Агар рӯйи эътибор гардонем, хоҳем дид, ки дар осори назмиву насрии аҳли адаб, дар баробари калима, ибора ва ҷумла, воҳидҳои асосии фонетика – овоз, ҳиҷо ва зада низ мавқеи муҳим доранд.
Маълум аст, ки хати тоҷикии арабиасос, ки тӯли зиёда аз ҳазор сол барои тасвири афкори мардуми форсизабон хидмат намудааст, дар баробари графема будан, дар ифодаи баъзе маъноҳои маҷозӣ корбаст мешавад. Ҳуруфоти мазкур дар осори шоирони адабиёти классикии форсу тоҷик барои ифодаи рақамҳо низ омадааст, ки онро ҳисоби абҷад номанд.
Аз ҷумла, таърихи таълифи девони аввалини худро Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба ҳисоби абҷад чунин нишон додааст.
Бар дил гуфтам, к-эй ба сафо гашта самар,
Ҳастӣ садафе пур аз гуҳар чист хабар?
Аз гавҳари соли назми ин иқди дурар.
Бар рӯйи садаф ниҳод як дона гуҳар.
Агар ба рӯйи ҳарфи «сод»-и вожаи садаф як дона гуҳар, яъне нуқта гузорем, ҳарфи «сод» ба «зод» табдил меёбад ва ҳосили он (зод 800 + дол 4 + фе 80) ба 884 мерасад, ки ба соли 1479 милодӣ баробар аст ва таърихи таълифи девони шоирро нишон медиҳад.
Мо ғазалиёти Абдураҳмони Ҷомиро чун манбаъ истифода намуда, дар асоси луғати ҷомеъ (конкорданс)-и ғазалиёт корбасти рамзиёти ҳуруфи арабиасосро мавриди таҳлил қарор додем. Аз ҳуруфи арабиасос на ҳамаи ҳарфҳо дар каломи мавзун истифода шудаанд, шоири нуктасанҷ дар корбурди рамзиёт ба нозукии сухан ва мавқеи он хеле дақиқ қаробат ҷуста, таносуби суханро хеле моҳирона ба кор гирифтааст. Аз ҷумла, дар ғазалиёти Ҷомӣ ҳарфи алиф 16 маротиба, бе 2 маротиба, ҷим 2 маротиба, ҳе 2 маротиба, дол 11 маротиба, син 1 маротиба, шин 1 маротиба, сод 2 маротиба, айн 6 маротиба, қоф 8 маротиба, коф 2 маротиба, мим 12 маротиба, лом 2 маротиба, нун 4 маротиба, ломалиф 3 маротиба истифода шудааст. Дар ғазалиёти шоир ҳарфи алиф серистеъмол буда, тобишҳои маъноии онро дар ҳолатҳои зерин мушоҳида кардан мумкин аст:
Чун алиф ростии қадди ту бинад чӣ аҷаб,
К-аз паи хидмати ту долсифат кӯз шавад.
Шоир дар байт ҳарфи алифро бо ҳарфи дигар шаклан ба таври тазод истифода бурдааст. Яъне алиф – рост ва дол – хамида, дар ҳуруфи арабиасос шаклан муқобили ҳамдигар будани ин аломатҳо аз назари шоир дур намондааст. Аммо шоир бо муболиға ростии алифро дар назди қомати маъшуқа ҳеч шуморида, қайд намудааст, ки чун ростии қадду қомати туро дид, дар ҷустуҷӯи он, барои васли он дар хидмат шикастақомат шуд.
Дар ҷойи дигар шоир вобаста ба таносуби маъно алифу долро дар як байт корбаст намуда, чун қадду зулфи печони маъшуқ ифода кардааст, ки ду маънӣ мавриди назар қарор гирифтааст. Яъне «дол» қомати хамида ва «дол» зулфи хамида, печон:
Ҳар долу алиф, ки нақш бастам,
Зулфу қаддат эътиқод кардам.
Ҳамнишинии алиф бо аломати сокин:
З-он сон, ки бувад сукун алифро,
Дар дил қади ту сукун гирифтаст.
Шоир қоидаву қонуни алифбо ва корбасти аломати сукунро иҷмолан баён карда, баъдан маъноҷӯӣ намудааст. Мувофиқи корбурди алифбои арабӣ калимае, ки бо аломати сокин омадааст, ҳарфи алиф (ё садоноки дилхоҳ) ояд, сокин аз байн меравад. Яъне шоир нигоштааст, ки дар калима ҷойи аломати сукунро алиф гирад, дар қалби ман қади дилрабои ту сукун гирифтааст. Забоншиноси тоҷик М. Саломов дар мақолаи «Тобишҳои маъноии баъзе ҳарфҳои хатти арабии тоҷикӣ дар осори шоирони ғазалсарои асрҳои XII-XIV» айни ҳамин мазмунро дар осори Камол ба мушоҳида гирифтааст, ки дар ин ҷода пайрави устодон будани Ҷомиро нишон медиҳад:
Чу ҳамнишини қадат шуд дил, аз изтироб монд,
Зи дил «сукун» равад ар, бо «алиф» ҳамнишин шавад.
Ё ки:
Дар вафои ту рост чун алифем,
Бар вафоят, ки рост мегӯем.
Дар байти мазкур шоир маънои дигарро дар сифати ҳарфи алиф кушодааст, яъне «ростиву вафо»-ро. Ҷомӣ ростии шакли алифро ба садоқат, сидқу вафо, аҳду паймони ошиқ дар роҳи вафодорӣ монанд кардааст, ки манбаи садоқат ва вафодорист.
Истода ба сар аз оҳи дамодам дудам,
Ман ҳамоно шуда аз оҳ алифи мамдудам.
«Алифи мамдуд» дар хати арабӣ алифи маддадор аст, ки «о» хонда мешавад, аммо дар забони тоҷикӣ «мамдуд» маънои кашидашуда, дарозро дорад. Агар ин ҷо вобаста ба шакли алиф маъноҷӯӣ намоем «алифи мамдуд» шахси дардманду ғамдидаест, ки харобу фақир ва лоғару рост чун алиф шудааст. Аммо Ҷомӣ аз калимаи «алифи мамдуд» борикбинона маъноҷӯӣ кардааст ва инсони азхудгузашта, ба тавба рӯ ниҳода ва ба дарди ишқ гирифторро, ба алифи азхудгузашта ва ба «о» табдилёфта, ки дар оғози вожаи «оҳ» корбаст мешавад, шабоҳат додааст.
Ҳарфи дол дар ғазалиёти Ҷомӣ 11 маротиба корбаст шуда, чи тавре ки мушоҳида намудем, чун қомати шикаста ва зулфи хамида истифода шудааст. Ҳамчунин дар баробари ҳарфи дол шоир баъзан ҳарфи лом ва ҷимро низ чун зулфу турраи маъшуқ корбаст намудааст, ки ин шабоҳати хосро дар боло мушоҳида намудем.
Ҳарфи «қоф» низ дар нигоштаҳои шоир серистеъмол буда, ба маънои сар то сари дунё, кӯҳи асотирие, ки басо баланд аст, номи сураи Қуръон – «Сураи Қоф» тазаккур гаштааст:
Муҳити даври уфуқ гарчи қоф то қоф аст,
Бувад чун доираи мим бар дили мо танг.
Пажӯҳиши болоӣ далели он аст, ки баъзе ҳарфҳои хати арабиасос дар баробари чун графема корбурд шудан, вобаста ба шакли зоҳирӣ ва мавқеашон дар таркиби калимаҳо барои ифодаи маъноҳои ҷудогона хидмат намудаанд, ки ин аз як ҷониб хусусияти хос доштани шакли зоҳирии ҳарфҳои ин хатро нишон диҳад, аз ҷониби дигар далели он аст, ки то чӣ андоза шоирон тавонистаанд, бо истифода аз ҳарфҳои ин хат мафҳумҳои мавриди назар, ашё ва ҳодисаҳоро тавассути онҳо ба риштаи тасвир кашида, ҷолибияти хосро ба хонанда пешниҳод кунанд.
Баррасӣ ва омӯзиши ин нозукияти сухан дар ғазалиёти Ҷомӣ ба бардоште мерасонад, ки шоир қобилияти баланди сухангустарӣ дошта, чун Мавлавӣ ва Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ суханро бо ҷомаи нав – орои нав намоиш додааст, ки бо таъбири худаш «шоир нест Ҷомӣ, соҳир аст»:
Он парирухро ба афсуни сухан тасхир кард,
З-он сабаб гӯянд шоир нест Ҷомӣ, соҳир аст.
Сабоҳат Маҷидова,
доктори илмҳои фалсафа доир ба филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд.