Расми духтарак

Ҷавоне ба хидмати ҳарбӣ рафт.

Ҷавоне ба хидмати ҳарбӣ рафт. Маъшуқааш ба ӯ нома навишт;
«Азизам, аз ман хафа нашав, маро фаромӯш кун. Мо бо ҳам намешавем.
 Мабодо  барои ман шуда ба худат ягон кору ҳол накунӣ?
 Дар ту як расми ман буд, ҳамон расмро дарронда парто. Хайр...»
Пас аз 1 ҳафта ба духтар мактуби ҷавобӣ омад. Лифофаро кушода дид, ки дар он 1 хат ва 50-то расми духтар ҳаст.
Дар хат чунин навишта шуда буд:
«Азизам, маро бубахш, аз хотирам баромадаӣ, аз байни ин расмҳо сурататро пайдо карда, худат  даррон».

ГЕНЕРАЛ

Камандир:
– Аскари оддӣ Мухторов, як қадам ба пеш!
Дирӯз боз арақ нӯшида омадед. Агар арақнӯширо партоед, ба шумо унвони сержантиро медиҳам.
– Э ба ман сержантӣ лозим нест.
Зеро ман баъди нӯшиданам, худамро генарал ҳис мекунам.

«БА ШУМО РАФТААМ»

Падар аз писар пурсид:
– Бачем, хонданҳоят чӣ хел? Баҳоҳоят ҳамааш аълост?
– Не, якто-дуто ду ҳам дорам.
Падар дарғазаб шуда гуфт:
– Ту ба кӣ рафтаӣ. Акаҳоят фақат бо баҳои «5» мехонданд?!
– Ман дадаҷон, ба шумо рафтаам, – ҷавоб дод писар.    

Таҳияи 
 Д. ДАРВЕШ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: