РАНГОРАНГ

Хабар ва мақолаҳои «шоирона»-и камина

Суханҳои хуб ва марғуб, тасвирҳои зебо, дилкаш ва обнарасидаро «шоирона» гӯянд. «Шоирона», ки писанди дили мост ва бо дучороӣ бо он рӯҳ лаззат мебарад, айни замон гӯшнавоз аст.
Вале ман, баъди воқеаи ногуворе, ки рӯй дод, ҳаракат мекунам аз баҳри ин калима бароям. Бо тасодуфан хондан ё шунидани «шоирона» дилам сип-сиёҳ мешавад.
Яке аз рӯзномаҳои Хуҷанд «меҳмон»-и «Садои Сӯх»-и мо шуд. Навбати меҳмоншавӣ акнун ба рӯзномаи ноҳиявиамон. Аз ман хоҳиш карданд чизе нависам. Чун дастпарвари Донишгоҳи Хуҷанд бо мамнуният пазируфтам. Номи устодони азизамро зикр кардам. Ба «Ҳақиқати Ленинобод» (рӯзномаи вилоятии онвақта) ва «Маҳорати педагогӣ» (рӯзномаи донишгоҳ), ки маро дастгирӣ ва нахустин хабару мақолаҳои шогирдонаамро дар саҳифаҳои худ ҷо медоданд, изҳори сипос намудам.
Қатори чанд мавод навиштаҳои ман низ чоп шуд. Дилам лабрези ифтихор. Шояд он ба чашми баъзе дӯстон, устодон низ афтад ва каминаро ёд оранд.
Ва баногоҳ «нахустин хабару мақолаҳои шоиронаам»-ро хонда, баданам ваҷаррос зад, дунё ба назарам торик гардид.
Худоё, ӯе, ки «шоиронаам»-ро хонд, чӣ фикр мекунад? Аз куҷо донад, ки асл (оригинал) «шоирона» не, «шогирдона» буд!..
Ҳамон дар оташи хиҷолат ва ногуворӣ месӯзам.

Шер дар «Боғи ҳайвонот»

Соли аввали муаллимиам дар ноҳияи Кофарниҳон як гурӯҳ омӯзгорон ва донишандӯзон ба тамошои Душанбе рафтем. Роҳбалад Асомиддин-муаллим аъзои оилаашро низ ҳамроҳ гирифта буд. «Боғи ҳайвонот» дар мо таассуроти калон гузошт. Роҳбалад ба ман гуфт, ба ҳама хабар диҳед, ҷамъ шаванд, бармегардем. Ин асно духтаре тозон омад ва ҳаш-ҳаш нафаскашон ба Асомиддин-муаллим гуфт:
– Шер нест!
– Шер нест? Чӣ хел... Шер нест? – музтариб садо баровард роҳбалад.
Ҳамроҳҳоямон ҳанӯз дар ҳар тараф, дар «Боғи ҳайвонот» одам бисёр.
Якдигарро ёфта: «Шер гум шудааст. Шер куҷо бошад?» – мепурсидем бо ташвиш.
Хайрият, Шер (Шералӣ, писарчаи дуюнимсолаи роҳбалад) ёфт шуд – вай дар як гӯшаи боғ бо кадоме аз ҳамроҳони мо ба маймунҳои дохили симтур чормағз партофта ва аз чолок чормағзшиканию мағзхӯрии ҷонварон завқ мебурдааст.
Диламон ба ҷояш афтид. Вале акнун «Боғи ҳайвонот» сахт ноором:
– Шер аз қафас баромадааст, онро мекофтаанд.
– Наход?
– Намебинӣ, ҳама мегурезанд.
– Гурехтем!


Ҷавонмарг

Дар яке аз харакҳои «Хиёбони адибон», рӯбарӯ бо муҷассамаи чанд адиби номвар нишаста ва ба фикр рафтаам. «Барвақт рафта будаанд. Ҷавон рафта будаанд: аксарият таҳи шаст ё аз шаст андак боло. Ҳамин ҳам умр?»
Вале ҷавононе, ки ин ҷо гаштугузор доранд, аз ин хусус умуман намеандешанд. Ман ҳам, солҳое, ки ҷавон будам, аз бармаҳал хазоншавии Абдулло Қодирӣ, Чӯлпон, Ҳамид Олимҷонҳо афсӯс хӯрам ҳам, мегуфтам Ғафур Ғулом, Ойбек, Абдулло Қаҳҳор, Мақсуд Шайхзода... умри хуб дидаанд. Кӣ ба дунё сутун шудааст? Вале ҳоло тавре ба назарам мерасад, «кӯтоҳ» умр дида будаанд онҳо ҳам.
Ҳикояти «Зан ва шавҳар» ба ёдам расид, ки дар ҷавонӣ шунида будам.
Ҳаждаҳ-бистсола буданд онҳо. Даст бар дасти ҳам кӯчабоғҳоро сайр мекарданд. Ҳама чиз ба назарашон зебо. Рӯзе гуфтанд, гӯшаи хилваттар меравем. Рафтанд, рафтанд. Аз пеш қабристон баромад. Аз даричаи он даромаданд. Ин ҷо низ ба назарашон, ҷои бисёр зебо. Аз кадом кӯлмак ё ҳавзи атроф ғукҳо қуррос мезаданд. Тавре менамуд ба ошиқон, ки булбулҳо мехонанд. Аз пеш мӯйсафеде баромад, ки нигоҳубини қабристонро дар ӯҳда дошт.
– Биёед, бачаяком,– гуфт вай. – Якдигарро дӯст медоред? Бисёр хуб.
Писару духтар сар хам карданд.
Мӯйсафед давом намуд:
– Дарунтар, паҳлӯи роҳе, ки меравед, ду қабр ҳаст. Оромгоҳи зану шавҳар. Бе ту зиндагӣ карда наметавонам, мегуфтаанд ба якдигар. Воқеан ҳам вақте шавҳар вафот кард, зан тоб оварда натавонист ва паҳлӯи ӯ ҷон дод. Чӣ қадар якдигарро дӯст медоштанд! Ҷавон рафтанд бечораҳо. Вале ба шумо, фарзандонам, умри дароз насиб кунад. Умратон дароз бод, бачаяком!
Мӯйсафед ин гуфт ва дур рафт. Ҷавонон ба роҳи худ давом карданд. Ва чашмашон ба ҳамон ду қабр афтод, ки паҳлӯи ҳам ҷой гирифта буданд. Ба катибаи рӯи қабрҳо эътибор нигаронданд: «Дӯстдороне, ки ин ҷо хобидаанд, дар синни чилу нӯҳ ҷавонмарг шудаанд».
Писару духтар қоҳ-қоҳ заданд:
– Чӣ навиштаанд дар ин ҷо? Чилу нӯҳ ва... ҷавонмарг? Фавт дар чилу нӯҳсолагӣ магар ҷавонмаргист?»
Чилу нӯҳ умри дароз менамуд-да, ба назарашон.
То ҳаш-паш гуфтан бист сол гузашт. Тифоқо боз ба ҳамон қабристон гузорашон афтид. Назди қабрҳое рафтанд, ки катибаи рӯи онҳо замонҳое хандаашон оварда буд. Зан гиря кард, мард оби дидаашро нигоҳ дошта натавонист. «Онҳое, ки бе якдигар зиста наметавонанд, ҳамагӣ чилу нӯҳ сол умр дидаанд. Чилу нӯҳ ҳам умр? Воқеан ҷавонмарг шуда будаанд, бечораҳо!»
Дар «Хиёбони адибон» ғарқи андешаам. Таҳи шаст ё аз шаст андак боло аксарияти адибон. Муҳаммад Юсуф-ку, умри кӯтоҳ дид. Дигарон низ, ба назарам, умри дароз надидаанд.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: