РАССОМӢ – ШУҒЛИ ХОНАНДАГОН

Тибқи 5 ташаббусе, ки аз тарафи Президент ҷорӣ гардида буд, ин рӯзҳо дар мактабҳои таълими умумӣ баҳри рӯи об баровардани истеъдодҳои ҷавон як қатор ташаббусҳо ба амал омада истодаанд.

Тибқи 5 ташаббусе, ки аз тарафи Президент ҷорӣ гардида буд, ин рӯзҳо дар мактабҳои таълими умумӣ баҳри рӯи об баровардани истеъдодҳои ҷавон як қатор ташаббусҳо ба амал омада истодаанд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки шогирдон вақти холии худро бесамар нагузаронида, тибқи завқу шавқи худ машғулиятҳояшонро  идома мебахшанд.  
Давраи карантин баробари он ки сабру бардошти ҳамаро аз санҷиш гузаронд, сабабгори он шуд, ки бисёр наврасону ҷавонон ҳунару маҳорат ва истеъдоди худро сайқал диҳанд. Исботи ин гуфтаҳоро мо дар мисоли шогирдони мактаби таълими умумии рақами 52-юми ноҳияи Сариосиё баръало дида метавонем. 
Шогирдони мактаби мазкур баробари он ки дарсҳои онлайнро аз худ намоянд, дар озмунҳои гуногун низ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок намуда, сазовори таҳсину офаринҳо низ гаштаанд.
Бояд гуфт, яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаи хонандагони мактаб сураткашӣ мебошад. Онҳо дар жанрҳои гуногун, аз қабили манзара, натюрморт, миниатура маҳорати худро сайқал медиҳанд. Шогирдоне чун Рухшона Маҳмадраҷабова, Парвез Сайфуллоев, Марҷона Исмоилова, Ганҷина Ҳайитбоева, Фатҳия Зарифова, Мавзуна Муҳаммадова, Шаҳло Турсунова, Шабнам Мелиқулова, Парвина Мелиқулова, Сарвиноз Ҳайбуллоева суратҳои хеле зебову ҷолиби диққат кашидаанд, ки дар озмунҳои байнимактабӣ ва ноҳиявӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Шогирдони мактаб оид ба фанни санъати тасвирӣ таҳти роҳбарии омӯзгор Гулнора Саъдуллоева завқу шавқи беандоза доранд. Онро метавон аз намунаҳои маҳсули дастиашон пай бурд. Махсусан, дар ҳар ҷашну чорабиниҳо шоҳиди он мегардам, ки оро додани ҳар гуна шиору овезаҳо ба зиммаи ин шогирдони эҷодкор меафтаду суратҳои кашидаашон мақбули ҳамагон низ мегардад.
Умед аст, онҳо ба сифати идомадиҳандаи кори рассомони машҳур Камолиддин Беҳзод, Леонардо да Винчи, Ӯ. Тансиқбоев ва дигарон бо эҷоди асарҳои рангин табъи ҳамагонро болида хоҳанд гардонд.

Шукрона ҒАФУРОВА, 
донишҷӯи Донишгоҳи 
давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: