кӯчаҳои «Бунёдкор» ва «Чӯпонато», ки хати бурришашон воқеъ дар шафати боғ ва стадиони номбаршуда мебошанд, аз ин истисно не. Чанд моҳ инҷониб дар ин ҷо вусъати корҳои сохтмонро ҳис мекунем. Кӯпруки азиме сохта мешавад, ки 667,5 метр дарозӣ дорад. Баландиаш 8 метр, бараш 24,5 метр, ки аз ҳамин вусъатнокии сохтмони навро пай бурдан мумкин. Ду гузаргоҳе, ки барои пиёдагардҳо муқаррар шуда, 124 метр дарозӣ дорад. Кӯпруки нав назар ба кӯпрукҳои зиёде, ки дар чорраҳаҳои пойтахт барпо шудаанд, бо шакл ва дизайн, қулаиҳое, ки барои ронандаҳо ва пиёдаҳо офарида шудаанд, ҷудо шуда меистад, мегӯяд коргар Ботир Ниёзматов. Роҳсоз Мурод Ҳошимов ҳамкори худро қувват дода, меафзояд аз он ки дар қомат афрохтани ин гуна кӯпруки азим саҳм дорем, меарзад бо худ ифтихор намоем. Назар ба изҳори муҳандис Ҷаббор Раҷабов, бетонҳои филизӣ ва кулли маводи сохтмон, ки ба сифати ашё истифода мешаванд, маҳсули корхонаҳои маҳаллианд ва онҳо сари вақт ба кӯпруксозон расонда дода мешаванд. Дар ин ҷо наздики 300 нафар устодони касб шабу рӯз меҳнат мекунанд. «Шабу рӯз» ба маънои он ки бо иваз шуда истодани бастҳо ва ҷудо гардидани вақт барои тановул дар ин ҷо корҳо дар як шабонарӯз 22 соат давом мекунанд.
Назар ба таъкиди сардори отряди кӯпруксозони рақами 67 Шерзод Ашӯров, корҳо асосан ба анҷом расиданд ва кӯпруки азим вақтҳои наздик ба истифода супурда шавад, миқдори тақрибан 11 ҳазор автомобиле, ки дар як шабонарӯз ин ҷо ҳаракат мекунанд, ба 32 ҳазор мерасад, яъне тирбандӣ куллан барҳам мехӯрад. Пиёдагардҳо низ вақт бой надода, бехавотир ба ҷойҳои лозимӣ равуо менамоянд. Мутахассисони корхонаи унитарии «Кӯприкқурилиштрест» то охири сол сохтмон ва ба истифодасупории ҳафтто аз ин гуна кӯпрукҳои азимро ба нақша даровардаанд. Онҳо бо истифодаи таҷрибаи хориҷӣ дар ҳаракати онанд минбаъд кӯпрукҳои ду ва сеошёна сохта, қулаии бештар ба аҳолӣ офаранд ва ба чӣ қодир будани қудрати бунёдгаронаи худро дигарбора намоиш диҳанд.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».