РАНГИ «МАКОНИ САБЗ» ДАР ТОШКАНД ЧӢ ГУНА АСТ?

Барнома ва лоиҳаҳое, ки аз тарафи ҳукумат қабул мешаванд, бешубҳа, ба рушду нумӯъи мамлакат ва фаровонҳолии мардум хидмат мекунад.

 Яке аз чунин лоиҳаҳо, ки 2 ноябри соли гузашта қабул шудааст, Лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» мебошад. Мувофиқи лоиҳа соле бояд 200 млн. дона ниҳоли дарахт ва бутта корида шавад, ки дар натиҷа ҳудуди майдони сабз дар шаҳрҳо аз 8 то ба 30 фоиз афзояд. 
Зиёд гардидани шумораи заводу фабрикаҳо ва афзоиши автомобилҳо яке аз сабабҳои муҳими тағйироти иқлим ба шумор меравад. Эътибор ба тозагии гирду атроф, зиёд кардани шумораи бутта ва дарахтҳои меваноку манзаравӣ ҳолатҳои манфиеро, ки дар натиҷаи мушкилоти глобалии гармшавӣ ба миён меоянд, то ҳадди имкон пешгирӣ менамояд.
Солҳои охир дар корҳои сохтмону ободгардонии шаҳри Тошканд тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Дар канори каналҳо ва назди истироҳатгоҳҳо биноҳои истиқоматии баландошёна қад афрохтанд. Шаҳракҳои дохили шаҳр бошад, ба ҳусни пойтахт меафзоянд. Дар асоси лоиҳаи номбаршуда аз аввалбаҳори соли ҷорӣ дар ҳамаи мавзеъҳои шаҳри Тошканд гулбуттаву ниҳолҳо корида шуданд. Пас аз чунин корҳои ободонӣ шаҳр намои дигар гирифт. Муҳити сабз ба шаҳр бештар ҳавои тоза ворид кард.
Ба мақсади шинос шудан бо натиҷаи корҳои «Макони сабз» ва равшанӣ андохтан ба ҷараёни мазкур роҳи ноҳияи Яккасаройи пойтахтро пеш гирифтем. Аз метрои «Космонавтлар» баромада, ба кӯчаи Юнус Раҷабӣ, ки долу дарахтҳои хушманзара ва биноҳои серошёна ба ду тарафи роҳи он зеб мебахшид, қадам гузоштем.
Кӯча чунин ҳамвор мумфарш гардида буд, ки мисли яхмолаки зимистон метобид. Осорхонаҳои санъати амалӣ, Хона-музейҳои Юнус Раҷабӣ ва Абдулло Қаҳҳор дар ин кӯча ҷойгузин шудааст. Мо аз Осорхонаи санъати амалӣ дидан карда, ба маҳаллаи наздиктарини он қадам гузоштем. Чашмамон ба ҷамоаи пиронсолон, ки дар соягоҳ истироҳат доштанд, афтид. Фотокамераи дастамонро дида, онҳо чӣ касб доштани моро пурсиданд. 
Пас аз шиносоӣ яке аз куҳансолон, ки худашро адабиётшинос Одилхон Раҳимов (ному насабаш иваз карда шуд) гуфта муаррифӣ намуд, гуфт, ки 50 сол боз дар Тошканд зиндагӣ мекунам. Дар ин маҳаллае, ки қадам ниҳодаед, Шароф Рашидов, Комил Яшин, Абдулло Қаҳҳор, Юнус Раҷабӣ барин фарзандони номвари Ӯзбекистон умр ба сар бурдаанд. Он вақт ин мавзеъ ободтару зеботарин маскани пойтахт ба ҳисоб мерафт. 
Вақте бо пиронсолон ба дохили маҳалла медаромадем, манзараҳои аввала аз чашмамон нопадид мегаштанд. Дарахтҳои бешох ва арчаву сафедорҳои хушкшударо дида, фикр кардем, ки оё Саридораи ҳифзи экология ва гирду атроф вазифаи асосиашро «фаромӯш кардааст». Дилгир шуда, роҳи кӯчаи дигарро пеш гирифтем. Симчӯбҳои шабафрӯзи кӯҳна, шохҳои хушкшудаи дарахтон, ки бо замин яксон шудаанд, тӯдаи партовҳои чандрӯза «мегуфт», ки ходимони шуъбаи ободонии ноҳияи Яккасарой дар ин наздикиҳо ба ин ҷо қадам намондаанд.

Даврон АҲМАД,
ш.ТОШКАНД.
Суратгир: муаллиф. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: