РАСОНАҲОИ АХБОРИ ОММАВИИ ХОРИҶӢ ДАР БОРАИ ҶАШНВОРАИ САНЪАТИ БАХШИГӢ ДАР ТИРМИЗ

Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ, ки дар шаҳри Тирмиз мегузарад, ҳамчун яке аз чорабиниҳои муҳими олами санъат боиси рағбати ҷомеаи байналхалқӣ мегардад.

Ба ин муносибат дар бораи ҷашнвора ва чорабиниҳое, ки дар доираи он баргузор мешаванд, дар воситаҳои ахбори оммавии  хориҷӣ хабару мақолаҳои гуногун рӯйи чопро мебинанд.
Аз ҷумла, дар нашрияи интернетии «Страна»-и Украина мақолае таҳти унвони «Дар Ӯзбекистон бузургтарин сӯзанӣ дӯхта шуд» чоп шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки: «Рӯзҳои 5-10 апрел ба муносибати Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ, ки дар Тирмиз баргузор мегардад, дар Ӯзбекистон сӯзании дар дунё бузургтарин омода карда шуд».
Дар мақола бобати таърих ва дӯхта шудани сӯзанӣ, ин навъи ҳунар, фаъолияти дӯзандагон, ҷашнвора ва ҷараёни он маълумоти муфассал дода шудааст. 
Дар портали ахбори «Yenicag»-и Озарбойҷон вобаста ба ин мавзӯъ хабаре эълон гардидааст, дар он гуфта мешавад, ки дар минтақаи ҷанубтарини Ӯзбекистон, дар шаҳри Тирмиз, ки дорои анъанаҳои ба худ хоси санъати қадима мебошад, ҷашнвораи байналхалқии  бахшигӣ гузаронида мешавад. 
«Дар ин чорабинӣ, ки таҳти васояти ЮНЕСКО баргузор мегардад, аз беш аз 20 давлат тақрибан 60 нафар иҷрогарон иштирок мекунанд. Ба мақсади дар матбуот равшан кардани ин чорабинии муҳими олами санъат аз 18 давлати ҷаҳон зиёда аз 250 журналистон ташриф овардаанд. Меҳмонон ҳамчунин мавзеъҳои таърихии Сурхондарё, аз ҷумла Фаёзтеппа, Кампиртеппа, зиёратгоҳҳои Султон Саодат ва Ат-Тирмизӣ, ҳамчунин бисёр ҷойҳои диданиро имкони тамошо кардан доранд», гуфта мешавад дар хабари «Yenicag».
Рӯзномаи «Женмин жибао»-и Чин дар саҳифаҳои худ дар байни хабарҳое, ки ба воқеаву ҳодисаҳои муҳими байналхалқӣ бахшида шудаанд, дар бораи ҷашнвораи аҷибу нотакрори воқеъ дар шаҳри Тирмиз ҳам маълумот додааст. Дар мақола аз ҷумла гуфта мешавад: «Ин чорабинӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бори нахуст гузаронида мешавад. Ҷашнвора барои дар рӯҳи эҳтиром ба суннатҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон, беш аз пеш мустаҳкам кардани робитаҳои фарҳангии байни халқҳо ва чандин ғояҳои нек хидмат хоҳад кард. Дар доираи он конфронсҳои гуногуни илмӣ ва вохӯриҳои эҷодӣ низ гузаронида мешаванд. Ба чорабинӣ тайёрии зиёд дида шудааст. 
Дар бораи таърихи бахшигӣ, мактабҳои махсуси ин навъи санъат китобҳои илмиву оммавӣ чоп шудаанд. Дар ҷашнвора намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳам дар байни вакилони бисёр давлатҳо иштирок доранд». 
Тафсилоти ин ҷашнвораи байналхалқӣ дар воситаҳои ахбори оммавии хориҷӣ, аз ҷумла «Trend az», «Казинформ», «БелТа», «REGNUM», «Daily Sabah», «Devdiscourse», «AKI Press» низ ҷой дода шудаанд.

З. МИРЗАБОЕВА, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: