РАҚИБИ МО МАЪЛУМ

Дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар бозии сеюми гурӯҳии Ҷоми Осиё дар Аморати Муттаҳидаи Араб бо Ҷопон вохӯрд.

Дар ин сабқати пуршиддате, ки барои ҳар ду даста ғалаба муҳим буд, ҷопониҳо бо ҳисоби 2:1 пирӯзиро ба даст оварданд.  
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди ба майдон набаромадани чанд нафар футболбозони таркиби асосии дастаи мо, бозингарон хеле хуб ҳаракат карданд. Назар ба гуфти сармураббӣ Эктор Купер ҳарчанд ба даст овардани ғалаба бо Ҷопон муҳим буд, сабқат дар ҳаштякфинал ва ба даст овардани пирӯзӣ дар он масъалаи муҳим буд. Аз ин рӯ, бозингарони мо саъю кӯшиш карданд, вале омад даст надод. Пас аз чанд ҳуҷуми пай дар пайи футболбозони мо дар дақиқаи 40-уми сабқат Элдор Шомуродов ду нафар футболбози ҷопониро фиреб дода, тубро ба дарвозаи Даниэл Шмидт ҷой кард. Ин голи чоруми Шомуродов буд, ки вайро дар сафи тубзанҳои мусобиқа ба ҷойи дуюм баровард. Дар дақиқаи 43-юми бозӣ Йошинорӣ Муто ҳисоби бозиро якранг кард: 1:1. Дар дақиқаи 58-уми бозӣ бошад, футболбози ҷопонӣ Сукашӣ Шиотанӣ голи дуюмро зада, ғалабаи дастаашро таъмин намуд. Пас аз ин дастаи Ӯзбекистон ҳамчун барандаи ҷойи дуюм, мувофиқи тақвим бо Австралия бозӣ мекунад. Дастаи  Уммон бошад бо ба даст овардани ғалаба бар Туркманистон бо ҳисоби 3:1 чун соҳиби ҷойи сеюми гурӯҳ дар ҳаштякфинал бо Эрон рӯ ба рӯ мешавад. 
Бояд гуфт, ки дар сабқати сеюми мусобиқа Сурия аз Австралия бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрда бошад, дар бозии дуюми гурӯҳи «В» Фаластин ва Урдун ҳисоб (0:0) кушода нашуд. Пас аз ин бозӣ урдуниҳо бо 7 хол пешқадами гурӯҳ шуданд. Дар бозии марказии гурӯҳи «С» Куриёи Ҷанубӣ бо Чин рӯ ба рӯ шуд. Сабқати мазкур на ин, ки ҷойи якумро муайян мекард, балки бозии рақибони азалиро мемонд, хеле пуршиддат гузашт. Куриёиҳо таҳти сардории даста Сон Хин Мин чиниҳоро бо ҳисоби 2:0 мағлуб сохтанд. Дар бозии дигар дастаи ҳамсояи мо, Қирғизистон барои ғалаба бо Филиппин талош варзид. Дар ин сабқат ҳуҷумгари қирғизистонӣ Виталий Люкс «хет-рик» қайд карда, роҳхати ҳаштякфинали мусобиқаро ба ҷамоаи худ тақдим намуд: 3:1. Бозии марказии гурӯҳи «D» байни ҷамоаҳои Эрон бо Ироқ якранг (0:0) ба анҷом расида бошад, дебютанти гурӯҳ Яман давраи сеюм аз Ветнам мағлуб гардид: 0:2. Дастаи Лубнон дар бозии сеюм бо Куриёи Шимолӣ вохӯрд. Дар ин бозӣ ҳарчанд лубнониҳо бо ҳисоби 4:1 пирӯзиро ба даст оварданд, аз роҳхати ҳаштякфинал маҳрум шуданд. Қатар дар давраи сеюм низ пурқувват будани худро нишон дод ва бо «дубл»-и тӯбзани даста Алӣ Алмуаз Арабистони Саудиро мағлуб кард: 2:0. 
Ҳамин тавр пас аз сабқати гурӯҳҳои «F» ва «E»-и мусобиқа номи дастаҳои ҳаштякфинал муайян шуданд. Мувофиқ бар он, агар Таиланд бо Чин рӯ ба рӯ шавад, Урдун бо Ветнам талош меварзад. Ҷопон бо Арабистони Саудӣ барои ба даст овардани роҳхати чорякфинал талош варзад, футболбозони Куриёи Ҷанубӣ ба муқобили бозингарони Баҳрайн ба майдон мебароянд. Қатар бо Ироқ, Қирғизистон бошад бо мизбонони мусобиқа Аморати Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунанд.     
Ҷоизи қайд аст, ки бозиҳои ҳаштякфинал 20 январ оғоз меёбанд. Бозии дастаи мунтахаби миллии мо бо Австралия 21 январ бо вақти Тошканд соати 19:00 дар варзишгоҳи «Халифа бин Зайд»-и шаҳри Ал-Айн оғоз меёбад. 

М. ҚОДИРЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: