РАНГҲОИ ТАСАВВУРИ ПИНДОР

Дар гирду атрофам издиҳоми ғамангезро мебинам.

Дар гирду атрофам издиҳоми ғамангезро мебинам. Дар чашмонашон алам падидор аст. Дарахтони ишқи кайҳо хушкшударо мемонанд. Вақте ба умқи чашмони онҳо менигарам, дарду ранҷам дар баҳри маъюсӣ бештар ғарқ мешавад. Ҷасадҳои хушк вақти маро бештар маҳдуд месозанд. Даҷҷол болои сарам истода ҳукмашро мехонад. Умри ман бо пайгирии онҳо мегузарад.
***
Ҳама ба як тараф мешитобанд, баъзеҳо худро ба ҳар сӯ мезананд. Ҳадафи ҳамаи онҳо яктост – нафс. Нафасам ба дарун мезанад ва нафсам ҳам аз паси он, мехоҳам ба самти муқобил биштобам. Аммо роҳ тақозо мекунад, ки фақат пеш равам, ба ақиб роҳ нест.
***
Чеҳраи зане, ки мехост ба ман табассум кунад, зишт буд ва вақте хандид, ожангҳои атрофи чашмонаш бештар шуданд. Вай ба коғазҳои дастонаш ишора мекунад ва мегӯяд, ки онҳо аз санҷиши хубе гузаштаанд. Ман ноумед мешавам. Ба мӯйҳои барвақт сафедшудааш менигарам ва мехоҳам бубинам, ки оё ягон вақт онро мавҷи насим алвонҷ додааст ё на. 
***
Дар тасаввурам рангҳоеро мебинам, ки дар чеҳраи пажмурдааш равшан намудаам, хаёлан ожангҳои рӯяшро ҳамвор месозам, ҷойи аз маъно холии чашмонашро бо маъноҳо пур карданӣ мешавам. Пеши назарам ҷуссаи духтари ба балоғат расидаи   ҳаждаҳсола намоён мешавад. 
***
Дар чашмоне, ки номаи ошиқона хондааст, якбора оташ шӯъла мезанад. Мӯйҳои сип-сиёҳаш аз навозиши насим алвонҷхӯрон ҷило медиҳанд. Ҳамон замон низ дар дасташ коғаз дошт, аммо ин коғаз номаи ошиқона буд.
***
Қадамҳои сусту заиф ва нигоҳҳои кунд дошт одами паҳлӯям. Ба фикр фурӯ меравам, ки оё ягон вақт ин қадамҳо эҳсоси ҷуръат пайдо карда бошанд, нигоҳҳо ирода ва нерӯро ҳис кардаанд ё хайр. Онҳо аз чӣ шикаста шудаанд? Ин одами рӯҳан шикаст ёфтаро оё дубора ба по хезонидан имконпазир бошад? 
***
Ман аз чашмони ҷавоне, ки ба остонаи зиндагӣ қадам ниҳодааст, маъно меҷӯям. Дар ин чашмон низ мисли пештараҳо ягон маъно пайдо карда наметавонам. Мехоҳам фарёд занам. 

Гулбаҳор САИДҒАНӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: