Рақобати солими байни муассисаҳои тиббӣ пурзӯр гардонда хоҳад шуд

  • Рақобати солими байни муассисаҳои тиббӣ пурзӯр гардонда хоҳад шуд

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти поликлиникаи оилавии № 7 ноҳияи Мирзо Улуғбек шинос шуд.

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти поликлиникаи оилавии № 7 ноҳияи Мирзо Улуғбек шинос шуд.

Бори охир дар ин муассиса таъмири асосӣ соли 1991, таъмири ҷорӣ соли 2018 анҷом дода шудааст. Поликлиника барои табобати 250 нафар беморон дар як шабонарӯз пешбинӣ шуда, ҳоло ба 41 ҳазор нафар сокинони 8 маҳалла хизмат мерасонад. Шуъбаҳои физиотерапия, диагностикаи функсионалӣ, лабораторияи марказии клиникӣ, кабинетҳои эндоскопия, тадқиқоти рентгенӣ ва ултрасадо мавҷуданд.

Имрӯзҳо ҳайат 93 фоизи сокинони ба поликлиника вобасташударо муоина карда, барои бехтар намудани саломатии 5 518 нафар шаҳрвандон чораҳо андешиданд.

Сарвари давлат дастур дод, ки дармонгоҳ мувофиқи талаботи замон аз нав таъмир карда, барои аҳолӣ тамоми шароит фароҳам оварда шавад. Зарурати нав кардани таҷҳизоти куҳнашудаи диагностика зикр гардид.

--Бояд таҷрибаи навро ҷорӣ кард, ки ёрии амбулаторӣ ва статсионариро ба ҳам мепайвандад. Байни поликлиникаҳои оилавӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ бо роҳи гузаштан ба низоми хидматрасонии хушсифату арзон ба аҳолӣ рақобати солимро ташаккул додан лозим, -- таъкид намуд Президент.

Дар ин ҷо дар бораи фаъолияти муассисаҳои тиббии ноҳияи  Мирзо Улугбек маълумот дода шуд.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: