Боғчаи бачагонаи ғайридавлатии «Фарғона камалаги» яке аз муассисаҳои таълими томактабӣ мебошад, ки дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони «Нодирабегим»-и шаҳри Фарғона воқеъ гаштааст.
Ин боғча дар бинои таъмиршудае маскан гирифтааст, ки соли 1988 сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Муассисии онро соҳибкори варзида Исмоил Ибрагимов бар дӯш дорад.
– Ташкилшавии боғчаи бачагонаи ғайридавлатӣ бароямон осон даст надодааст. Соли 2008 модарам – Сайёра Мирзоева, ки сиву панҷ соли ҳаёту фаъолияташро ба кори таълими халқ бахшидааст, машварат дод, ки ташкили боғчаи бачагонаи хусусӣ ба нафъи мардум ва фарзандони онҳо мебошад. Ин боғча қаблан таҳти №35 дар тасарруфи шӯъбаи таълими халқи шаҳри Фарғона фаъолият мекард, – мегӯяд мудираи боғчаи «Рангинкамони Фарғона» Севара Тошпӯлатова. – Модарам баъди истиқлолияти кишварамон ҳамеша таъкид мекард, ки беҳтар кардани ҷараёни таълиму тарбияи кӯдакон дар боғчаҳои хусусӣ ё ғайридавлатӣ кори содда нест, вале агар кас талош намояд, ба ин кор муваффақ шудани ӯ як ҳолати табииро касб хоҳад кард, – илова кард ӯ.
Бино ба ҳарфҳои ин ҳамсӯҳбатам Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев барои ташкилу роҳандозии боғчаҳои бачагонаи ғайридавлатӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Севара Тошпӯлатова тазаккур дод, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи ташкилии он имрӯз падару модарони кӯдакон аз кори мо басо шоду хурсанд ҳастанд.
– Духтарам Севара маълумоти олии омӯзгорӣ дорад. Вай аз ҳар ҷиҳат ташаббуси маро дастгирӣ намуд ва ҳамроҳам заҳмат кашид, ки чунин як боғчаи бачагонаро дар шаҳрамон ташкил намоем. Дар нахуст маъмурияти корхонаи механикии шаҳр аз мо даъват намуд, ки таҳти тасарруфи онҳо ин боғчаи бачагонаро ифтитоҳ кунем. Аммо ман розӣ нашудам. Зеро баъзан намегузоранд, ки ғояҳои дар тӯли солҳои зиёд дар мағзат пайдошударо пиёда намоӣ. Бар ҳамин асос ин боғчаи ғайридавлатӣ арзи вуҷуд намуд, – ёдовар шуд Аълочии таълими халқи ҷумҳурӣ Сайёра Мирзоева.
Дарвоқеъ, баъди боздид аз ин боғчаи хусусӣ, утоқҳои барҳаво, толори васеи варзишиву аз ҳар нигоҳ муҷаҳҳази он кас гумон мекунад, ки ин биноро нав сохтаанд. Дар деворҳои роҳраву утоқҳои ошёнаи дуввум, ки дар он кӯдакон дарс мехонанд, машғули бозӣ мешаванд, истироҳат мекунанд, нақшу нигорҳои пурҷило ва диққатҷалбкунандаи мухталиф овезону гузошта шудаанд, маҳсули дастони кормандони ҳамин боғча мебошанд.
– Имсол таъмири куллии намои боғчаро барномарезӣ кардем. То ин замон дар ивази бештар аз дусад миллион сӯм мо атрофи боғчаамонро баланд иҳота гирифтем. Барои мо аз бехатарии кӯдакон дида муҳимтар коре нест, – изҳор кард Севара Тошпӯлатова.
Ба гуфтаи ӯ дар айни ҳол фаъолияташонро тибқи Барномаи давлатии муассисаҳои таълими томактабии «Қадами нахустин» пеш мебаранд. Дар ҳафт гурӯҳ наздики сад нафар кӯдакони синни гуногун ҳафтае панҷ рӯз бо низоми кории даҳунимсоатӣ мавриди таълиму тарбия қарор гирифтаанд. Ба онҳо сӣ нафар мутахассисони соҳа таълиму тарбия медиҳанд. Ёздаҳ нафарашон дорои маълумоти олии омӯзгорӣ мебошанд. Кӯдакон се маҳал хӯроки гарму хуштаъм тановул мекунанд.
– Тарбиятгирандагони мо аз минтақаҳои гуногуни шаҳри Фарғона меоянд. Падару модаронашон онҳоро ба мо бовар карда супурдаанд, барои ҳамин бо эҳсоси масъулият машғули кори таълиму тарбия ҳастем. Ҳатто дар боғчаи мо кӯдаконе низ таълиму тарбия мегиранд, ки ҷойи сукунаташон берун аз қаламрави шаҳр мебошад, – гуфт мудираи боғча.
Ба таъкиди Севара Тошпӯлатова пардохти бадал барои як кӯдак ҳафтсад ҳазор сӯм муқаррар шудааст. Вай гуфт, ки мувофиқи қарори Президент падару модарони хонаводаҳои камбизоат аз ҳафтод фоизи пардохти бадалпулӣ озод карда шудаанд. Шахсоне, ки ду нафар фарзанди худро ба боғчаи мо додаанд, низ аз имтиёз бархурдор мебошанд.
Дар боғчаи мазкур таълиму тарбия ба забони русӣ сурат мегирад. Он нукта нигорандаи ин сатрҳоро ба ҳайрат овард, ки фарзандони миллатҳои гуногуни шаҳр дар баробари омӯхтану ҳарфзанӣ ба ин забон, ҳамчунин аз мутахассисони варзида забони англисиро низ меомӯзанд. Мушоҳидаи бевоситаи мо нишон дод, ки кӯдакони зиёд аллакай ба забони англисӣ низ ҳарф мезананд, шеъру таронаҳо мехонанд.
– Зимни пиёда кардани дарсҳои кушод падару модарони кӯдакон иштирок мекунанд. Бигзор онҳо донанд, ки сатҳи таълиму тарбия дар боғчаи бачагонаи мо чӣ гуна аст. Агар эроде доранд, мо онро мепазирем ва ба иҷрояш мепардозем, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд яке аз кормандони собиқадори боғча Галия Сигзанова.
– Ҳамаи корҳои шумо хеле хуб пеш мераванд. Оё муаммову мушкилоте низ доред, ки ба пешрафти кор монеа эҷод мекунанд? – пурсидам аз Севара Тошпӯлатова.
– Дар шаҳри мо, ҳатто шаҳру ноҳияҳои вилоят боғчаҳои хусусӣ ангуштшуморанд. То ҳол ягон корманди масъули идораҳои марбута аз аҳволи мо хабар нагирифтаанд. Мегӯянд, ки боғчаҳои хусусӣ соҳибистиқлоланд ва бояд муаммоҳои худро низ мустақилона ҳаллу фасл намоянд. Мо ҳоло ба кӯмакҳои молӣ ниёз дорем. Тармиму бозсозии намои бинои мо, ки аз давраи шӯравӣ мерос мондааст, маблағи қобили мулоҳизаро тақозо менамояд, – посух дод мудира.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.