Саъю ҳаракат ва меҳнати ҳалол инсонро ба мақсад мерасонад, соҳиби обрӯву эътибор мегардонад.
Саъю ҳаракат ва меҳнати ҳалол инсонро ба мақсад мерасонад, соҳиби обрӯву эътибор мегардонад.Сабр ва матонат ӯро ба қуллаҳои мурод мерасонад.
Яке аз чунин ҷавонони иқтидорнок магистранти соли аввали Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах Ҳакима Давлатова мебошад.
Ҳ. Давлатова, ки дар ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах ба дунё омада, ба воя расидааст, айёми мактабхонӣ ба фанни таърих шавқи зиёд дошт. Вақте дар оинаи нилгун масканҳои таърихии Самарқанд, Бухоро, Хеваро намоиш медод, духтарак бодиққат тамошо мекард, хаёлан худро дар он ҷойҳо машғули саёҳат медид.
– Айёми мактабхонӣ ба фанҳои адабиёт, таърих, ҳуқуқ, забони русӣ ва дигар шавқам баланд буд. Фанҳоро бо баҳоҳои аъло азхуд намудам ва баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба литсейи академии «Сайлҷон»-и назди донишкада супурдам. Дар ин ҷо аз омӯзгорони ботаҷриба ва рӯзгордида сабақ гирифтам, дар озмунҳои фаннӣ фаъол иштирок кардам,– мегӯяд Ҳ. Давлатова.
– Баъди хатми литсей ба факултети забони русии Донишкадаи омӯзгории ба номи Абдулло Қодирии Ҷиззах дохил шудам. Ҳангоми таҳсил дарк намудам, ки барои омӯхтани як забон донистани дигар забонҳо хеле зарур будааст. Аз ин боис, ба азхуд кардани забонҳои дигар, бахусус забони форсӣ пардохтам. Фанни таърихро низ дӯст медоштам. Обидаҳои меъморӣ, навиштаҷоти онҳо аксарият бо алифбои форсӣ навишта шуда буданд. Барои омӯхтани ҳаёт, фаъолият ва ашъори бузургони форсу тоҷик забони онҳоро бояд донист. Рӯзнома, маҷалла, асарҳои илмӣ ва бадеиро бояд варақ зад. Ҳоло бо роҳбарии устодам, доктори фанҳои фалсафа Фаррух Ақчаев кори илмиамро таҳти мавзӯи «Тоҷикони воҳаи Ҷиззах: зиндагӣ, анъана, урфу одат ва маросимҳо» омода карда истодаам.
Аз суханони пурҳарорати Ҳакима аён мегардад, ки ҳурмату эътибори ӯ ба устодон хеле зиёд аст, барои шогирди муносиб шудан аз таҳти дил ҳаракат мекунад.
– Дар донишкада донишҷӯёни иқтидорнок зиёданд. Ҳакима Давлатова бо дониши баланд, хулқи ҳамида ва фаъолнокиаш байни онҳо ангуштнамо мебошад. Мақолаҳои илмии ӯ на танҳо дар матбуоти худамон, балки дар нашрияҳои Полша, Фаронса, Олмон, Русия, Қазоқистону Тоҷикистон низ рӯйи чопро дидаанд, – мегӯяд проректори донишкада доир ба масъалаҳои маънавӣ-маърифатии ҷавонон Сарвар Назарқосимов.
Оре, ҷавонони иқтидорнокро бояд дастгирӣ намоем. Зеро, онҳо ояндаи кишвар, ояндаи Ватани маҳбубамон мебошанд.
Зулайхо БУРҲОНОВА,
омӯзгори мактаби миёнаи
рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунободи
вилояти Сирдарё.